5-уми марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Матбуоти миллӣ – тарғибгари маърифати ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ» суҳбати гирди миз доир шуд, ки дар он муҳаққиқони соҳа, рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҷумла гуфт, ки рисолати матбуот ҳифзи манфиат ва арзишҳои милливу давлатӣ мебошад. Матбуоти тоҷик, ки аз «Бухорои шариф» сарчашма мегирад, ин рисолати худро ҳамеша иҷро намудааст.
Нақши матбуот дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад. Матбуот метавонад дар тарбияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бориз гузорад.
Раҳмоналӣ Мирализода, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории чорабиниро дар робита ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 муҳим ва муфид арзёбӣ намуд. Аз ҷумла гуфт, ки матбуот оинаи ҷомеа буда, набзи он бо набзи ҷомеа яксон метапад. Вазифаи давлат ба низом овардани ҳаёти иҷтимоӣ буда, ҷомеа ба давлат ниёз дорад. Матбуот ва рӯзноманигорон пуле миёни давлат ва ҷомеа мебошанд.
- Аҳли матбуот онҳое мебошанд, ки соҳибтахассусанд, ҳирфаӣ менависанд, ба матбуот ҳавасмандона мепайванданд. Маҳз, чунин рӯзноманигорон метавонанд бо роҳу воситаҳои гуногун дар тарғиб ва болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳм гузоранд,-афзуд Р. Мирализода.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»