Вақте сухан дар бораи насри тоҷик дар қарни ХХ ва оғози қарни XXI меравад, пеш аз ҳама, нависандагони шинохта монанди Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Абдулҳамид Самадов, Баҳманёр ва дигарон пеши назар меоянд. Дар ин миён Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Саттор Турсун истисно нест. Номбурда дар ҷодаи адабиёт муваффақона, зина ба зина пеш рафта, тавонист хонандаи худро пайдо намояд ва ба дили мардуми фарҳангдӯсту адабпарварамон роҳ ёбад.
Дар 26 — солагӣ узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ шуданаш баёнгари он мебошад, ки номбурда ба эҷодиёт бо азми қавӣ ворид гардидааст. Маҷмӯаи нахустини ҳикояҳояш «Дили гарм» (соли 1971), маҷмӯи қиссаву ҳикоя ва романҳояш «Сукути қуллаҳо» (соли 1974), «Камони Рустам» (соли 1976), «Аз субҳ то шом» (соли 1979), «Барф ҳам мегузарад» (соли 1983), «Дувоздаҳ ҳикоя» (соли 1986), «Се рӯзи як баҳор» (соли 1988), «Дарахти ҳазорсола» (соли 1991), «Садама» (соли 1994), «Санг дар бағал ба тӯфон» (соли 2002), «Чорбанди домангир» (соли 2011) низ далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Ӯ дар ҳақиқат аз байни мардум бархоста ва эҷодкори мардумист, зеро шодии мардум шодии ӯ ва дарду ранҷи мардум дарду ранҷи ӯст. Саттор Турсун бо офаридаҳои худ мардумист ва бо омилҳое, ки боиси дарду ранҷи мардуманд, меситезад, мубориза мебарад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов доир ба эҷодиёти ӯ чунин хулоса дорад: «Ҷиҳати аз ҳама хушоянди эҷодиёти Саттор Турсун он аст, ки ҳангоми мутолиаи повесту ҳикояҳои ӯ кас қаҳрамонҳояшро дар амалиёт дида метавонад, ба софии дилу ният ва идеалҳои онҳо бовар мекунад, аз пасашон қадам ниҳоданӣ мешавад», ки ин ҷанбаи эстетикӣ — ахлоқии осори адиб сазовори баҳои арзанда аст».
Фолклоршиноси маъруф, академик Раҷаб Амонов ба қобилияти ҳикоянависии номбурда баҳои илмӣ дода, навишта буд, ки «Саттор Турсун аз як ҳикоя то ҳикояи дигар пеш меравад ва хусусиятҳои ин жанрро беҳтар ва бештар аз бар мекунад. Образу характери занон, ҷаҳонфаҳмӣ, фикру андеша, муносибатҳои шахсию ҷамъиятии одамони гуногунхислат ва гуногунсолро ба таври бадеӣ таҷассум менамояд».
«Асари хуб ба инсон ҳикмати зиндагӣ, сабақи одамгарӣ меомӯзад, ӯро аз бадахлоқӣ ва сиёҳкориву рафтори ҳайвонӣ бозмедорад ва ба сӯи некномию ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд», — навиштааст адабиётшинос Абдушукури Абдусаттор.
Саттор Турсун баробари нависандаи баркамол будан, қалами нозуки таҳрир ва ҳунари хуби тарҷумонӣ дорад. Агар кор дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва «Фарҳанг» қалами таҳририи ӯро тез карда бошанд, тарҷумаи осори Ҷек Лондон, Л. Толстой, Ш. Андерсон, А. Беляев, И. Друтсэ, Э. Аъзамов, А. Упит, А. Ғаллоб хонандаи тоҷикро бо адабиёти ҷаҳонӣ шинос намудаанд. Абдулҳамид Самадов доир ба таҳрири ӯ навиштааст, ки «Устоди шодравон Убайди Раҷаб, сардабири беҳамтои маҷалла («Садои Шарқ») гоҳе моро огоҳ месохт, ки таҳрири воқеӣ мероси Пӯлод Толис аст ва пос доштани онро талаб менамуд. Тӯли даҳ соле, ки банда дар як дафтар бо Саттор менишастам, медидам, ки ӯ барои ба нашр омода кардани асарҳои нависандагон чӣ қадар ҷон мекоҳонад, ба онҳо таъбиру ибораҳои тару тоза ворид месозад».
Номбурда ба насли ҷавони насрнавис ҳаққи устодӣ дошта, бо ҳисси масъулият ҳанӯз ҳам бори суханро мекашад ва хазинаи насри адабиётамонро бо осори гаронбаҳои нав ба нави худ ғанитар мегардонад.
Шаҳноз МУҲАММАДИЕВА, сармутахассиси Муассисаи давлатиии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон