18 апрел - Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ

Музаффар Азизов: «Азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ зарур аст»

№47 (3841) 17.04.2018

ываываМусоҳиба бо бостоншинос Музаффар  Азизов

«Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад».

(Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар (19 марти соли 2018)

- Муайян намудани заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ ва бо сертификат таъмин намудани онҳо чӣ гуна бояд амалӣ гардад?

- Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ёдгориҳо дар тавозуни хоҷагиҳои давлатию коллективӣ қарор доштанд ва аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ҳифз мешуданд. Ҳар як вайронкорӣ пайгарди ҷавобӣ дошт. Бояд зикр кард, ки муайян намудани заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ ва бо сертификат таъмин намудани онҳо яке аз салоҳиятҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҳамчун мақоми ваколатдори ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Пештар дар назди Вазорати фарҳанг Бозрасии ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуд буд ва дар ҳолати тасарруфи ҳудуди ёдгории таърихӣ зуд чора дида мешуд. Аз соли 2007 он ба шуъба табдил дода шуда, вазифаҳояш низ дигар гаштанд.

Ҳар як ёдгорӣ ҳамон вақт мақоми ҳуқуқӣ пайдо мекунад ва аз ҷониби давлат таҳти муҳофизат қарор мегирад, ки он дар заминаи далелу арқоми  асоснок ёдгории таърихӣ  эътироф гашта, дорои сертификат бошад. Бояд хотиррасон намуд, ки бе муайян намудани ҳудуди ёдгорӣ тартиб додани Феҳристи ёдгориҳо ғайриимкон ва ғайриқонунӣ аст.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшан 104 ёдгорӣ пурра ва якчанд ёдгории ангуштшумор дар дигар шаҳру ноҳияҳо дорои сертификати замин мебошанду халос.

Аз он нигаронам, ки бо мурури замон ҳудуди ёдгориҳо  ба заминҳои ғайрикишоварзӣ ва ё «бекорхобида» табдил ёфта, истифодаашон ба салоҳдиди роҳбарияти  ноҳияҳо вогузор шудаанд.

То даме ки меъёрҳои ҳуқуқии батанзимдарории ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо меъёрҳои ҳуқуқии заминсозӣ ва геодезии кишвар мувофиқ нашавад, қонуншиканиҳо нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ идома хоҳанд ёфт. Аллакай даҳҳо ёдгории нодири бостонӣ ва меъмории кишварро аз даст додем ва дода истодаем. Чунончӣ, дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби сарвари хоҷагии маҳаллӣ дар масоҳати 0,66 га ёдгории таърихии асри 2 милодӣ Қалъаи Шодигӣ хароб гардид ва танҳо бо дахолати Прокуратураи генералии Тоҷикистон харобкорӣ пешгирӣ гардида буд. Дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор 0,60 гектар замин тасарруф шуда, то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст. Дар ёдгории Ғаравқалъаи ноҳияи Ёвон, ки ба асри 2 пеш аз милод тааллуқ дорад, 1,5 гектарашро ба оромгоҳ ва 0,3 гектарашро ба хоҷагии деҳқонӣ табдил дода буданд. Хушбахтона, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои ҳифзи ин ёдгории таърихӣ чора андешид.

- Дар яке аз ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои дар хориҷи кишварбуда ва масъалаи баргардонидани онҳо мавриди баҳс  қарор гирифт. Шумо дар ин бобат чӣ гуфтаниед?

- Дар замони шӯравӣ бозёфтҳои зиёди бостоншиносони тоҷик барои муваққатан нигоҳдорӣ ба Эрмитажу дигар осорхонаҳои Россия бурда шуданд, ки номгӯйи онҳо даҳҳо ва шумораашон садҳо ададро ташкил медод.

Ин бозёфтҳо аз ёдгориҳои Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Деваштич, Бунчикат буданд. Ба андешаи ман, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар баргардонидани онҳо бояд саҳмгузорӣ намояд. Баъзан мутасаддиёни Вазорати фарҳанги Россия  дар қонунгузории Федератсияи Россия мавҷуд набудани чунин меъёри ҳуқуқӣ ё созишномаро сабаб меоранд. Ҳол он ки дар арсаи байналмилалӣ созишнома бо номи «Конвенсияи ЮНИДРУА дар бораи объектҳои арзиши фарҳангидоштаи дуздидашуда ё пинҳонӣ бурдашуда» аз соли 1995 вуҷуд дорад. Вале аз давлатҳои ИДМ касе онро қабул накардааст. Аз ин лиҳоз, дар гумон аст, ки касе ба мо он ёдгориҳоро бозпас диҳад. Минбаъд кӯшиш ба харҷ бояд диҳем то ёдгориҳои  бударо аз даст надиҳем.

- Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошти мероси таърихию фарҳангии кишвар кадом санаду барномаҳо таҳия ва қабул гаштанд?

- Дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ қариб тамоми меъёри ҳуқуқии вобаста ба мероси таърихию фарҳангӣ ва сарватҳои фарҳанги кишвар ба шароиту талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шуданд. Чор қонун, зиёда аз 10 қарори ҳукумат, таъсиси се мамнӯъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, қабули барномаҳои дарозмуддат, сохтмони осорхонаву китобхонаҳо, тармиму барқарорсозии оромгоҳу қалъаҳо аз ҳамон ҷумла мебошанд.

Соли 2011 «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012- 2020», ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» қабул ва алъон татбиқ шуда истодааст.

Мақсад ва вазифаҳои асосии барнома, пеш аз ҳама, ба низом даровардани ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ мебошад. Вобаста ба ин, мустаҳкам намудан ва муҳайё сохтани заминаи моддию техникӣ тавассути бақайдгирӣ, шаҳодатномадиҳӣ, муайян намудани ҳудудҳои ҳифзшаванда, ворид намудан ба рӯйхати ягонаи ҷумҳуриявӣ ва хатсайрҳои туристӣ аз мақсадҳои барнома мебошанд.

Ҳоло дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ 2900 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо  ёдгории бостонӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки маълумоти мазкур саҳеҳӣ ва раддабандиро тақозо дорад. Чунки аз соли 1972 санҷиши ҳолату теъдоди ёдгориҳо гузаронида нашудааст. Дар харитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо теъдоди ангуштшумори ёдгориҳо қайд гардиданду халос.  Боқимонда ҳамчун заминҳои ғайрикишоварзӣ муайян гашта, дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки азнавбақайдгирии ёдгориҳо дар доираи барномаи мазкур амалӣ гардад.

Дар маҷмӯъ, амалӣ гаштани барнома имконият медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ – туризми фарҳангӣ боз ҳам рушд карда, ҷиҳати муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон мусоидат намояд.

А. МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»