Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушкилкушои миллат

№26 (4922) 26.02.2025

 Илҳом аз Паём

 Бар халқ ёд додӣ одоби худшиносӣ,

Гуфтӣ ба миллати худ роҳи худошиносӣ.

Илму ҳунар бигуфтӣ роҳи наҷоти миллат,

Нашнуд ҳар кӣ пандат, бешубҳа ҳаст осӣ.

 Қадри Ватан ту донӣ, эй раҳкушои миллат,

Дар ҷисми мо ту ҷонӣ, мушкилкушои миллат.

 Тоҷики ноумедро аз чоҳи ғам раҳондӣ,

Дар тахти некномон рӯи ҷаҳон шинондӣ.

То каҳкашон расондӣ ту обрӯи меҳан,

Аз шаҳди бахту иқбол то халқро чашондӣ.

  Қадри Ватан ту донӣ, эй раҳкушои миллат,

 Дар ҷисми мо ту ҷонӣ, мушкилкушои миллат.

 Аз сулҳ ҳарф гуфтӣ бо лаҳни хубу ширин,

Аз дӯстиву ваҳдат гуфтӣ сабақ батамкин.

Аз доми ноумедӣ додӣ наҷот миллат,

Аз чанги худкушиҳо гардидаем эмин.

 Қадри Ватан ту донӣ, эй раҳкушои миллат,

Дар ҷисми мо ту ҷонӣ, мушкилкушои миллат.

 Имрӯз тоҷики ман бешубҳа бахтиёр аст,

Рӯи замин биҳиште ҳар гӯшаи диёр аст.

Ҷое расад қудумат, файзу баракат он ҷост,

З-ин рӯ диёри тоҷик имрӯз файзбор аст.

 Қадри Ватан ту донӣ, эй раҳкушои миллат,

Дар ҷисми мо ту ҷонӣ, мушкилкушои миллат.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»