Муколама дар хусуси инкишофи санъати кино

№149 (3943) 15.12.2018

Бо ташаббуси Институти Марказии минтақавии Осиё (қароргоҳаш дар шаҳри Бишкек) дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Кинематография дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ: ҳолат, анъана ва инкишофи он» мубоҳиса гузаронида шуд. Дар он раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, муовини директори киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев, собиқадори кинои тоҷик Ҷамшед Раҳматов, номзади илмҳои таърих Маҳмадулло Табаров, киношиносон, режиссёрони кино ва дигарон иштирок доштанд.

Чорабиниро мутахассиси барномаи Институти Марказии минтақавии Осиё дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизис­тон Токтобек Омокеев оғоз намуда, баъдан корманди пешбари Институти омӯзиши масъалаҳои мамлакатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳаққиқи кино, номзади илмҳои таърих Шарофат Арабова ҳолати соҳаи кино дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманис­тон бозгӯйӣ кард. Дар идома порчаҳо аз филмҳои бадеии истеҳсоли киностудияҳои кишварҳои зикршуда нишон дода шуд.

Сипас, миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт. Бахусус, пешниҳодҳои раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сайфулло Сафаров баҳри беҳбудӣ ва инкишофи кино хеле ҷолиб буданд.

Зимни суҳбатҳо «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022» ва 90-солагии ҷашни кинои тоҷик, ки соли оянда таҷлил мешавад, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Т. Фаррухпай,