Назари мутахассис

Мушкилот дар номгузории маҳалҳои аҳолинишин зиёданд

№5 (3485) 12.01.2016

Гузаштагони мо бар асоси нишонаҳо, хусусиятҳои ҷуғрофӣ, геологӣ, биологӣ ва этникии ҳар як маҳал, инчунин дар радифи номи рӯду дигар ёдгориҳои табиӣ маҳалли худро номгузорӣ мекарданд, ки ин мантиқан аз тамаддуни номсозии ҷуғрофӣ шаҳодат медиҳад.

Оид ба эҳё ва ҳифзи номҳои ҷуғрофӣ Сарвари маҳбуби мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 октябри соли 2012)  чунин зикр карда буданд: «Яке аз масъалаҳои муҳим барои таърихи миллат ин гирдоварӣ ва омӯзишу таҳқиқи дақиқи номҳои ҷуғрофӣ мебошад. Бар асоси таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишмандони хориҷӣ ва ватанӣ анҷом гирифтааст, ҳар як номи ҷуғрофӣ дар асоси манбаъҳои хаттӣ бояд мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шавад. Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамояд.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба таърихи хеш воқеъбинона назар кунем. Номҳои ҷуғрофии ҳар мавзеъ ва ҳар минтақа арзишмандтарин сарвати таърих ва мероси миллии ин сарзамин дониста мешаванд. Ин номҳо таърихи зиндаи миллат буда, бештари онҳо аз гузаштаи дур маншаъ мегиранд. Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки таҳқиқи илмии номҳои таърихию ҷуғрофиро ба роҳ монад».

Оре, вақте мо ба таъриху фарҳанги суннати номгузорӣ носипосӣ зоҳир мекунем, номҳои муқаддаси мо, ки пур аз маънӣ буда, оинаи таърихи мостанд, аз байн рафта, ҳатто дар баъзе мавридҳо, онҳо моли дигар забонҳо ва қавмҳо шуда метавонанд. Мисоли ҳузновари ин далелҳо дарёҳои Омуро «Амударё, Кешрӯдро Қашқадарё, Сирро Сирдарё, Фонро Фондарё, Чағонрӯдро Сурхондарё ва аз маҳалҳои зист Ҳалевардро Ҷиликӯл, Чағониёнро Турсунзода ва қаторкӯҳи Офтобрӯяро Туркистон хондану сабти ном кардан аст, ки имрӯз вирди забони мардум асту дар харитаҳои олам тасдиқ гардидаанд.

Мушкилоти дигари номгузорӣ дар кишвар пешниҳоди номҳои такрор мебошад. Аз қабили Истиқлол, Ваҳдат, Сомониён, Меҳнатобод, Навобод, Гулистон, Зарнисор, Шаҳристон, Ганҷрез, Зарафшон, Чаманоро ва ғайраҳо…

Дар аксар шаҳру ноҳияҳо имрӯз мехоҳанд номи маҳали онҳо Шаҳристон бошад, вале эшон фаромӯш набояд кунанд, ки Шаҳристон тибқи суннати номгузорӣ маъно, мавқеъ ва хусусияти худро дошта, дар фарҳангномаҳо шаҳри калонеро мегӯянд, ки он арк, қалъа дошта, гирдогирди онро девор иҳота кардааст.

Пешниҳоди ном барои деҳаҳои навбунёд ва тағйири номи маҳалҳои аҳолининшине, ки номгузории онҳо ба забони тоҷикӣ бегонаанд, мушкилоти дигар маҳсуб меёбад. Чунин номҳо, аз қабили Манзара, Ифтихор, Сафина, Орзу, Намуна, Шараф, Дурахшон, Саодат, Саховат, Зарафрӯз, Шифокорон, Озодагон, Баҳористон, Меҳргон, Наврӯз, Ҳосилот, Ҳақиқат ва ғайраҳо, ки  ба суннати номгузории деҳаҳо созгор набуда, ҳаргиз бо маънои аслӣ ва маҷозии худ номи маҳал шуда наметавонанд. Тавсия дода мешавад, ки чунин номҳо танҳо дар номгузории бозору ташкилоту маҳфилҳо ва номи мағозаву нуқтаҳои савдо ва тарабхонаҳо истифода шаванд, на дар номи маҳали зист.

Барои равшанӣ андохтан ба чунин эродҳо, ки дар интихоби номи маҳал пешниҳод гардидаанд, иқтибосе чанд аз хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро меоварем: «Орзу» — ин вожа дар фарҳангҳо ба маънии хоҳиш, майл, мурод, мақсад, умед, ормон, чашмдошт, ҳавасу иштиёқ ва матлубу дилҳоҳ ифода ёфта, мантиқан ба номгузорӣ тавсия намегардад;  Калимаи «саховат» дар фарҳангҳо ба маънии кушодадастӣ, ҳимматбаландӣ, сахигӣ ва бахшиш кардан омада, он барои номгузорӣ ба як маҳали аҳолинишин (шояд маҳал таърихи худро дорад) тавсия намешавад.

Дар иртибот ба пешниҳоди номи деҳа ба Дурахшон низ бояд зикр намуд, ки вожаи «дурахшон» маъниҳои «равшанидиҳанда, тобон, дурахшандагиро»-ро ифода карда, ин вожа ҳаргиз ҳамчун сифати маҳал мавриди истифода қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, кумита номгузории деҳаи Уясро ба Дурахшон, ки аз ягон ҷиҳат хусусиятҳои таърихӣ ва ё ҷуғрофии ин маҳалро ифода карда наметавонад, тавсия намедиҳад.

Дар тағйири номи деҳаи Одоқ Қайнар ба Наврӯз (аз шаҳри Ёвон) ҳаминро зикр мекунем, ки калимаи  «наврӯз» мансуб ба ҷашни Наврӯз буда, чунин номгузорӣ намудани деҳа имконнопазир аст.

Мушкили дигаре, ки комиссияҳои дахлдор эҷод кардаанд, ин номгузории маҳал ба номи ашхос мебошад. Ҳарчанд хидматҳои арзандаи шахсони бузурги миллат баҳри рушди таъриху фарҳанг  тамаддуни миллат ва ашхоси барӯманд барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи диёр шоистаи таҳсин аст, ба хотири қадршиносӣ ва зинда нигоҳ доштани номи фарзандони барӯманди диёру миллат хуб мешуд, ки хонаҳои фарҳангӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муассисаҳои таълимӣ, гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо номгузорӣ шаванд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз байн бурдани ин камбудӣ номгузории деҳаҳои Қандакро ба Гулистон, Уғридараро ба Ганҷрез, Дибистонро ба Бӯстон, Ковокдараро ба Баҳор,  ва Луғури болоро ба Истиқлол аз шаҳри Роғун рад кард.

Бо дарназардошти он ки таърихи деҳаҳои Ҳайталӣ, Юмс ва Юмсуроқ, Калтуч, Гургхӯрда, Обидараи Чунгак ва Пӯстхӯр дар асоси маводи муътамад ва ҳадди ақал ривоятҳои мардумӣ дуруст ташреҳ нашудаанд, кумита тағйири номи ин деҳаҳоро ба номҳои пешниҳодгардида низ рад намуд, зеро вожаҳои мансуб ба номгузории деҳаҳои мазкур номҳои қадимии тоҷикӣ буда, чунин ном доштани ин деҳаҳо аз гузаштаи дури мо, ки ба забони суғдӣ ва бохтарӣ иртибот доранд, дарак медиҳад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар Қомуси таҳқиқи илмии номҳои ҷуғрофиро таҳия  намояд, то ба ин васила мушкилоти мавҷуда дар ин самт бартараф гардад.

Зулфониён Раҳим РАҶАБЗОДА, сармутахассиси шуъбаи танзими  истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон