Мардум гӯё ҳама ба истиқболи хуршеди оламтоб мераванд. Даст ба сӯи хуршед мебардоранду ниёиш мекунанд. Дар ин рӯзҳои сарди ҷодуӣ аз ин кураи оташини гармибахш барои беҳтар шудани вазъи зиндагии худ имдод металабанд. Чун гармӣ, нур ва рӯшноиро ифодагари ҷовидонагии хуршед меҳисобанд, онҳоро муқаддас медонанд ва ин сарчашмаи зиндагибахшро меситоянд. Бобои деҳқон бошад, интизори баҳору Наврӯз аст. Ҳамин ки ба тани замин гармӣ медамаду парандагон овоз мехонанд ва табиат аз омад-омади баҳор мужда медиҳад, бобои деҳқон ба сари замин меравад, то дона кишт кунад.
Ҷашни Сада, пеш аз ҳама, иди онҳоест, ки дар саҳро меҳнат мекунанд. Сада пайкест аз омодагӣ ба киштукори баҳорӣ. Киштзорон бошанд, пайке ҳастанд аз зиндагии серу пури мардум. Ҷашни Сада гузаштагони моро бо мо муаррифгар аст, бо расму оин, фарҳангу тамаддуни офаридаашон. Яъне он моро ба асли хеш рӯ ба рӯ месозад.
Хуррам аст ин Садаву шодравон бод, ки гуфт,
«Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад».
Ҷашн Сада марбут ба рақами сад буда, миёни Сада ва Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб аст. Аз ин сабаб онро Сада ном ниҳодаанд. Сада сад рӯз баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва панҷоҳ рӯз то Наврӯз таҷлил мешавад. Дар ин бора Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» меоварад: «…дар ин рӯзҳо духули офтоб ба бурҷи ҳамал наздик буда, мардум шодмонӣ мекунанд аз баҳри он, ки шиддати сармо сипарӣ шуд ва рӯзҳои гарми баҳор наздик мегарданд».
Мардуми ориёитабор чилрӯзагии хуршедро ҳам дар рӯзи даҳуми баҳман бо исми Сада ҷашн мегирифтанд. Пас аз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб, яъне 21-уми март, оғози сари сол – Наврӯзро таҷлил мекарданд.
Иди Сада бешумор қиссаву достонҳо дорад, ки ҳамаи ин ривоятҳо аз бостон маншаъ мегиранд. Он дар радифи Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назмию насрӣ зиёд ёд шудааст. Бузургон оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардаанд, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад. Мувофиқи ривояти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ асосгузори ҷашни Сада шоҳ Ҳушанг аст.
Ӯ дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш доир ба иди Сада маълумоти муфассалтар дода, аз ҷумла гуфтааст, ки шоҳ Ҳушанг дар шикоргоҳ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш гузар мекард, ки ногаҳон чашмаш ба мори сиёҳе дарафтод ва сангеро бардошта ба болои он ҳавола дод, ки ба санги дигар бархӯрда, оташ ба вуҷуд омад. Аз ҳамон рӯз онро нури хуршедӣ ном гузошта ва пайдоиши оташро ба Ҳушанг нисбат доданд.
Дар «Бурҳони қотеъ» Сада ин гуна зикр мешавад: «Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд».
Садаро мардуми кишвари азизамон ҳар сол бо риояи суннатҳои аҷдодӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд. Намоишномаҳои идона ташкил мекунанд. Маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни таомҳои миллиро ба намоиш мегузоранд.
Намоишгоҳ аз фаровонӣ ва меҳнату заҳмати кишоварзони Ватани маҳбубамон дарак медиҳад. Инчунин, дар намоишгоҳҳо гулхан, ки рамзи Сада мебошад, барафрохта шуда, аз ҷониби ҳунармандон мусиқиҳои дилнавоз, рақсҳои дилкаш ва саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода мешавад. Мардум бо як шӯру шавқ ва бедордилӣ тамошобинони намоишгоҳҳо ҳастанд. Ин шаҳди истиқлолу озодист.
Ҷашни Сада маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри дубора ёфт. Аз соли 2018 иди расмӣ эълон гардидааст. 6-уми декабри соли 2023 дар Иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ботсвана баргузор шуд, бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Ин самари истиқлолу озодӣ ва талошу заҳмати озодагон аст.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»