Он метавонад ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад
Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа воситаҳои ахбори омма (ВАО), ки яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, нақши барҷаста дорад. Инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат тавассути онҳо имконпазир мебошад.
Солҳои охир рушди устувори ҷомеа ВАО-ро ба яке аз воситаҳои муҳими воқеънигорӣ ва таҷассумгари ҳаёти ҷомеа табдил додааст.
Эътироф бояд кард, ки дар ҳама марҳилаҳои инкишофи ҷомеа нақш ва мақоми воситаҳои ахбори омма чун имрӯз бузург ва ҳалкунанда набуд. Ин раванд бо ворид гардидани техника ва технологияи навтарин, амалӣ шудани принсипҳои демократӣ дар ҳаёти рӯзмарра дучанд афзуда истодааст. Пешрафти давлат ба воситаҳои ахбори омма робитаи ногусастанӣ дошта, нақшу мақоми он дар ояндаи наздик бештар эҳсос хоҳад гардид. Пӯшида нест, ки имрӯз иттилоот, ахбор ва ё маълумот дар муайян намудани равандҳои ҷомеаи муосир нақши муассир доранд. Бояд ёдовар шуд, ки инсоният ба иттилоот аз қадимулайём ниёз дошт, вале он чун имрӯз фарогири тамоми фазои фаъолияти сиёсӣ ва маърифати ҷомеа набуд, объекти асосии он маҳдуд ва мухтасар ба назар мерасид.
Имрӯз, бо дарназардошти раванди демократикунонии ҷомеа ва татбиқ гардидани сатҳи истифодаи технологияи навтарини иттилоотӣ дар ин самт таҳаввулот ба мушоҳида мерасад. Зуҳури ин таҳаввулот махсусан дар соҳаи сиёсат бештар назаррас аст, зеро сиёсат соҳаи муҳими ҳаёти ҷамъиятист, ки фарогири фаъолияти тамоми самти ҷомеа, умумиятҳои иҷтимоӣ ва ғайра мебошад. Набояд фаромӯш сохт, ки сиёсат майдони бархӯрди манфиатҳо низ мебошад. Ҷойи шубҳа нест, ки маҳз ҳамин хусусияти сиёсат нақши воситаҳои ахбори оммаро афзун сохта, онро ба неруи мустақил ва воситаи муҳими созандаю сӯзанда мубаддал сохтааст.
Ҷанбаи созандагии воситаҳои ахбори омма дар он ифода меёбад, ки соҳаҳои гуногуни ҷомеаро ба ҳам оварда, онҳоро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Инчунин имконияти фаровон дорад, ки дар самти ташаккули шахсиятҳои комилу созандаи ҷомеа нақши муҳим бозида, ҳамзамон ҳар як фардро алоҳида дар рӯҳияи ватандӯстӣ, посдории асолатҳои миллӣ ва меҳнатпарварӣ тарбия намояд. Албатта, дар ин ҷода муҳтаво, мундариҷа ва сифати маълумоте, ки воситаҳои ахбори омма дастраси ҳамагон мегардонанд, мақоми баландро касб менамояд. Бояд зикр намуд, ки ин хусусияти воситаҳои ахбори омма дар низоми сиёсии ҷомеа, ки сотсиологи амрикоӣ Д.Истон пешниҳод менамояд, ҳамчун «унсури дастгирӣ» ёдрас шудааст.
Ҳамзамон воситаҳои ахбори омма метавонад дар нумӯи ҷомеа рисолати сӯзанда дошта бошад. Ин рисолат низ аз мундариҷа ва сифати пешниҳоди маълумот вобастагӣ дорад. Агар дар воситаҳои ахбори омма ҳадафҳои сиёсии шахс ва гурӯҳҳои алоҳида муғризона инъикос ёбанд, пас ҳамчун омилҳои сӯзанда арзёбӣ мешаванд, зеро дар ин ҳолат воситаҳои ахбори омма дар қалби афроди алоҳида ва қишрҳои гуногуни ҷомеа эҳсоси буғзу кина ва адоватро мекоранд. Чунин омил дар низоми сиёсии ҷомеа, ба ақидаи Д. Истон бо мазмуни «талабот» ифода гардидааст. Ба андешаи ӯ унсури мазкур низоми сиёсии ҷомеаро заиф месозад. Бояд тазаккур дод, ки чунин тарзи фаъолиятро метавон чун душманӣ ба манфиатҳои миллию давлатӣ арзёбӣ намуд.
Солҳои охир воситаҳои ахбори омма, ки ба василаи муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа табдил ёфтаанд, таври густурда иттилооти гуногунро ба мардум мерасонанд. Набояд фаромӯш сохт, ки доираи фаъолияти воситаҳои ахбори омма маҳдуд набуда, он барои кулли одамон хизмат мерасонад. Дар зери ин мафҳум усулҳои гуногуни додани ахбор тавассути матбуот, радио, телевизион, сомонаҳои интернетӣ, маълумотномаҳои оммавӣ ва ғайраҳо ба сифати ҷузъҳои таркибии воситаҳои ахбори омма дониста мешаванд.
Даҳсолаҳои охир дар самти инкишофи воситаҳои ахбори омма такони ҷиддӣ ба амал омад. Ин омил ба суръати баланди инкишофи илму техника ва технология вобаста аст. Махсусан мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани воситаҳои инфиродии алоқа ва нашри иттилоот, системаҳои электронии коммуникатсионӣ, радио ва телевизиони кабелӣ, алоқаи кайҳонӣ тавассути радифҳои маснӯии замин ва мушакҳои гуногун дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма марҳилаи сифатан навро оғоз бахшиданд.
Воситаҳои ахбори омма дар низоми сиёсии ҷомеа, муносибатҳои сиёсӣ ва маърифатнокии одамон нақши муҳим мебозанд. Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз сатҳи инкишофи воситаҳои гуногуни ахбори омма, то ҳоло нақши барҷастаро дар интишори ахбор радио ва телевизион мебозанд.
Дар ҷомеаи муосир, ки бештар ҷомеаи иттилоотӣ ном бурда мешавад, нақши иттилоъ хеле барҷаста гаштааст, зеро барои идораи раванду падидаҳои гуногун гирифтани маълумоти мушаххас барои иқдоми дуруст замина фароҳам меорад. Иттилои дурусти саривақтӣ воситаҳои дигари идоранамоиро барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризона пешгирӣ намуда, баҳри ҳалли масъалаҳои доғи рӯз заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар давлатҳои пешрафтаи дунё ин масъаларо барвақт дарк намудаанд ва барои рушду нумӯи воситаҳои ахбори омма барномаҳои мукаммали давлатӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Хушбахтона, дар ҷомеаи имрӯза рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ таври муназзам чоп мешаванд, ки онҳо ҳаёти ҷомеаро возеҳу равшан ва воқеъбинона инъикос менамоянд. Дар саҳифаҳои онҳо бештар маводе рӯи чоп меоянд, ки дар онҳо таҳлили доманадор ва асосноки мавзӯъ ба мушоҳида мерасад. Бояд зикр кард, ки дар рӯзномаҳои ғайридавлатӣ аксар маврид мақолаҳое ба чоп мерасанд, ки далелу арқом бидуни омӯзиш рӯйи саҳифа омада, хусусияти ҳангоматалабӣ доранд. Дар кишварҳои абарқудрат рӯзноманигорони зиёд барои маводи иғвоангези худ дар назди қонун ҷавоб гуфтаанд, ҷаримаи калон супоридаанд.
Мутаассифона, баъзе маҷаллаю рӯзномаҳо, ки асосан бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ чоп мешаванд, маводеро рӯйи чоп меоранд, ки хонандаро ба гумроҳӣ мебарад.
Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки агар иттилои расмию сиёсӣ, хабару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма дар заминаи таҳлилҳои холисона, асоснок ва баҳогузории одилона нашр ва пахш карда шаванд, обрӯ ва нуфузи воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа дучанд мегардад.
Тибқи тадқиқотҳои сотсиологии ҷомеашиносон имрӯз зиёда аз 80 фоизи аҳолии ҷаҳон ба воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа таҳлилу тарғиб менамоянд ва ба он боварӣ доранд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма аз макон, замон ва хусусиятҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад.
Набояд фаромӯш сохт, ки воситаҳои ахбори омма низ барои фаъолияташон назди ҷомеа масъуланд, зеро маҳз онҳо бисёр баҳсу мунозираҳоро оғоз мебахшанд ва масъалаҳои ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аммо дар бисёр мавридҳо расонаҳои ғайридавлатии кишвар ва баъзе кишварҳои хориҷӣ ин ё он масъаларо яктарафа инъикос намуда, зимни таҳлили мавзӯъҳо ба сохтакорӣ ва ҳангоматалабӣ роҳ медиҳанд, ки ин амал мухолифи асноди байналмилалӣ оид ба матбуот мебошад.
Нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди ҷомеаи мутамаддин аз холисона ва таври ҳаққонӣ баҳогузорӣ намудани омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ вобастагӣ дорад.
Дар ин ҷода ҳамкории кормандони воситаҳои ахбори омма бо мақомот ва муассисаҳои гуногуни давлатӣ омили мусоидаткунанда ба шумор меравад. Яке аз роҳҳои асосии густариши ҳамкории воситаҳои ахбори омма ва мақомоти олии давлатӣ ташкили нишастҳои матбуотӣ мебошад, ки он ба рӯзноманигорон имкон медиҳад, то аз масъулин доир ба фаъолияти соҳаҳои гуногун бештар маълумот ба даст оранд.
Имрӯз дар аксари вазорату кумитаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои матбуотӣ фаъолият менамояд, ки онҳо баҳри бештар огоҳ намудани аҳолӣ аз раванди фаъолият нақши муҳим мебозанд.
Аз таҳлили фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма бармеояд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҳамоно ин бахш ба барномарезии мукаммал ниёз дорад. Барои то андозае рафъ гардидани мушкилоти воситаҳои ахбори омма вобаста ба расонидани иттилооти дурусту саривақтӣ метавон ба таври мухтасар чанд эрод ва пешниҳод ироа намуд:
1.Мутаассифона, дар баъзе воситаҳои ахбори омма рӯзноманигороне фаъолият доранд, ки соҳибкасб нестанд ва аз масъалаҳои нозуки соҳа бехабаранд, яъне вобаста ба рисолати журналист маълумоти кофӣ надоранд.
2.Одоби журналистиро ба ҷой намеоранд, ки дар ин замина манфиати шахсӣ аз манфиати давлат, миллат ва ҷомеа боло дониста мешавад.
3. Аз масъалаҳои моҳияти ҷузъидошта проблемаи «глобалӣ» месозанд. Дар баҳогузории масъала мақсадҳои муғризонаро ҷой медиҳанд, ки ин омил ба воқеияти мавзӯъ заъф ворид месозад.
4.Дар рӯзномаҳои ғайридавлатӣ ғалатҳои имлоӣ ва китобатӣ фаровон ба назар мерасанд, истифодаи зиёди калимаҳои арабӣ ва калимаҳои иқтибосии бемаврид нигаронкунанда аст.
Албатта, дар як мақолаи хурд баррасӣ намудани раванди фаъолияти воситаҳои ахбори омма аз имкон берун буда, андешаҳои зикршуда «қатрае аз баҳр»- ро шабеҳанд. Итминонам комил аст, ки он мавриди таваҷҷуҳи масъулин қарор мегирад.
Шодмон Ахмедов, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, корманди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино