Ба ифтихори 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ

Нақши Садриддин Айнӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ

№46 (3840) 14.04.2018

Айни (1)Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими ба истифода додани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба корномаи ӯ дар самти ҳифзи ҳувияти миллӣ баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки умри бобаракати устод Айнӣ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус Садриддин Айнӣ дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик» — ро гирифт». Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».

Садриддин Айнӣ дар замоне ҳамчун адиб, равшанфикр ва таърихнигори барҷаста арзи ҳастӣ намуд, ки ниҳоят ҳассос ва пур аз муборизаҳо буд. Дар он замони пуртазод, ки мухолифон шадидан ҳастии тоҷиконро дар минтақаи Осиёи Марказӣ инкор мекарданд, масъулияти устод Айнӣ дучанд гардида буд, зеро ба мухолифони сарсахт аввалан мавҷудияти халқи куҳанбунёду соҳибтамаддунро собит намудан лозим омад. Баъдан, асолати забонро дайн кардан лозим буд, зеро гурӯҳи дигаре пайдо шуданд, ки зидди забони тоҷикон мубориза бурда, онро куҳнашуда мепиндош­танд.

«Намунаи адабиёти тоҷик» – шоҳасари устод Айнӣ дар он замони тақдирсоз шаҳодатномаи миллат гардид ва ба даҳони бадхоҳону бадгӯёни миллат муҳр зад. Устод бо зикри намунаҳо аз ашъори шоирони ҳудуди Мовароуннаҳр – сарзамини тоҷикон асолати миллии моро дайн намуд.

Адабиётшиноси маъруф Раҳим Ҳошим дар китоби «Сухан аз устодон ва дӯстон» доир ба он замони ҳассос ва хидматҳои бузурги устод Айнӣ менависад: «Як дақиқа тасаввур кунед, агар дар чунин вазъияте мисли Айнӣ як донишманди забон, як дӯстдори забони тоҷик, як марди дилсӯзу ғамхор дар сари гаҳвораи забони адабии навзоди мо, бале, хато намекунам, забони адабии навзоди мо намебуд, барои барҳам додани он дӯлобӣ, он дарҳаму барҳамӣ чӣ қадар вақт, чӣ қадар қувват ва чӣ қадар маблағ сарф кардан лозим меомад ва он ҳам оё натиҷаи мусбате медод ё не? Ман тараққиёти забони адабии имрӯзаи тоҷикро бе фаъолияти Айнӣ, бе меҳнати шабонарӯзии вай дар он рӯзҳо тасаввур карда, ба фикрам ғунҷонда наметавонам».

Яке аз хидматҳои бузурги устод Айнӣ дар ин ҷода мақолаи пурмуҳтавои ӯ зери унвони «Маънои калимаи «тоҷик» мебошад. Устод дар ин мақола ҳамчун олими дақиқназар ба сарчашмаҳои сершумори таърихӣ мутаваҷеҳ шуда, бо далелҳои мантиқӣ баъзеи он маънидодҳое, ки то замони муосир дар луғатнома ва сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудаанд, мавриди танқид қарор медиҳад.

Устод Айнӣ менависад: «ба фаҳми маънидоди «Ғиёс-ул-луғот» бошад ва хоҳ аз они «Бурҳони қотеъ» аз мантиқ хеле дур аст ва пой дар ҳавои ночаспон аст.  Дар ин маънидод на як шоҳид нишон дода шудааст ва на як манбаи таърихӣ ва инчунин ягон таҳлили забоншиносӣ карда нашудааст. Тоҷикро бе ҳеҷ шоҳид ва ҳуҷҷат «қавми араб» гуфтан ё аксари онҳоро «савдогар» гуфтан ва гоҳо «мурод аз тоҷик савдогар бошад» гуфтан тамоман варсоқахонӣ ва суханҳои ҳавоиянд».

Устод дар идомаи муҳокимарониҳо менависад: «Дар «Таърихи Наршахӣ» омадааст: «Бо вуҷуди дар шариати ислом мамнӯъ будан, Қутайба рухсат дод, ки мардуми Бухоро дар намоз тарҷумаи форсии «Қуръон» — ро хонанд» ва изҳори тааҷҷуб мекунад: Чӣ гуна мешавад, ин «авлоди араб» забони арабиро намедонад ва «Қуръон»-ро бо забони арабӣ намехонад?».

Баъди чунин мулоҳизаҳои мантиқӣ устод бо дилпурӣ, қотеъона таъкид мекунад, ки тоҷикон халқи қадима ва ғайри араб ҳастанд, ки дар сарзамини Осиёи Миёна ва Хуросон пеш аз ислом низ муқимӣ зиндагӣ мекарданд. Яке аз заҳматҳои бесобиқаи устоди бузург Айнӣ ҳамин буд, ки асолати миллии тоҷиконро бо далелҳои қотеъ собит намуд.

Дар робита ба забони модарӣ мехоҳем оид ба як масъалае, ки имрӯзҳо низ «доғ» гардидааст, изҳори назар кунем. Як гурӯҳе дар шабакаи иҷтимоӣ – Facebook забони тоҷикиро ба баҳс кашида, хулосаи ниҳоии андешаҳояшон ин шуда, ки «забони тоҷикӣ» истилоҳи сунъие ҳаст, ки низоми шӯравӣ барои тақсим намудани як халқи бузург – форс ба вуҷуд оварда буд. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷавоб ба онҳое, ки зарурати забони миллӣ ва ҳувияти миллиро дар давлати миллӣ нодида мегиранд, бо зикри далелҳои сершумор, аз ҷумла, бо истинод ба мақолаҳои Садриддин Айнӣ мақола нашр кардааст. Дар мавриди мақолаҳои устод Айнӣ ба ном рӯшанфикрон гуфтанд, ки гӯё устод Айнӣ боре ҳам дар навиштаҳояш «забони тоҷикӣ» нагуфта, балки «забони тоҷикон аслан форсист» гуфтааст.

Ин туҳмат аст, зеро устод Айнӣ дар мақолаи «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (маҷаллаи «Раҳбари дониш», 1928, р. 4-5. – с. 22-24) менависад: «Баъзе касоне, ки ба забони тоҷикӣ дуруст ошно нестанд, «забони тоҷикӣ аз форсӣ чӣ қадар фарқ дорад?» гуфта мепурсанд, аммо касе, ки ба адабиёти куҳна ва нави форсӣ ва тоҷикӣ шиносоӣ дорад, ба хубӣ медонад, ки дар миёни инҳо фарқи асосӣ нест».

Дар мақолаи академик Фарҳод Раҳимӣ низ зикр мешавад: «андешаҳои баъзе муҳаққиқонро, ки пайдоиш ва корбурди ибораи «забони тоҷикӣ»-ро маҳз сохтаи зеҳни русҳо ва бахусус болшевикон дар аввали асри XX медонанд, наметавон пазируфт. Масъала ин нест, ки дар шинохти асолати забонӣ фақат аз вожаи «форсӣ» мадад ҷӯем, хоса дар мавриде, ки ин вожа аз лиҳози воқеияти таърихӣ ва инъикоси марҳилаҳои ташаккулу таҳаввули забони мо гузинае бидуни баҳс нест ва дар қиёс ба мафҳумҳои дигари ҳаммаънои худ чун «дарӣ» ва «тоҷикӣ» авлавияти мутлақ надорад».

Ин нукта шоистаи таъкид аст, ки Садриддин Айнӣ ҳеҷ гоҳ кӯшиши аз ҳам ҷудо кардан ва алоҳида донистани инҳо – забони тоҷикӣ ва форсиро накарда, балки он ҳақиқату айнияти таърихан собитшуда – як забон бо ду номро зикр мекунад.

Устод Айнӣ дар ҳамон мақола менависад: «баъзе касоне ҳастанд, ки ба сабаби ошно набуданашон, забони тоҷикиро, яъне забони авоми тоҷикро забони форсии вайроншуда мепиндоранд. Лекин агар аз баъзе таъсирҳои ҷузъии забони ӯзбекӣ чашм пӯшем (масалан, кор фармудани «мӣ» дар мавриди истифҳом), содатарин ва софтарини лаҳҷаҳои форсӣ – забони тоҷик аст».

Устод Айнӣ дар идомаи мақола аз забони имрӯзаи Эрон мисол оварда, аз мактубе, ки аз Кирмоншоҳ ба идораи «Раҳбари дониш» омада, акси он дар ин маҷалла чоп шудааст, хотиррасон мешавад: «Ин мактуби 15 сатра ҳамагӣ тахминан 150 калима буда, аз онҳо танҳо 33 калимааш форсӣ аст, ки бештарини инҳо ҳам монанди «чун, ки, аст» адот ва робита аст». Ин ҳол имрӯз низ мушоҳида мешавад, аз ин рӯ, дар ин шакл масъалагузорӣ кардан, боз ҳам таъкид мекунем, ки нодуруст аст.

Ҳар нафар фарзанди замони худ аст, вале абармардоне чун устод Айнӣ фарзанди фарзонаи тамоми насли миллат боқӣ мемонанд.

Хушдил РАҲИМЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ