Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» сазовори ҷоизаи «Касбияти журналистӣ» гардид

№61 (4323) 06.05.2021

DSC_9757Озмун ба хотираи журналист Отахон Латифӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи рӯзноманигорони «Медиа — Алянси Тоҷикистон» дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии  матбуот — 3 май эълон шуд.

Дабири кулли Ассотсиатсияи рӯзноманигорони «Медиа — Алянси Тоҷикис­тон» Абдумалик Қодиров зимни эълони ғолибон иброз дошт, ки соли равон барои дарёфти ҷоиза 25 нафар довталаб будаанд.

Ва бояд гуфт, ки муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов аз миёни рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ аввалин нафарест, ки сазовори ҷоизаи «Касбияти журналистӣ» ба номи Отахон Латифӣ дониста шуд.

Ҷоиза ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки касбияти баланди журналистӣ дошта, масоили доғи рӯзро инъикос ва ба ҳалли мушкилоти мардум мусоидат менамоянд. Инчунин, манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, баҳри расидан ба адолати иҷтимоӣ ҳисса мегузоранд.

С. САЙФИДДИН,

 «Садои мардум»