Нақши Суҳроб кифоя аст, ки номи Ҳошим Гадоевро дар радифи ситораҳои кинои ҷаҳонӣ гузорем

№147 (4567) 25.11.2022

Хошим Гадо 5Фотеҳи Абдуллоҳ (Ардамеҳр) дар мавриди ҳунарпеша ва нақшҳои иҷрокардаву ҳанӯз бознакарда чунин андеша дорад: «Ҳунарпешае, ки барои бозидани нақшҳои пурмуддаову пурошӯбу пуровозае чун Рустам, Сиёвуш, Ҳамлет, Моор, Ричарди III, Сезар, шоҳ Лир, Галилей, Митё, Карамазов, ки аълотарин маҳаки истеъдод ва маҳоратанд, ҷонталошӣ намекунад, бечораву пурнола ҳунарпешаест».

Артисти халқии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳошим Гадоев аз зумраи ҳунарпешагонест, ки дар баробари ин нақшҳои сатҳи ҷаҳонӣ боз орзуи бозидани нақши Спартакро ҳанӯз ҳам дар дил мепарварад. Вале то ин дам нақшҳои таърихӣ ва асотирии Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Амир Темур, Ҳамлет, Эдип, Суҳроб, ибни Сино, Незнамов, Хлес­таков, Дон Жуан, Фердинанд ва дигаронро дар саҳнаи театр иҷро кардааст. Аммо чун ҳунарпеша нисбат ба худ хеле серталаб аст, мехоҳад нақшҳои аз ин ҳам намоёнтару барҷастатарро дар саҳнаи театр ва чодари кино бозӣ кунад. Ин серталабӣ нисбат ба офаридани нақшҳо  ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) дар вуҷудаш ҷой дошт.

Боре донишҷӯ Ҳошим Гадоев  ба устодаш, педагоги барҷастаи санъати театрӣ Борис Владимирович Бибиков шикоят мекунад, ки ба вай  иҷрои нақшҳои лаҳзавӣ медиҳанд. Вай мехоҳад, ки дар нақшҳои асосӣ ва нисбатан ҷиддӣ баромад кунад.

- Ҳошим, магар фаромӯш кардӣ, ки Конс­тантин Сергеевич Станиславский гуфтааст: «Нақшҳои хурд вуҷуд надоранд, балки актёрҳои хурд ҳастанд». Вале, ту азизам, ба актёрҳои хурд  ягон муносибат надорӣ, зеро дар вуҷудат вулқони актёрӣ ҷой дорад ва мехоҳад, ки  фаввора зада берун барояд. Аз паи иҷрои нақш шав ва тавре онро бозӣ кун, ки дар спектакл маҳз нақши иҷрокардаат дер боз дар хотири тамошобинон боқӣ монад.

Баъд аз хатми ГИТИС –и  шаҳри Москва соли 1961 дастпарварони Студияи тоҷикии ин боргоҳи бонуфузи ҳунарро ба Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии шаҳри Ленинобод ба номи А. С. Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) фиристоданд. Ҳошим дар қатори дигар ҳампешагонаш як сол дар ин театр кор карда, дар ин муддат ҳамчун режиссёр пйесаҳои «Иҷоранишин»-и Ф. Ансорӣ, «Ишқи африкоӣ»-и П. Мериме ва «Бемории ногаҳонӣ»-и Ҳоҷӣ Содиқро саҳнавӣ гардонд. Вале фаъолияти асосии эҷодиёташ асосан аз моҳи августи соли 1961 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гузашт.

Дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ чун режиссёри басаҳнагузоранда пйесаҳои «Фоҷиаҳои хурд»-и А. С. Пушкин (1966), «Эзоп»-и Г. Фигейредо (1971), «Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ, (1973), «Ишқи африкоӣ»-и П. Мериме (1975), «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад (1982), «Эдип»-и Софокл (1985) ва «Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода (2009)-ро гузош­тааст, ки солҳои зиёд барномаҳои театрро тамошобоб карда буданд.

Ходими сиёсӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ, санъатшиноси маъруфи тоҷик, профессор Меҳрубон Назаров навиштааст: «Ҳунарпешаи бузургро таърих аз он ҷиҳат писанд мекунад, ки вай аз кӯҳи ҳунар лаълу аз баҳри фарҳанг дурр ба даст оварда, ба воситаи сарфи меҳнату фидокорӣ онҳоро мисли заргар сайқал дода, ба халқи хеш саховатмандона мебахшад. Ана, ҳамин гуна сирри ниҳонии ҳунари театрро шумо кашф намудед». (моҳи майи соли 1988).

Бояд қайд кард, ки баъд аз иҷрои аввалин нақшҳояш дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев мавриди таваҷҷуҳи санъатшиносон ва донишмандон –донандагони санъати театр қарор гирифт.

«Ҳошим Гадоев, ки нақши Содиқро (аз спектакли «Суруди кӯҳсор» — и Ғ. Абдуллоҳ) иҷро мекунад, бо ҳар як ҳаракату рафтори худ образро барҷаставу пурқувваттар кардааст. Дар ҳар як лаҳза қаҳрамони вай сифати нав мегирад…», — навиштааст донишманди маъруф Аълохон Афсаҳзод ва боз нигоштааст: «Офарида шудани образи Дон Жуан дар эҷодиёти артист Ҳошим Гадоев, ки қабл аз ин Тарталия, Фердинанд, Содиқ, Ҳоҷӣ Нӯъмон барин образҳои мураккабро иҷро карда буд, марҳилаи нав аст».

Ба фикри банда, қуллаи баландтарини эҷодиёти Ҳошим Гадоев дар саҳнаи театр нақши Эдип аз «Шоҳ Эдип»-и Софокл ва Суҳроб аз филми ҳунарии «Рустам ва Суҳроб»-и режиссёр Борис Кимёгаров мебошанд.

Барои ба саҳнаи театри тоҷик гузоштану иҷро кардани нақши асосӣ дар фоҷиаи «Шоҳ Эдип»-и Софокл Ҳошим Гадоев сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС ва унвони баландтарини он даврон – Артисти халқии ИҶШС гардида буд.

Тамошобинони серталаби тоҷик дар саҳнаҳои театрҳои ҷумҳурӣ фоҷиаҳои Еврипид, Софокл ва Шекспирро борҳо тамошо кардаанд. Вале таъсири фоҷиаи «Шоҳ Эдип» тамоман дигар буд. Таъсираш чунон буд, ки дар баробари қаҳрамонҳои саҳна дар толори театр тамошобинон мегиристанд. Бахусус, саҳнаи охирини фоҷиа, ки Эдип гуноҳи нобахшиданиашро фаҳмида, дидагонашро кӯр мекунад ва ба ҳоли ояндаи ду фарзандаш нола дошт.

Ҳангоме ки фоҷиаи «Шоҳ Эдип»-ро дар саҳнаи бузурги Театри дӯстии халқҳои ИҶШС — и шаҳри Москва намоиш доданд, дар атрофаш фикру андешаҳои зиёд баён гардид. Артисти халқии ИҶШС, лауреати мукофотҳои давлатии ленинӣ ва ИҶШС Кирилл Лавров таассуроташро дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана»  (аз 6-уми декабри соли 1987) чоп кард: «… Дар бораи фоҷиазадаҳои машҳури ҷаҳон бисёр шунидаам ва хондаам, танҳо имрӯз, пас аз тамошои «Эдип» дар саҳнаи тоҷик, фоҷиазадаи бузургеро дидам, ки он Ҳошим Гадо буд.

Ҳоло бисёр касон мегӯянд, ки театр тамошобинро аз даст додааст, театр мемирад. Театри мо намемирад, агар ҳунарпешае чун Ҳошим Гадоев зинда аст».

Саҳифаи дигари эҷодиёти ин ҳунарпешаи асил санъати кино мебошад, ки дар ин самт низ нақшҳои ҷолибу хотирмон дорад. Ӯ  бо беҳтарин режиссёрҳои кинои тоҷик Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Абдусалом Раҳимов, Анвар Тӯраев, Марворид Қосимова, Марат Орифов ва дигарон ҳамкору ҳамнишин  буд.

Бори нахуст мо ҳунарпешаи дӯстдоштаамонро соли 1964 дар нақши Комил дар филми ҳунарии «Дувоздаҳ соати ҳаёт»-и таҳиягар А. Раҳимов дидем. Минбаъд нақшҳои Сафар дар филми бадеии телевизионии «Гуреза»-и Б. Долинов (1970), Пир аз «Кашфи асрор»-и Т. Собиров (1970), Суҳроб аз «Рустам ва Суҳроб»-и Б. Кимёгаров (1972), сардори босмачиҳо аз «Чор нафар аз Чорсанг»-и М. Қосимова (1972), «Гӯштингирон»-и А. Қудусов (1973, филми кӯтоҳи бадеӣ), Тағатбек аз «Ишқи нахустини Насриддин»-и А. Тӯраев (1977), осиёбон аз «Муҳосира»-и М. Орифов (1978), Садриддин аз «Зане аз диёри дур»-и Т. Собиров (1978), Ҳамидхон аз филми бисёрсериягии телевизионии «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар»-и В. Мирзоянс ва С. Қурбонов (1985) ва дигар филмҳои бадеӣ нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозӣ кардааст.

Ҳунару маҳорати баланди актёриаш аз назари режиссёрҳои кинои ҷумҳуриҳои бародарӣ дар канор намонд. Дар ҳамкорӣ бо режиссёри шинохтаи ӯзбек Латиф Файзиев нақши Абдулатиф-писари Мирзо Улуғбек дар филми бадеии «Ситораи Улуғбек»-ро (1964) иҷро кардааст. Латиф Файзиев дар филми бадеии навбатияш – «Ба ватан хизмат мекунам» (1980) низ Ҳошим Гадоевро даъват карда буд.

Ҳамин тавр, ҳамкорияш бо режиссёрҳои киностудияи «Ӯзбекфилм» оғоз ёфт. Филм­ҳои ҳунарии «Ҳангоми раъду барқ тавлид шудааст» (1965), «Сарҳад» (1974), «Муҳорибаи се шоҳ» (истеҳсоли Италия — Испания — Америка ва Ӯзбекистон, 1990), «Суғдиён» (истеҳсоли Алҷазоир ва «Ӯзбекфилм» соли 1993), «Тӯрони бузург» (1994) маҳсули ин ҳамкориҳо мебошанд.

Ҳошим Гадоев  дар киностудияи «Озарбойҷонфилм» ҳам нақши ҳунари бебаҳои актёриашро гузоштааст. Инҳо филмҳои ҳунарии «Шуълаи гулханҳои хомӯшшуда» (1976) нақши Ғазанхон, сардори девҳо  аз «Ин ҷо туро биҳишт мунтазир намешавад» (1982) ва «Ҷанговарони кӯли кӯҳӣ» (1984) мебошанд.

Мо ҳунарпешаи дӯстдоштаамонро дар нақши қурбошӣ Муъминбек дар филми машҳури бисёрсериягии телевизионии «Сарҳади давлатӣ» (истеҳсоли «Беларусфилм» (1983) дида ифтихор мекардем, ки ҳамдиёри шуҳратмандамон дар ин филм саҳм гузоштааст.

Ҳошим Гадоев  дар санъати кино нақшҳое офаридааст, ки ҳанӯз ҳам метавон онҳоро бо шавқу ҳаяҷон тамошо кард. Масалан, нақши Суҳроб аз филми  ҳунарии «Рустам  ва Суҳроб» ё қурбошӣ Муъминбек  аз «Сарҳади давлатӣ» ё ин ки Ғазанхон аз «Шуълаи гулханҳои хомӯшшуда».

- Барои бозидани нақши Суҳроб дар филми бадеии «Рустам ва Суҳроб» ба ғайр аз ман 15 нафар актёрони дигар ҷумҳуриҳо ба кинопроба даъват шуданд. Борис Алексеевич Кимёгаров он айём чунин изҳори ақида карда буд: «Актёре, ки нақши Суҳробро меофарад, мебоист дар ҷавонӣ, зебогӣ, ҷасурӣ, аспдавонӣ ва дигар сифатҳои муҳимро, ки ҳамаи ин тавъам бо баёни шеър аст, бояд аз уҳдааш барояд».

Чунин муносибат ва интихобро нисбат ба нақши Ғазанхон аз филми ҳунарии «Шуълаи гулханҳои хомӯшшуда» («Озарбойҷон-филм») метавон гуфт. Ҳунарпешаи тоҷикро аз миёни 14 нафар актёрони шинохта беҳтарин иҷрокунандаи ин нақши таърихӣ пазируфтанд.

Ҳошим дар яке аз суҳбатҳояш  гуфта буд, ки «Ҳангоми ҷустуҷӯй ва интихоби актёр барои нақши Ғазанхон дар филми бадеии «Шуълаи гулханҳои хомӯшшуда», ки қаҳрамони миллии озариҳо буд, чордаҳ довталаб будем, ки дар ин миён панҷ нафар аз шаҳри Боку иштирок доштанд.  Интихоби актёрон (кинопроба) оғоз ёфт ва аввалин довталаб Бимбулат Ватаев – иҷрокунандаи нақши Рустам аз филмҳои бадеии «Достони Рустам» ва «Рустам ва Суҳроб» буд.

Ниҳоят, фурсат ба ман ҳам расид. Баъд аз иҷрои вазифаҳои додашуда, ки даҳ нафари дигар дар навбат буд, кастингро хотима дода гуфтанд: «Мо Ғазанхонро ёфтем, дигар ҳоҷат ба давом додани интихоби актёрон нест».

Тавре қайд карда будем, Ҳошим Гадоев дар саҳнаҳои хатарноктарин наворбардории филмҳои бадеии иштироккардааш ҳамеша аз хизмату ҳунари каскадёрон даст мекашид. Худаш саҳнаҳои хатарнокро иҷро мекунад ва дар натиҷа захмҳои зиёд бардоштааст. Ва, аз ин хусус ӯ ёддошту хотираҳои зиёд дорад: «Дар филми ҳунарии «Зане аз диёри дур»-и режиссёр Тоҳир Собиров соли 1978 истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» нақши  асосӣ – Садриддинро бозӣ мекардам. Қаҳрамони ман дар муҳорибаҳои ҷангӣ, дар фронт аз таркиши минаи фашистон нобино шуда, ба хона бармегардад. Барои иҷрои  ин саҳна, яъне таркиши мина касе розӣ нашуд. Он лаҳзаҳо  каскадёрҳо ҳам набуданд, вале вақт хеле кам монда буд. Барои аз ин ҳолати ногувор баромадани киногурӯҳ назди режиссёри филм Тоҳир Собиров омада гуфтам, ки ман ин саҳнаро худам иҷро мекунам.

Режиссёр аввал розӣ нашуд, зеро саҳнаи таркиш  хеле хатарнок буд. Вале дид, ки дигар илоҷ нест.

Сабти  лаҳзаҳои таркиши мина дар майдони ҷанг оғоз ёфт. Қувваи пурзӯр ва бадвоҳимаи таркиши минаи пиротехникҳо маро нуҳ метр ба ҳаво партофт.

Дар сабти дигар саҳнаи филм маро бо ресмон дар кран бастанд ва аз баландии даҳ метр масофадошта бояд худро ба поён мепартофтам.

Дафъаи аввал нашуд, бори дуюм низ бебарор. Маротибаи сеюм чашмамро боз кардам, ки дар беморхонаам ва режиссёри филм Тоҳир Мухторович дар болои сарам рост истодааст.

- Саломатиат чӣ хел?

- Тоҳир Мухторович, кадри банаворгирифта чӣ гуна омад?, — пурсидам фавран.

- Мешавад, — гуфта табассум кард».

Чун сухан дар бораи нақшҳои иҷрокардааш дар санъати кино равад, пеш аз ҳама, Суҳробро аз филми ҳунарии «Рустам ва Суҳроб»-и Борис Кимёгаров ёдрас мешаванд. Режиссёри кино Борис Кимёгаров дар китоби ёддоштҳояш «Роҳ ҷониби кӯҳсор меравад» (Москва, 1970) навиштааст: «Барои иҷро кардани нақши Суҳроб аз ҷумҳуриҳои бародар 16 ҳунарпешаро ба кинопроба – санҷиши кино даъват кардем. Танҳо Ҳошим Гадоев қавиирода баромад ва ба нақши Суҳроб бисёр ҷиддӣ муносибат мекунад».

Соли 1972 филми ҳунарии «Рустам ва Суҳроб» аз рӯи достони ҳамноми «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба экранҳои умумииттифоқии собиқ Иттифоқи Советӣ баромад. Тамошобинони серталаби кино Суҳробро дӯст доштанд. Махсусан, ҷавондухтарон мафтуни бозии Ҳошим Гадоев дар нақши Суҳроби гурд  гашта буданд.

- Агар аз хусуси захмҳои баданам ҳангоми наворбардории филмҳо қисса кунам, китобе хоҳад шуд хеле хонданӣ. Вақти банаворбардории филми ҳунарии «Рустам ва Суҳроб»  соли 1971 ду маротиба бо хатар рӯ ба рӯ шудам. Яке аз саҳнаҳои ҷангияш дар миёни тирҳои камони Гурдофарид сурат гирифта буд. Ногоҳ пайконе омада, ба сипари дар дастам буда зада, тоб хӯрду болои чашмам халид. Худо раҳм карду тир  ба чашмам нарасид. Тамоми  рӯямро хун зер кард. Маро зуд ба беморхона бурда, захмро дӯхтанд ва ба майдончаи наворбардорӣ оварда, захми болои чашмамро пардоз (грим) дода, наворбардории он саҳнаҳоро шурӯъ  намуданд.

Лаҳзаи дигар саҳнаи ҷанг бо Гурдофарид дар назди қалъа буд, ки он ҷо дастам шикаст.

Боз ба беморхона бурданд. Духтур маро муоина карда шинохт:

- Шумо дирӯз наздамон омада будед?..

Суҳроби Ҳошим Гадоев  тимсоли зебоӣ, паҳлавонӣ ва далерӣ гардида буд. Ба ҳунарпеша  муяссар гардидааст, ки он ҷасорат, далерӣ ва ватандӯстие, ки Фирдавсӣ дар достонҳояш  тасвир кардааст, хеле барҷаста ва ниҳоят пурсӯзу таъсирбахш дар экрани кино таҷассум намояд. Суҳроб дар чодари кино камсухан аст, вале тамошобин аз чеҳрааш ҳаракатҳояш (мимика), нигоҳаш пай мебаранд, ки ӯ чӣ мехоҳад ва чӣ гуфтание дорад. Чеҳрааш маҳзун аст. Ин маҳзунӣ асрори нуҳуфтае дар худ дорад, зеро дар суроғи падараш Рустами Достон аст. Ин ғамгиниро ҳатто Гурдофариди зебо ҳам аз чеҳрааш бардошта наметавонад. Шояд ӯ маргашро аз дасти падар ҳис карда буд? Вале тамошобини филми ҳунарии «Рустам ва Суҳроб» бо вуҷуди ҳамеша ғамгину маҳзун будани Суҳроб ӯро дӯст доштанд ва ҳанӯз ҳам дӯст медоранд.

Яке аз мухлисонаш аз шаҳри Прагаи собиқ давлати Чехословакия Ирина Элияшева баъд аз тамошои филм ва бозии нотакрори Ҳошим Гадоев  дар нақши Суҳроб дар мактубаш навиштааст: «Суҳроби азизи ман — Ҳошим! Ман туро 30 бор, 300 бор тамошо кардам ва аз тамошо хуморам намешиканад. Шумо, эй ситорагони тобони ҷаҳон – Жан Маре, Жан Пол Белмондо ва Ален Делон дар муқоиса бо Суҳроби Ҳошим Гадоев салобату ҳашамати актёриатонро бохтед…!».

Нақши Суҳроб кифоя аст, ки номи Ҳошим Гадоевро дар радифи ситораҳои кинои ҷаҳонӣ гузорем.

Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмату заҳматҳои ситораи санъати театр ва кино Ҳошим Гадоевро нахуст бо ордени олии «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва сонӣ унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.

Магар аз ин баландтар эҳтиром мешавад?

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»