26 майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги маънавиии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков ва муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Елена Миловзорова ба ҳозирин бобати зарурати рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар намуданд.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи фарҳанг қаноатмандӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд. Мусаллам аст, ки баргузории чунин чорабинӣ дар сатҳи расмӣ барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии ду кишвар саҳми калон мегузорад.
Шоми ҳамон рӯз дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зери садои карнаю сурнай маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Қабл аз оғози чорабинӣ муаррифии намоиши суратҳо таҳти унвони «Симои Россия» баргузор гардид, ки дар он ҳаёти мардуми рус, манзараҳои табиати ин мамлакат, мавзеъҳои таърихӣ ва биноҳои боҳашамати ин кишвар ба маърази намоиш гузошта шуд.
Маросими тантанавӣ дар толори театр бо садо додани Сурудҳои миллии ду кишвар ва суханронии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков ва сарвари ҳайати меҳмонон муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Елена Миловзорова сурат гирифт.
Ш. Орумбеков нахуст меҳмононро хайра мақдам гуфта, баргузории ин маъракаи фарҳангиро далели возеҳи дар сатҳи хуб қарор доштани равобити дӯстона миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ дар бораи муносибатҳои дуҷониба, мақсаду ҳадафҳои ин чорабинӣ сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки мардуми тоҷик дар ҳама давру замон ба забони русӣ ва ба халқи баландфарҳанги Россия муносибати хосса доштанд. Ин аст, ки тибқи дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба омӯзиши забони русӣ эътибори ҷиддӣ дода шудааст ва он забони муоширати байни миллатҳо маҳсуб меёбад.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Елена Миловзорова баргузории Рӯзҳои фарҳанги маънавии кишварашро ба аҳли нишаст муборакбод гуфта, паёми табрикотии вазири фарҳанги Федератсяи Россия Владимир Ростислалович Мединскийро қироат намуд. Дар паёми табрикотӣ омадааст, ки доир гардидани ин чорабинии фарҳангӣ баёнгари сатҳи хуби муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар буда, робитаҳои таърихиву фарҳангии дуҷониба аз замонҳои пеш маншаъ мегиранд.
Баъд аз анҷоми суханрониҳо барномаи консертии муштараки Россияву Тоҷикистон таҳти роҳбарии дирижёри шинохта Сергей Кондрашёв ва оркестри симфонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарпешаҳо Наталя Дмитриевская, Сайфулло Юсуфов, Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Россия Юрий Лаптев, Ҳунарпешаи шоистаи Россия Алексей Кошванетс, овозхонон Шарофат Усмонова, Вадим Руденко ва дигарон баргузор гардид.
Бояд гуфт, дар доираи ин тадбири муҳими фарҳангӣ 27 май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии ҳунармандон бо донишҷӯёну омӯзгорон ва дарси устоду шогирд баргузор гардид.
Ҳамзамон дар саҳнаи Театри давлатии русии драмавии Тоҷикистон ба номи Владмир Маяковский намоишномаи «Ҷангал»-и А. Островский намоиш дода шуд.
28 майи соли равон иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия аз НБО-и «Норак» ва китобхонаи «Дӯстии халқҳо» дидан намуда, композитсияи адабӣ-мусиқиро бо шеъру сурудҳо дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешкаши ҳаводорони фарҳанг карданд.
Илова бар ин, ҳайати фарҳангии Россия аз мавзеъҳои тамошобоби кишвар, аз ҷумла дараи зебоманзари Варзоб, «Боғи Ирам», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Маросими анҷоми Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 май дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо барномаҳои рангини консертӣ, аз ҷумла лоиҳаи-Арт «ТЕНОР — АСРИ ХХ1» доир гардид.
Бояд гуфт, ки баҳри баргузории Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати 45-нафараи арбобони шинохтаи фарҳангу санъат, мусиқинавозон, овозхонҳо, ҳунарпешаҳои театру опера ташриф оварда буданд.
Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»