Муродалӣ Маҳмадалиев аз соли 1990 то соли 2000 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат дошт. Номбурда яке аз хоҷагидорони машҳури кишвар маҳсуб ёфта, собиқаи хуби роҳбарию хоҷагидорӣ дорад. Соли 1983 ӯро директори совхози боғу токпарварии «Чормағзак» таъин карданд. Аз соли 1988 то ҳол сарварии хоҷагиеро бар уҳда дорад, ки таи ин солҳо борҳо таҷдид гардидааст. Дар даврони шӯравӣ он колхози «Коммунизм» унвон дошт, баъдан, аз соли 1990 хоҷагии фермерии ба номи Фирдавсӣ, аз соли 2000-ум то инҷониб бо номи Кооперативи истеҳсолии ба номи Авалмурод Кенҷаев фаъолият дорад. Хизматҳои М. Маҳмадалиев бо ордени «Шарафи меҳнат» (соли 1985), Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (соли 1989), Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2013), чандин ифтихорномаю раҳматномаҳо қадрдонӣ шудааст. Барои саҳми арзанда дар тараққии соҳаи маориф — бунёди боғчаҳои бачагона ва таълимгоҳҳо, ҳамчунин, бо унвони Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Алҳол, агарчӣ корҳои хоҷагидориро бо ҳамкории фарзандонаш пеш мебарад, маслиҳатгару роҳнамои асосии онҳост. Дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба дидорбинии ин пири кор рафтем. Ҳини иштирок дар иҷлосия 42 сол дошт, айни ҳол ба синни 73 расидааст. Аз диданамон хушҳол шуд. Суҳбатамон оид ба ҳолу аҳвол, корҳои хоҷагиашон ва зиндагии имрӯза ҷараён гирифт. Дар бораи хоҷагидорӣ ва таҷрибаю комёбиҳояшон борҳо тавассути рӯзнома ҳикоят кардем. Зимни суҳбати навбатӣ аз рӯйдоди таърихӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт:
- Қадамҳои аввалин барои рӯзгори имрӯзаи тинҷу обод дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ 30 сол пеш гузошта шуд. Ба андешаи ман, агар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор намегардид, давлати мо пош мехӯрд. Иродаи матини вакилони ҳамондавра, масъулиятшиносии эшон буд, ки мо қарзи худро дар назди халқу Ватан иҷро кардем ва нагузоштем, ки якпорчагии давлати Тоҷикистон вайрон шавад,- гуфт ҳамсуҳбатамон ва афзуд: — Ҳарчанд ин кор хеле душвор, фишороварӣ ва нобоварӣ байни якдигар зиёд буд. Мо — вакилон ва дигар ҳозирини иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд якдигарро фаҳмидем ва ба як қарор омадем.
Вақте ки дар шаҳри Хуҷанд он рӯйдоди муҳим ҷараён мегирифт ва вакилони мардумӣ роҳҳои ба эътидол овардани кишварро меҷустанд, дар шаҳри Ваҳдат як гурӯҳи яроқнок вазъиятро ноором карданд. Ин хабарро вакили мардумӣ Муродалӣ Маҳмадалиев ба иштирокчиёни иҷлосия расонда, хоҳиш намуд барои рафъи ҳодиса чораҳои таъҷилӣ андешанд. Раёсати иҷлосия ва вакилон зуд аз паи андешидани тадбир шуданд ва пеши роҳи ҳодиса гирифта шуд. Баъд аз иҷлосия раис таври оҷил ба шаҳри Ваҳдат омад ва бо мардум мулоқот карду баҳри рафъи мушкилоти бамиёномада камар баст.
Андешаҳои Муродалӣ Маҳмадалиевро роҷеъ ба қарору қонунҳои дар иҷлосия қабулшуда пурсидем. Гуфт, ки кори аз ҳама бузурге, ки мо — вакилон анҷом додем, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва афзуд: «Ин масъулияти бузурге буд дар назди таърих ва хушбахтона, мо хато накардем. Бо вуҷуди он ки нобовариҳо низ зиёд буданд, аммо ин ҷавонмарди миллатдӯсту далер ва ватанпараст таваккал ба Худо карда, ба кор шурӯъ намуданд. Имрӯз, бубинед, ки мо ба чӣ қадар комёбиҳо муваффақ шудем. Давлати мо дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кард, Ватанамон рушду тараққӣ ёфт, муҳимтар аз ҳама, сулҳу осоиштагӣ ба даст омад. Президент ва халқ бори дигар исбот карданд, ки тоҷикон воқеан ҳам сулҳдӯсту хирадпешаанд. Мардуми мо аслан ғосибу ҷангпарвар нест. Моро қувваҳои носолими бегона шӯр андохтанд, вале ақли солим боло гирифт ва Худо ба мо сулҳу оромӣ ва чунин Сарвари оқилу шарафмандро ато кард. Имрӯз низ мо бояд дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, зеро хатарҳои ҷаҳони муосир зиёданд. Дар ҳамбастагию якдилӣ метавонем музаффариятҳои соҳибистиқлолиро ҳифз ва комёбиҳоро афзун намоем».
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»