Мардеро гӯши хеле нозебо муҷиби гирифторӣ ба лақаби дуруште аз сӯи атрофиён кард. Ибтидо ранҷу нороҳатии зиёд кашид ва ба хотири халосӣ аз он ба назди беҳтарин мутахассисони яке аз беморхонаҳои машҳури шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафт. Ба утоқе дароварда, намунаи гуногуни қолаби гӯшро дар назди оинаи калон пешаш гузоштанд, то дилхоҳашро интихоб намояд. Тамошо карда, ба хулосае омад, ки аз гӯши худаш дида, зеботар нест, чунки бо ҳама ҷурму нуқс гӯши табиӣ мебошад.
Манзур аз ҳусни оғоз бахшидани матлаб бо ин қиссаи воқеӣ тақлиди ноҷои баъзе аз занону духтарони тоҷик ба фарҳанги бегона мебошад. Ҳатто кор то ҷое расид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ба муносибати Рӯзи Модар дар мулоқот бо бонувони кишвар ба ин масъала дахл намуда гуфтанд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».
Бо пешрафти илму техника ва дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо бо ҳам дар бархӯрду омезишанд, дар ҷомеа зуҳуроти нав зуҳур доранд, ки бархе аз онҳо аз ифротгаройӣ орӣ нестанд. Шояд қиссаи мазкур ба занону духтарони аз рӯи ҳавою ҳавас ва таъсири тарғибу ташвиқи фарҳанги бегона, кӯр – кӯрона ба либоспӯшии мардуми Арабистону Эрон, Ҳиндустону Аврупо тақлид менамоянд, таъсир бахшида тавонад. Дар ҳоле ки либосҳои миллии мо, аз қабили чакани кӯлобӣ, атласи хуҷандӣ, куртаҳои миллии хоси мардуми Зарафшону Ҳисору Бадахшон аз сару либоси дилхоҳ миллат камӣ надоранд. Тарафи манфии муносибатҳои зайл маънои арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ ва бефарҳангу қафомонда нишон додани миллатро дорад.
Табиист, ки баҳсҳо дар мавриди тарзи либоспӯшии занону духтарон вусъат меёбанд, ки дар ҷодаи тахрибкорӣ то ҷое муваффақ гардидани бадхоҳонро собит месозад. Ба миён овардани баҳсҳои зайл, дар замоне ки дигарон машғул ба ҳалли масъалаҳои ҷиддитари ҳаётианду мехоҳанд аз ҷиҳати иқтисодӣ сатҳи зиндагии худро болотар бубаранд, ҳаргиз ба манфиат буда наметавонад. Масъулини ин барномаҳо моҳирона ривояту афсона бофта, дар зеҳни мардум ҷой карданӣ мешаванд ва либосҳоро ба байналмилалӣ ва умумиисломӣ қисмат мекунанд, ки дар сурати шомил нагардидани либосҳои миллии тоҷикӣ ба ин феҳрист миллати қадимию бофарҳанг ва мусалмон будани тоҷик зери шубҳа қарор мегирад. Магар бибию бибикалон ва модарҳоямон либоси дуруст намепӯшиданд ё тоату ибодаташон қобили қабул набуд?
Либос на танҳо воситаи пӯшонидани бадан ва фарқ гузоштани инсон аз ҳайвон, балки нишони сатҳи маданияту қобилияти баланди эҷодкории шахс мебошад. Дар либосҳои ба тарзу шеваҳои гуногун дӯхташудаи миллӣ орзую ормон, андешаю хаёлоти бою рангини миллат таҷассум меёбад. Ранг, тасвиру нақшҳои он мутобиқ ба муҳиту табиат, иқлиму шароити ҷуғрофии ҳамон диёр тарҳрезӣ мегарданд. Гузаштагон ҳам дар ҳамоҳангӣ бо ҷиҳатҳои номбаршуда либос интихоб кардаанд. Табиати зебою афсонавиро дар либосҳои занона тасвир накардану ба ҷои он либосҳои бо ранги нохушоянди сиёҳ ба бар кардани идддае аз хоҳарону модарон магар ношукрӣ нисбат ба диёри биҳиштосо нест? Дигар ин ки либосҳои ҳаррангаву гулдор хоси занону духтарон мебошад. Барои мардон пӯшидани либосҳои рангобаранг ҷоиз нест, вале занон фариштаҳои ҳусну тароват, назокату меҳр дар рӯи замин маҳсуб меёбанд ва ҳамеша бояд шукуфону чеҳрахандон, озодаву дилкаш ба чашм намоянд. Гоҳо аз таваҷҷуҳи зиёд ба тарзи либоспӯшиашон аз тарафи мардону ҷавонон намояндагони ҷинси латиф озурда мегарданд. Баръакс, бояд ифтихор намоянд, ки намояндагони ҷинси муқобил нисбат ба онҳо бетафовут набуда, онҳоро дар либоси муносиб дидан мехоҳанд. Либос барои бонувон баёнгари хулқу атвор, иффату фаросат низ мебошад.
Дигар ин ки аз тарафи бархе бонувон беэҳтиромии маҳз нисбат ба сару либоси занонаи миллӣ ба мушоҳида мерасад. Аз матоъҳои хеле шинаму зебои миллӣ либосҳое медӯзанд, ки ба қолабе рост намеояд. Миниюбкаю камзӯлҳои аврупоии пӯшидаҳои онҳо ба одитарин талаботи либоси миллӣ ва анъанаҳои шарқӣ мувофиқат намекунанд. Боварӣ дорам, ки баҳри пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб занону духтарони фаъол ва ватандӯсти тоҷик бетарафиро ишғол нахоҳанд кард.
Ба қавли шайх Саъдии Шерозӣ:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият?
Дилбар Шарифова, мудири муассисаи таълимӣ – томактабии № 40, ноҳияи Исмоили Сомонӣ