Нахустин асар дар библиографияи адабиёти бадеӣ

№46 (3526) 07.04.2016

Чаноб

Чанде пеш китобномаи «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид. Дар он номгӯи осори бадеӣ ва публитсистии адибони тоҷик, афкору андешаи олимону рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон бахшида ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феҳристнигорӣ шудааст.

Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, чор қисм ва шаш рукни таркибӣ иборат аст. Мақолаи муқаддимавӣ оид ба мазмуну муҳтавои осори ба мавзӯъ ихтисосдош­та маълумоти мушаххас меди­ҳад. Дар қисми якуми китобнома номгӯи осори назмии дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи ашъори дар нашрияҳо интишорёфта ҷой дода шудаанд. Асарҳои назмиву насрии якҷоя дар як нашр интишорёфта низ ба ҳамин қисм вориданд. Қисми дуюми китобнома адабиёти насрии ба мавзӯъ рабтдоштаро дар бар мегирад.

Барои осон намудани кори пажӯҳандагон дар қисми чаҳоруми китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудааст.

Дар  китобномаи «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» унвони асарҳо тибқи стандарти маъмул номнавис шуда, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда бо нишон додани манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм шарҳ дода, асарҳое, ки аз тариқи сарлавҳаашон дарки мазмуни нашр душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.

Китобнома, ки зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр омода гардидааст,  матолиби чопии солҳои 1994-2015 интишорёфтаро фаро гирифта, дар асоси захираи Китоб­хонаи миллии То­ҷикистон, нашрияҳои биб­лиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) – Хонаи китоби Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

- Дар нашри мазкур на ҳамаи осори бадеӣ ва пуб­литсистии бахшида ба корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интишорёфта ворид шудаанд. Иллати асосии ин, қабл аз ҳама, дар он аст, ки на ҳамаи матолиби чопии дар ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешаванд. Илова бар ин, бо теъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 100 то 200 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонида, барои сари вақт бақайдгирӣ ва феҳристнигории онҳо монеа эҷод мекунанд, — мегӯяд мураттиби китоб, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода.

Китобномаи «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» бо сифати баланд дар нашриёти «ЭР–граф» чоп шуда, ба хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва омӯзгорону муҳаққиқон ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ хидмат хоҳад кард.

Дар охир бамаврид аст аз тақризи ба китоби мазкур навиштаи номзади илмҳои таърих Қурбоналӣ Буриев пораеро ба хонанда пешкаш кунем, ки баҳои баланду холисонаест. Вай навиштааст, ки ин китоб «…натиҷаи заҳмати беандоза бузурги китобшиноси маъруфи тоҷик Шариф Комилзода мебошад. Ӯ тавонистааст, ки дар як муддати на чандон тӯлонӣ дар мавзӯъҳои замонавӣ осори библиографии гаронқадр офарад. Хотирнишон бояд намуд, ки китобномаи мазкур аз саҳеҳтарин ва аз лиҳози биб­лиографӣ мушаххастарин феҳрист бахшида ба инъикоси симои Пешвои миллат дар адабиёти бадеӣ маҳсуб шуда, то ба имрӯз назири худро дар библиографияи тоҷик надорад».

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»