Насиҳат гӯш кун, ҷоно…

Нафси бисёрфармоянда ба бадӣ аст

№61 (4481) 21.05.2022

Бардошт аз ҳадяи Президент

«Ин мусҳафи шариф ҳадяи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аст».

«Он, ки ин «Қуръон»-и гиромиқадр аст, дар Китоби пӯшида, ки ба ҷуз поккардагон касе ба он даст намерасонад».

Дар саҳифаи аввали Каломи Худо, ки соли 2007 бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба нашр расид, ҳамин сатрҳо дарҷ гардидаанд. Дар он, ки фарогири оламу одам, ҳақиқати ҳастӣ мебошад, ҷавоби саволҳо ва роҳи ҳалли ҳама мушкилот мавҷуд аст. Дарки ин маънӣ ва фаҳмиши пурраи ин ҳақиқат табиист, ки на ба ҳама муяссар мегардад. Онро танҳо нафарони поке дарк мекунанду баҳра мебаранд, ки бо нияти неку холис, самимона ба ин дарвозаи ҳақиқат ворид шаванд.  Инсоне, ки мехоҳад аз Каломи Худо барои шуҳрат, манманӣ, баҳсҳои бепоя, манфиати ҳавою ҳавас, хулоса, нияти ғайр истифода барад, ӯ низ шояд ба «мақсад» бирасад, вале дар ниҳояти кор шармандаю рӯсиёҳ мегардад. Хоҷа Ҳофиз беҳуда таъкид накардааст: «Доми тазвир макун чун дагарон Қуръонро».

Ҳар субҳидам кӯшиш мекунам қадри имкон, ин Китоби китобҳоро рӯи даст гирам, сафҳае, ояте, сурае мутолиа кунам.

Бисёр вақт дар ҷараёни рӯз бо муносибат ва ҳаводиси гуногун дучор меоед, ки шуморо хушҳол, ғамгин, рӯҳбаланд ё ноумед мекунад… Ҳамин ки ин Китоби муқаддасро кушодед, бисёр чизҳо бароятон рӯшан мешаваду ҳолати яъсу ноумедӣ ва ғамро аз қалбатон мезудояд: «ва қасам ба нафс (-одамӣ) ва Зоте, ки ӯро дурустандом намуд; сипас шинохти гуноҳи ӯву парҳезгории ӯро дар дилаш андохт; ва ба дурустӣ, ҳар кӣ нафсро пок сохт, растагор шуд; ва ба дурустӣ ҳар кӣ онро бо гуноҳ пӯшонд, зиёнкор шуд» (сураи «Шамс», оёти 8,9,10,).

Воқеан ҳам, бисёр аъмоли неку бад аз он сарчашма мегирад, ки мо нафсу ақлро чӣ тавр истифода мебарем. Нафаре ҳаст, ки барои мавқеашро дар идора ё коргоҳе мустаҳкам кардан нисбат ба ҳамкораш ба сардор «маслиҳат» дода, мехоҳад ҷояшро ишғол намояд. Дар баъзе мусофирбарҳо мушоҳида мекунем, ки ронандаю пулчинак, лаҷоми нафсашонро аз даст додаанд, шиорашон: «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад». Агар инро ба он баднафсҳо фаҳмонӣ, туро «насиҳат» мекунанд. Дар бозор фурӯшандае, ки ғуломи нафс аст, ба исми Худо қасам мехӯрад, вале мехоҳад бо дурӯғу ҳаннотӣ молу маҳсулоти гарону бесифатро фурӯшад. Вай намедонад, ки «дурӯғгӯ душмани Худост». Чанд рӯз пеш дар мусофирбаре чунин ҳолатро мушоҳида кардам. Се наврас бо завқ дар телефони мобилӣ наворҳои ғайриахлоқиро тамошо мекарданд. Нафари худогоҳе хост ин рафтори онҳоро ислоҳ кунад, вале натавонист. Ақаллан хост аз ронанда хоҳиш намояд, ки дар ин ҳавои гарм камтар савор кунад ва ҳамчунин «таронаи рӯҳнавоз» — ро паст кунад, вале аз вай низ ҷавоби «хуб» шунид: «Ака, намефорад, фаро, бо таксӣ рав!» Он лаҳза мошин бо ишораи нозири БДА истод. Ронанда ба пулчинакаш фармуд як даҳсӯма диҳад ва бовиқор назди ҳимояткунандаи қонуну қоидаи тартиботи роҳ рафту «саломи бародарона» намуд. Ба маҳали зистам расида, хостам каме пиёда гардам ва аз ҳавои тоза нафас гирам. Аммо бӯи партовгоҳ ва дуди ғализи корхонаҳои оҳангудозию хиштпазӣ ба машомам зад. Бо чунин ҳолат ба ҳавлӣ расидам ва танҳо бо дидани набераҳои дӯстрӯ ва табассуми самимии онҳо хастагиам каме рафъ шуд.

Вақте «Қуръон»-и маҷидро ба даст гирифтам, фаҳмидам, ки нафси саркашу бисёрфармоянда ҳатто Юсуфи пайғамбарро низ қариб аз роҳ бизанад: «Юсуф гуфт: Ин ҳама барои он аст, то (Азиз) бидонад, ки ман ғоибона ба ӯ хиёнат накардаам ва (бидонад) ин, ки Худо хиёнаткоронро роҳ наменамояд; Ва ман нафси худро ба покӣ сифат намекунам, ҳамоно нафси бисёрфармоянда ба бадӣ аст, магар он вақт, ки Парвардигори ман омурзандаи меҳрубон аст».( сураи «Юсуф», оёти 52-53). Нафси бад одамро хиёнаткор ҳам мекунад!

Мисоли ҷадид: «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории заминро дар ноҳияи Файзобод мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод. Санҷиш дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагони ноҳия қонунвайронкунии зиёдро ошкор намуд, — хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии мамлакат. — Бо натиҷаи санҷиш дар ноҳияи Файзобод ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва харидуфурӯши 5,45 гектар замин ба 57 нафар ба маблағи 285 000 сомонӣ, 120 000 рубли Федератсияи Россия ва 8800 доллари ИМА ошкор гардиданд. Нисбат ба шахсони гунаҳгор 2 парвандаи ҷиноятӣ, 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба 15 қарори ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда, барои ба ҳолати аввала баргардонидани 0,75 га қитъаи замин амр дода, 28505 сомонӣ андози замин дар буҷети давлат барқарор шуд».

Аз ин бармеояд, ки набояд аз паси нафси саркаш рафт, набояд фаромӯш с­ох­т, ки Офаридгор ба мо — инсонҳо ақл ҳам додааст, ки бояд онро пешрави корҳоямон гардонем, на нафсро — мисли ҳайвоноту парандагон, хазандагон…

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»