Аз ҳаёти бузургон

Мукотибаи нобиғаҳои давр чиро мунъакис намудааст?

№51 (4471) 26.04.2022

Без имени-1Устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ бо ҳам муносибати наздик доштанд. Онҳо на танҳо аз ҳаёти оилавии ҳамдигар бохабар буданд, мушкилоти ҳамдигарро ҳал мекарданд, балки масъалаҳои муҳими адабиёт ва даврони пурошӯби зиндагияшонро бо ёрии ҳамдигар ҳаллу фасл менамуданд. Яке аз сарчашмаҳое, ки гувоҳи гуфтаҳои болост, мукотиботи ин абармардони адабиёт аст. Мактубҳое, ки онҳо ба ҳамдигар навиштаанд, дар китоби «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» гирд омадаанд, ки соли 2003 нашриёти «Деваштич» чоп кардааст.

Муаллифи сарсухан академик Муҳаммад Осимӣ аҳамияти баланди илмиву адабӣ доштани мактубҳоро зикр карда, навиштааст: «Аз мактубҳо чунин ба назар мерасад, ки онҳо чӣ дар пешаи адабӣ ва чӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ҳамеша нисбат ба худ ва дигарон серталаб будаанд. Аз ҳар як мактуби онҳо ҳамин серталабӣ ба ҳамдигар, серталабӣ нисбат ба эҷоди якдигар, дар зимни ғамхории доимӣ бо назари танқид муносибат кардан ба асарҳои якдигар пай бурда мешавад. Онҳо ҳамеша фурсатро ғанимат донистаанд ва ҳар дақиқаи зиндагии пурсамари худро ба манфиати мардум, ба манфиати ҷамъият истифода кардаанд».

Мактубҳои устод Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, воқеан ҳам, хонданбоб ҳастанд. Ҳар касе, ки онҳоро мутолиа мекунад, бо ҳаёти шахсӣ, табодули афкор, эҷод, вазъияти он даврон ошно мегардад.

Лоҳутӣ дар оғози ҳар мактуб «устоди бузургвор», «рафиқи муҳтарам ва устоди муаззам», «устодҷон», «фозили муҳтарам»… гӯён ба Садриддин Айнӣ муроҷиат мекунад. Дар охири ҳар мактуб низ Абулқосим Лоҳути эҳтироми худро ба таври «дӯст ва шогирди шумо Лоҳутӣ», «бо салому иродат, Лоҳутӣ», «бо салом ва эҳтироми тамом»… иброз медорад.

Устоди Айнӣ низ иродати худро дар мактубҳо нисбат ба Лоҳутӣ ин гуна баён месозад: «рафиқи азиз, Лоҳутии мо», «рафиқи шафиқ, муҳтарам Лоҳутӣ», «фозили муҳтарам», «рафиқ Лоҳутӣ»…

Аз мукотибот маълум мегардад, ки ҳангоми ба мушкил мувоҷеҳ шудани устод Айнӣ, Лоҳутӣ ӯро ҳимоя намудааст. Бо кӯшиш ва талоши Лоҳутӣ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ дар шаҳри Москва чоп мешавад. Лоҳутӣ барои таблиғи китоб ва муаллифи он ҳамеша талош меварзад. Далели ин гуфтаҳо мактубест, ки устод Лоҳутӣ 22 августи соли 1927 ба Садриддин Айнӣ навиштааст: «Як ҳафта аст, ки дар Ленинград ҳастам ва ду рӯзи дигар ба Маскав меравам. Дар ин ҷо бо донишманди муҳтарам Бертелс мулоқот кардам. Бисёр хушам омад. Марди фозил ва устоди қодир аст. Тамоми забонҳои Шарқ ва тақрибан ҳамаи забонҳои Ғарбро монанди забони модарӣ медонад ва аз таърих ва тамоми ҷузъиёти онҳо бохабар аст. Дар хидмати ишон махсусан аз мақоми фазлу устодии Шумо гуфтугузор кардем. Бисёр шод аст ва аз Шумо мамнун, ки ба воситаи «Намунаи адабиёти тоҷик» басо аз шоирони Осиёи Миёнаро шинохта ва аз чоп шудани чунин китобе бисёр розӣ ҳастанд».

Ҳамон замон овозаи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» берун аз хоки Иттиҳоди Шӯравӣ меравад. Қимати илмиву бадеии китоб баръалотар мегардад. Абулқосим Лоҳутӣ дар мактубе, ки 4 декабри соли 1927 аз Москва ба устод Айнӣ фиристодааст, ин гуна менависад: «Устоди муҳтарам Айнӣ! Намояндагони Эрон ва мудирони рӯзномаҳо ва вакилони маҷлис, ки омада буданд, беандоза аз судмандии «Намунаи адабиёти тоҷик» хурсанд буданд ва борҳо дар хусуси ин китоб ва заҳматҳои Шумо дар тараққии адабиёти тоҷикӣ баҳс карданд. Мегуфтанд, ки ҳама кас дар Эрон орзуи дидани ин китобро дорад».

Садриддин Айнӣ ба миллати хеш хидматҳои арзанда кардааст. Яке аз онҳо пайдо кардани оромгоҳи Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Пайдо кардани марқади шоир кори осон набуд. 24 ноябри соли 1940 устод аз Самарқанд ба Москва ба Абулқосим Лоҳутӣ мактуб менависад ва аз пайдо шудани марқади Рӯдакӣ хабар медиҳад. Устод Айнӣ дар он мактуб менависад: «Воқеаи наве, ки имсол дар таърихи адабиёти форс-тоҷик рӯй дод, ёфт шудани деҳаи Рӯдак (ҷои таваллуди устод Рӯдакӣ) ва қабри Рӯдакӣ аст. Маълум аст, ки то ҳол дар байни аҳли таърих ва тазкираҳо ихтилоф буд, ки Рӯдакӣ аз Бухорост ё Самарқанд. Ман дар вақти навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» фикри аввалиро тарҷеҳ карда будам. Аммо имсол, ки дар бораи Рӯдакӣ мақола навиштам, ба асоси як манбаи арабӣ, ки ривояти худро аз Идрис ном нақл мекунад, қарор додам, ки аз Самарқанд аст ва ин Идрис Астарободӣ буда, умри худро дар Самарқанд гузаронидааст ва дар ин ҷо пас аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст, ҳам таърихи Астаробод ва ҳам таърихи Самарқандро навиштааст. Идрис мегӯяд, ки Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак аст. Ҷои дигар мегӯяд, ки қабри Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак аст, ки яке аз қарияҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст.

Аммо намедонам, ки ин Панҷрӯдак ва Рӯдак дар куҷои Самарқанд бошад. Профессор Семёнов, ки имсол дар ин бора мақола навишт, дар мақолаи худ қайд кардааст, ки Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15 километрии шарқи Самарқанд аст. Аммо ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд ба ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдак аз Панҷакат ёфт мешавад. Ин сухан зоҳиран ҳазл бошад ҳам, ба ақидаи худам ҷиддӣ буд ва бинобар ин ба ҳамин асос тадқиқот бурдам».

Аз намунаҳое, ки дар боло овардем, маълум мегардад, ки мактубҳои Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ саҳифаҳоеро аз таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри ХХ бозгӯ мекунанд.

Хуршеда Отахонова дар бораи мукотиботи ин абарустодони адабиёти муосири тоҷик навиштааст: «ҳаёти шахсии одамони бузург аз ҳаёти ҷамъиятиашон ҷудонашаванда буда, он аҳамияти таърихӣ, адабӣ ва тарбиявӣ дорад. Ҳар чизе ки аз зери қалами ин нобиғаҳои давр таровидааст, як ҷиҳати ҳаёти онҳо, хислатҳои инсонӣ, муносибати онҳоро ба аъзои оила ва атрофиён мунъакис менамоянд».

ВОРИС,

«Садои мардум»