Аз рӯзгори одамони наҷиб

Ӯ муроди дили мост

№26 (4609) 17.02.2023

Худоиев МуродасенЯк сабад гулҳои пур аз накҳати шодбошии дӯстону шогирдон, ба истиқболи фарорасии ҳаштодумин баҳори умри арбоби шинохтаи сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, собиқ мудири шуъбаи иҷтимоиву иқтисодии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (1974-1991), мудир ва бунёдгузори кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992-1999), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон (2000-2005), ёвари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2010) Худоиев Муродасен Назарович.

Ӯро беш аз шаст сол боз бо номи Мурод Назарович донишмандону фозилон ва фарҳангиёну сиёсатмадорони кишвар мешиносанду ба эътибори баланди илмиву фарҳангӣ ва сиёсиаш арҷ мегузоранд. Замони шӯравӣ, ки Тоҷикистон миёни понздаҳ кишвари Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷойгоҳи баланд буд, ин донишманди фарҳехтаи миллат бо мақому манзалати хеш миёни арбобони илму фарҳанг ва роҳбари Ҳизби коммунисти вақт обрӯву эътибори баланд дошт.

Таълифоти пурмуҳтавои илмиаш оғози солҳои ҳафтодуми асри гузашта, дар риштаи иқтисоди сиёсӣ, ки сутуни иқтисодиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт, баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Китоби илмӣ-назариявии «Факты против фальши», ки Мурод Назарович муҳаррири масъули илмии он буд эътибори илмии ӯро миёни олимони шинохтаи иқтисоддон боло бурд. Талошҳояш дар шоҳроҳи илми иқтисодӣ – сиёсии шӯравӣ ӯро аз донишгоҳ  ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистӣ оварданд. Дар ин даргоҳ то соли 1991 вазифаҳои пурмасъули давлатиро бар дӯш  дошт. Новобаста ба мақоми баланди сиёсӣ, дар қатори даҳҳо олимони шинохтаи илмӣ лаҳзае фориғ аз кори таълиму тадрис набуд.

Бо зарурати таърихӣ Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ҳамакнун муносибатҳои нави иқтисодӣ, воридшавӣ ба шакли нави иқтисодӣ, мутахассисони варзидаи иқтисоди сиёсиро водор сохт, ки раванди рушди иқтисоди кишварро дар шакли нави давлатдорӣ ба роҳ андозанд. Мурод Назарович дар замони нави дигаргуниҳои иқтисоди бозоргонӣ, бо дониши баланди илмӣ ва таҷрибаи бузурги корӣ, дар факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро бунёд гузошт. Бо ибтикори ин донишманди соҳибэҳтиром ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии Тоҷикистони соҳибистиқлол кафедра беҳтарин донишмандони илми иқтисодро ба кор даъват намуд. Дар натиҷа, нахустин қадамҳои раванди иқтисоди байналмилалии Тоҷикис­тони соҳибистиқлол гузошта шуд. Ҳамин тавр, соли 1994 дар замони душвори сиёсиву иқтисодии кишвар, Мурод Назарович роҳбарии ин кафедраи тақдирсозро ба дӯш гирифта, дар самти иқтисоди байналмилалӣ шогирдони зиёд тарбия намуд.

Баъди ду соли кашмакашҳои сиёсӣ, бо қадами Ҳукумати конститутсионӣ, ки баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд рӯи кор омад Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин мулоқоташон моҳи феврали соли 1993 бо мардуми Тоҷикистон гуфта буданд: «Ҳукумати нави конститутсионии кишвар дар назди хеш вазифа гузоштааст, ки тамоми гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонда, кафолати амнияту осудагии мардуми саросари кишварро дар баҳои тамоми ҳастиаш таъмин хоҳад намуд. Мо Тоҷикистонро худамон, бо дастони худамон, аз нав дар шакли нави мардумӣ месозем. Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон хоҳад гардид».

Нахустин гуфтушунидҳо бо  неруҳои он шабу рӯз оштинопазир дар шаҳри Хоруғ ба миён омад. Устод Мурод Назарович яке аз ҳампаҳлуҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки борҳо дар ин сафарҳои тақдирсози кишвар иштирок намуда, дар роҳи сулҳу суботи миллии кишвар саҳми арзанда гузошт. Ӯ бо ифтихори зиёди ватандорӣ аз ҷасорату ватанхоҳӣ ва ватансозии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шогирдон қиссаҳо намуда, худро аз пайравони мактаби ватансозии ӯ медонад. Мактаби бузурги садоқати ватандорӣ ва ватанхоҳиву башардӯстиаш миёни шогирдон ва ҳамкорон бо номи мактаби садоқати ватандории Пешво овозадор аст.

Солҳои 1994 — 1997, ки давраҳои душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буд, Мурод Назарович ҳамеша машғули дарс гуфтан буду барои омода намудани  маводи таълимӣ ва дастуру китобҳои роҳнамои  донишҷӯён заҳмат мекашид. Шояд дар он шабу рӯз ӯ ягона нафаре буд, ки дар баҳои ҷон ба хотири фардои дурахшони кишвар тарбияи шогирдонро ба роҳ монд. Таълими онҳоро қарзи хеш медонист.

Силоҳбадастони аз майдони оташу хун беруншуда гоҳ-гоҳе ба хотири баҳои касеро гирифтан ба донишгоҳ омада, бо таҳдиду зӯрӣ устодонро  истинтоқ мекарданд. Ҳамин буд, ки бисёре аз устодон бо баҳонае аз омадан ба дарс худдорӣ менамуданд. Устод Мурод Назарович дар ҳамон рӯзҳои сангини хатарзо баъзе рӯзҳо ба ҷои ду — се муаллим ба шогирдон дарс медод. Ҳамин тавр, кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳро нигоҳ дошт. Шӯрои илмӣ ташкил намуд. Бисёр шаҳрвандон дар он рӯзҳои душвори иқтисодӣ — сиёсӣ бо дастгирӣ ва ғамхории падаронаи ӯ рисолаҳои илмӣ дифоъ намуда, ҳаёти хешро чун устодашон ба тарбияи шогирдон ва шукуфоии кишвар бахшиданд. Барои ошно гардидан ба шаклҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ коромӯзони факултет ва кафедраро баъди хатми аспирантура зарурати дар хориҷи кишвар таҳсил намудан ба миён омада буд. Ҳамин зарурат ва масъулияти баланди ватандорӣ ӯро водор намуд, ки ҷиҳати таҳсил ва ба омӯзиш фаро гирифтани шогирдон дар хориҷи кишвар забони англисиро омӯзанд. Бо ҳамин хотир, дар роҳи омӯзиши забони англисӣ ба шогирдон, талошҳои зиёде намуд. Беҳтарин устодони забони англисиро ба кафедра ҷалб кард. Дар андак муддат сатҳи забондонии шогирдон баланд бардошта шуд. Ҳамин тавр, баъди аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дарвозаҳои илм дар хориҷи кишвар ба рӯи шогирдон боз гардид. Соли 1997 бо ибтикори профессор, муаллима Г. Б. Бобосодиқова курсҳои думоҳаи такмили ихтисоси риштаи иқтисодӣ дар донишгоҳи TWENTE-и Нидерландия ташкил шуд. Роҳбарияти донишгоҳ бинобар камбуди норасоии муаллимон ин таклифро рад намуданд. Устод Мурод Назарович ба хотири таҷриба андӯхтани шогирдон дар хориҷи кишвар, ба ҷои устодони ҷавон машғулиятҳои онҳоро ба зимма гирифт.

Ҳамин тавр, онҳо барои таҷрибаомӯзӣ ба Нидерландия фиристода шуданд, ки ин  нахустин қадамҳои устувор, дар риштаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикстон бо хориҷи кишвар буд.

Уфуқҳои нави илм кушода гардида, эътибори Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон дар хориҷи кишвар овозадор шуд. Минбаъд даҳҳо коромӯзони кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар хориҷи кишвар таҷриба андӯхтанд. Шогирдони устод Мурод Назарович имрӯз олимони шинохтаи кишвар ва берун аз кишвар мебошанд.

Доктори илми иқтисод, профессор, узви вобастаи АМИТ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Академияи муҳандисии Тоҷикистон» ва ноиби президенти Академияи байналмилалии муҳандисӣ Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳматулло Мирбобоев, номзади илмҳои иқтисод, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шермамад Ҷонмамадов, декани факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Иброҳимзода Илҳомуддин, дотсент Меҳтархон Содиқов, намояндаи ширкати «KazakhExport» дар Тоҷикистон Рамеш Худоиев аз ҷумлаи шогирдони устод Мурод Назарович мебошанд, ки ҳоло дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар фаъолияти пурсамар доранд.

Муаллифи беш аз 90 асари илмиву тадқиқотӣ мебошад. Бисёр тадқиқотҳои устод на танҳо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар хориҷа бо забонҳои англисиву русӣ нашр шуда,  ҳоло ҳам арзиши илмиашон побарҷост.

Донишманди сермаҳсул асарҳои илмиву тадқиқотии «Бахши буҷаи давлатӣ», бо ҳаммуаллифии собиқ вазири молияи Тоҷикистон С. Наҷмиддинов, «Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо ҳаммуаллифии академик Илолов М.И, китоби дарсии «Иқтисодиёти бозор» ва даҳҳо дастурҳои роҳнаморо  нашр ва дастраси хонандагон намудааст.

Ҳангоми фаъолият дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ҳаммуаллифии М. Ҳотам китоби таърихии «Вакилони халқ 1938-2010»-ро рӯи чоп оварданд. Ин китоби пурарзиши таърихӣ бозгӯи давлатсозии нави мо -тоҷикон дар замони шӯравӣ ва 20 соли соҳибистиқлолӣ мебошад.

Бо ҳама талошҳои ватанхоҳона ва муҳаббати ватандорӣ ин хирадманди пурэътибори миллат ҳанӯз беш аз чиҳил сол аст, ки моҳе як маротиба бо шогирдон вохӯрӣ намуда, ба онҳо аз муҳаббати ватандорӣ ва шукӯҳи илму маърифат машғулиятҳо мегузаронад. Дар ҳар вохӯриаш бо шогирдон зарурати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро таъкид мекунад. Ин забонҳоро дар муносибатҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ шарти аввали воридшавӣ  мешуморад. Чунин вохӯриҳои пурҳикмати устод уфуқҳои нави илми иқтисоди ҷаҳониро ба рӯйи шогирдон боз намудааст.

Дар фароварди ин гуфтаҳо суханони Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳтарам Ҳотамро, ки якҷо дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, мехоҳам биёрам, ки саропо муҳаббату самимият нисбат ба устод Мурод Назарович аст: «Бо Муродасен Назарович Худоиев, ки мо ӯро бо номи пурифтихори Мурод Назарович мешиносем аз соли 2000 то 2010, тақрибан даҳ сол дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкор будем. Ҳар ду дар котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ман ҳамчун мудири котибот ва М. Худоиев дар вазифаи ёвари раис ифои вазифа мекардем. Тайи ин даҳ соли ҳамкорӣ Мурод Назарович Худоиевро ҳамчун як инсони донишманду кордон, самимиву заминӣ, пухтакор, бо беҳтарин хислатҳои инсонӣ шинохтам. Бар дӯши Мурод Назарович ва ман ҳамчун кормандони котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон вазифа ва масъулиятҳои хеле мушкил вогузор буд. Мо бояд тамоми фаъолияти роҳбарияти Маҷлиси намояндагонро, аз ҷумла баргузории ҷаласаҳои иҷлосияҳо, шӯроҳои Маҷлиси намояндагон, мулоқотҳо бо сафирону ҳайатҳои парлумони кишварҳои хориҷӣ, сафарҳои хориҷии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайатҳои парлумонӣ, гузоришу баромадҳо, мақолаҳо барои матбуоти хориҷиву дохилӣ ва ғайраро омода мекардем. Бахши таҳияи маводҳо, сафарҳо барои иштирок дар ҷаласаҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Минск, Боку, Остона, Тошканд ва ғайраро ба забони русӣ М. Худоиев таҳия мекард. Ҳар маводе, ки ӯ барои нашр ё гузориш таҳия мекард, аз он саҳв ёфта намешуд.

Ашрофнамову бовиқор як инсони самимӣ, хоксору фурӯтан, рафиқи меҳрубону ғамгусор мебошад. Хеле қаноатманд ҳас­там, ки чанд муддат бо чунин инсони донишманду хирадманд, рафиқи меҳрубону ғамхор ҳамкор будам. Ҳангоми фаъолият аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтаам».

Оре, ӯ муроди дили садҳо мову манҳои ватанхоҳ буда, номаш дар равоқи тиллоии миллати тамаддунсози тоҷик ба абадият сабт гардидааст. Хидматҳои пурарзиши ин донишманди соҳибэҳтиром ва ватанхоҳу башардӯст бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои ба номи академик Р. И. Вавилов, Инқилоби Октябр, орденҳои Иттиҳод (Содружество) ва Байрақи сурхи меҳнат қадр  шуда, номи поку пурифтихораш дар қатори беҳтарин иқтисоддонҳои кордону бомаърифати кишвар вирди забонҳост.

Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА,

журналист