Кӯдак ибораи «арӯси ма мешӣ»-ро чӣ гуна бояд қабул кунад?
«Таърихи забони миллии мо шоҳиди он аст, ки маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд.
Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз — забони давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи зиёиёни мамлакат дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад».
(Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат, 19 марти соли 2018)
Тарҷума ва дубляжи филмҳои тасвирӣ кори масъулиятнок аст. Зеро яке аз вазифаҳои ин филмҳо баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва сатҳи забондонии кӯдакон ва наврасон низ мебошад. Ин кор дар баробари заҳмату истеъдод, ҳамчунин маблағ ва вақтро низ тақозо менамояд ва табиист, ки бояд ҷавобгӯи талабот низ бошад. Аз ҷумла, ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои забони адабии тоҷик ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Филмҳои тасвирии ба забони тоҷикӣ баргардондашударо тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» ва дигар шабакаҳои телевизионии мамлакат тамошо карда, ба тарҷумонҳо, ҳунарпешагони овоздода аҳсан мегӯем, чунки сатҳи тарҷумаи онҳо басо баланд аст.
Ин ҷо метавон филмҳои тасвирии «Сафияи моҳпайкар», «Маугли», «Симбо» ва ғайраро ном бурд. Вале филмҳое низ ҳастанд, ки аз ҷониби ашхоси ғайриҳирфаӣ тарҷума шудаанд. Вақте ки сатҳи тарҷума паст аст, филм бо лаҳҷаи ягон маҳал тарҷума шудааст ё гуфтори қаҳрамонон оҳанги ҳазлу шӯхӣ ва ҳатто таҳқиру истеҳзоро пайдо кардааст ва вожаҳои беадабона истифода шудаанд, табиист, ки мазмуну моҳияташон коста мегардад.
Имрӯзҳо дар бархе аз дӯконҳои фитафурӯшии пойтахт филми тасвирие бо номи «Гургҳо ва бузҳо» дар фурӯш аст. Ба ғайр аз ин, боз чанд филми тасвирии бо лаҳҷа ва забони кӯча тарҷумашуда дар як фита ҷамъоварӣ шудааст, ки набояд ба фурӯши он иҷозат дода мешуд.
Ба гуфтори қаҳрамонони ин филмҳои тасвирӣ таваҷҷуҳ кунед: «И лапшаҳота да гӯши ма кашол наку», «Э ота, ту прикол кардестай?», «Ягон арӯс биёрум?», «Бе памперс омадагиюм», «Ага ура бинӣ, ҷо ба ҷо тар мекнӣ», «Ма ранги уо лох нестум», «Э паад!» ва ғайраву ҳоказо. Дар ин филмҳо вожаву ифодаҳои дағал ва дурушт низ ҷой ёфтаанд, ки овардани онҳо аз рӯи одоб нест.
Дар чанд филми ин фита вожаи «арӯс» (вой бар ҳоли он!) мисли «Ягон арӯс биёрум?» танҳо ҳамчун маъшуқа истифода мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар филмҳои бачагона қобили қабул нест.
«- Арӯси ма мешӣ?
- Хай, арӯсут мешам», — мегӯянд дар ҷое қаҳрамонони яке аз филмҳо.
Бар замми ин, дар бисёр маврид калимаву ибораҳои русӣ истифода шудаанд: «Ё моё…!», «афтаритет», «канешна», «значит», «палажени». Ин силсиларо метавон идома дод, вале барои баҳо додан ба забони тарҷума ҳамин кофист.
«Ба ҳама нағмаи ноҷӯр дилам месӯзад», фармудааст шоире. Чунин муносибат ба тарҷума ва дубляжи филмҳои тасвирӣ маҳз ҳамон «нағмаи ноҷӯр» аст. Зарур ва ногузир аст, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, КВД «Тоҷиккино», ниҳоду муассисаҳои марбута тарҷума ва дубляжи филмҳои тасвириро зери назорати қатъӣ қарор дода, ба интишори филмҳои бадеӣ ва тасвирии каммазмуну завқи мардумро пасткунанда роҳ надиҳанд.
Н. Низомӣ, «Садои мардум»