Муждаи тозаи «Ҷумҳурият»-ро мепазирем

№54 (4950) 30.04.2025

DSC_7792Роҳбарият ва аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» чор китоб: «Аз «Иди тоҷик» то «Ҷумҳурият», «Энсиклопедияи «Ҷумҳурият», «Ҷумҳурият»: дирӯз ва имрӯз», «Дӯстони тоҷикон»-ро интишор ва дар арафаи 100-умин солгарди таъсиси нашрия чун муждаи тоза ба хонандагон эҳдо намуданд. Ин ва ду китоби дигари дар панҷ соли охир чопнамудаи рӯзнома: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», «Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ» чанде пеш муаррифӣ шуданд.

«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи мост. Рӯзнома давоми фаъолияти бисёрсолаи худ на танҳо муҳимтарин воқеаҳои давру замонро баррасию инъикос намудааст, балки аз забон, истиқлолият, таърих, ҳастии миллат, фарҳангу тамаддуни тоҷикону Тоҷикистон ҳифозат кардааст. Таҳия ва нашри китобҳоро, ки маҷмуа­ҳои муҳими публитсистию пажӯҳишӣ, таҳлилу баррасиҳои илмию оммавӣ мебошанд, як навъ идомаи мантиқии иҷрои рисолати рӯзнома ва ҳайати эҷодии он дар масири андешасозӣ, худшиносию худогоҳӣ, пос доштани хидмати фарзонафарзандони миллат ва тарбияи зиракии сиёсӣ метавон номид.

Дар китоби «Энсиклопедияи «Ҷумҳурият» масъулон зимни ҷус­туҷӯ маълумоти фаровонро доир ба ҳаёту фаъолияти қаламкашони рӯзнома дар солҳои гуногун фароҳам оварда, хидмати хонандагон, хоса пажӯҳишгарон мегузоранд. Аниқтараш, он дар бораи 264 корманди собиқ ва имрӯзаи «Ҷумҳурият» маълумоти мухтасарро бо аксҳо дар бар мегирад. Аз китоб, ҳамчунин, метавон дар бораи нахус­тин сармуҳаррири рӯзнома Аббос Алиев ва сармуҳаррирони минбаъда иттилоъ дарёфт.

«Аз «Иди тоҷик» то «Ҷумҳурият» гулчини мақолаҳоеро, ки давоми сол ба ифтихори 100-солагии рӯзнома нашр шудааст, фаро мегирад.

Яқ қисми матлабҳо, ки муаллифонашон қаламкашони шинохтаи кишваранд, аз рисолат ва ҳадафҳои бузурги миллӣ доштани рӯзнома ёдрас мешаванд, қисми дигар далели онанд, ки «Ҷумҳурият» дар баробари инъикоси муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ва берун аз он, мактаби камолоти касбӣ, тарбияи кадрҳои ҷомеасоз низ мебошад. Бисёр нафароне, ки дар ин мактаб таҷриба андӯхтаанд, ба вазифаҳои гуногун, рӯзномаҳои дигар ба кор рафтаанд ё рӯзномаи худро таъсис додаанд. Бархе дониши сиёсӣ гирифта, баъдан ба арсаи сиёсат ва дипломатия пайвастанд. Қисми дигар болу пари эҷодӣ кушода, ба адабиёт шомил шудаю дар рушди ин соҳа низ саҳми мондагор гузоштанд.

Кормандони имрӯзаи рӯзнома заҳмат ва номи неки ҳамкорони собиқи худро пос медоранд. Дар китоб аз эшон бо муҳаббату самимияти хоса ёд мекунанд, кору рӯзгори ҳар кадоми онҳоро барои ҷавонони тоза ба журналистика воридшуда ибрат медонанд.

«Ҷумҳурият»: дирӯз ва имрӯз» таҳлилу баррасиҳои илмиву оммавии ду олими шинохтаи тоҷик Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ доир ба фаъолияти рӯзнома дар марҳалаҳои гуногун мебошад, ки бо сарпарастии рӯзнома нашр гардидааст. Аз ҷумла, мақолаҳои «Рӯзномаи миллии «Иди тоҷик» («Ҷумҳурият») дар мизони таърих», «Аз «Иди тоҷик» то иди «Ҷумҳурият», «Тоҷикистони сурх» ва фарҳанги ватанпарварӣ», «Ҷумҳурият» ва проблемаҳои ҷаҳонишавӣ» (муаллиф А. Азимов), «Нигоҳе ба як соли фаъолияти «Ҷумҳурият», «Президент — муассиси нашрияи «Ҷумҳурият», «Ҷумҳурият» ва раванди ваҳдатсозии матбуоти даврӣ», «Иқдоме, ки пайравӣ мехоҳад» ва «Шоми шанбе» — падидаи нав дар журналистика» (муаллиф М. Муродӣ) асли ин китобанд.

«Дӯстони тоҷикон» маҷмуаи мақолаҳои корманди рӯзнома Бузургмеҳри Баҳодур аст, ки ҳамчун самараи фаъолияти даҳсолааш дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» интишор ёфтаанд. Дар ин китоб ховаршиносону мутафаккирони барҷаста, низомиёну дипломатҳо ва таърихшиносону адибони номвари дунё доир ба номвожаи «тоҷик», миллати тоҷик, Тоҷикистон ва асолати баромади ин миллат пажӯҳишҳои алоҳида бурда, назар додаанд. Аз корномаи тоҷикшиносии Элфинстон, Хаников, Вамберӣ, Мейендорф, Бартолд, Андреев, Шишов, дар маҷмуъ, 40 шахсияти номвари дунё дар ин китоб баҳс меравад.

Мазмуну мундариҷаи китоб бори дигар муҳри тасдиқ мезанад, ки тоҷикон ҳамчун миллати бостонии Варорӯд ва фаротар аз он — қаламрави Ориён ва фарҳанги офаридаи онҳо дар меҳвари назари аҳли илму адаби миллатҳои дигар қарор доштааст.

«Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ», ки дар соли 2024 «Китоби соли Тоҷикистон» баргузида шуд, аз ёддоштҳои шахсиятҳои маъруфи дохилу хориҷ дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров ва мақолаҳои муаллифони рӯзнома мураттаб гардидааст. Китоб хонандагонро ба зиндагӣ ва фаъолияти пурвусъати илмии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ошно месозад. Матлабҳои китоб бори дигар собит менамоянд, ки Бобоҷон Ғафуров бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарваронаи худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ ва илми тоҷикшиносӣ саҳми сазовор дорад.

 Матлабҳои китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хидматҳои мондагору бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири нави давлатдории миллӣ бахшида шудаанд. Рӯзнома ба ин хотир якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон озмуни ҷумҳуриявии эҷодӣ эълон намуда буд. Кормандони рӯзнома аз миёни мақолаҳои муаллифони касбу кори гуногун рамзан 30  мақолаи беҳтарини озмуниро дар китоб ҷой доданд. Матлабҳое, ки интихобан дар ин маҷмуа ҷой дода шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар  30 соли Истиқлоли давлатӣ бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои басо нек ба хотири пойдории давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ба анҷом расидаанд.

Дар маҷмуъ, китобҳое, ки нашрияи расмии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» интишор намудааст, ҳамагӣ махзани хуби иттилоот мебошанд, ки мутолиаи он барои хонандагон аз ҳар ҷиҳат муҳим ва муфид аст. Мо китобҳои мазкурро, ки ҳамкасбонамон бо заҳмати зиёд омодаю нашр намудаанд, чун муждаи тоза мепазирем. Нашри китобҳои нав ва иди садсолагии «Ҷумҳурият»-ро ба кормандони рӯзнома ва тамоми мардуми тоҷик таҳният мегӯем!

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»