Нахустин парчами давлатӣ дар осорхонаи миллӣ

№142 (4404) 23.11.2021

1Дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, хусусан деворнигораҳои гуногун, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгон басо ҷолиб зикр ёфтааст. Дар он зикр мегардад, ки «Дирафши Ковиён» солҳои тӯлонӣ чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимаи ориёиҳо — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст. Аз «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодӣ дирафши хос доштааст. Яъне, дирафш аз қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисорӣ кардаанд.

Бахусус, сулолаи Ҳахоманишиҳо (558-330 то милод), дар таърихи инсоният яке аз нахустин империяҳоро созмон дода, парчам доштаанд, ки намунаи он дар осорхона маҳфуз аст, ранги сурх дошта, бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шудааст. Дар мобайн уқоби болҳояш кушода тасвир ёфтааст. Дар сарчашмаҳои таърихӣ уқоб ҳамчун рамзи қуд­рату тавоноӣ, қадимтарин нишони мардуми ориёӣ мебошад. Яъне, парчами Ҳахоманишиҳо бо рангу тасвирҳояш ҳам баёнгари миллати ориёӣ будани тоҷикон ва ҳам нерумандии империяи замон маҳсуб меёфт.

 Дар даврони Сосониён (224-651) шакли парчами ниёгон каме тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи заррин — мурғи ҳумо тасвир ёфтааст, ки дар чанголҳояш саққоҳои тиллоӣ дорад. Дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардидаанд. Ҳамчунин, дар он давра парчам хурду мураббаъ гардида, онро чилипо — салиб ба чор бахш тақсим менамояд. Ҳоло намунаҳои дирафши Ҳахоманишиҳо ва Сосониён (шакли бозсозишуда) дар гӯшаи ёдгориҳои давраҳои зикршуда дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

2Давлатҳои минбаъдаи ниёгон низ, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфтанд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки решаҳои он ба умқи таърих мераванд, соҳиби парчам буданд.

Хусусан, даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Аз ҷумла, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳиб­истиқлоламонро таҳия ва қабул гардиданд. Баробари эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчам ба миён гузошта ва озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар натиҷа, ба комиссияи ташкилгардида зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод шуд. Аз байни онҳо Парчами давлатӣ — бо се хати ранга (сурх, сафед, сабз) ва тоҷу ҳафт ситора, ки лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев мебошад, беҳтарин дониста шуда, пасон, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кишвар соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Хушбахтона, айни ҳол ҳамон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар бахши махсус ҳамчун ашёи нодиру муқаддаси таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор гирифтааст. Ин ҳамон Парчамест, ки Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ онро бӯсида, дар наздаш сари таъзим фуруд оварданд.

Ва ин нигораи басо арзишманди осорхона таърихи аҷиб дорад. Он танҳо пас аз 15 соли баргузории Иҷлосияи таърихӣ, зимни таҷлили ин сана аввал ба дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, соли 2007 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид. То рӯзи таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Парчами нахустинро корманди масъули Шӯрои Олии Тоҷикистон Калимулло Қодиров ҳамчун яке аз муқаддасоти миллат эҳтиёт ва ҳифз намудааст.

 Ҳоло «Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти рақами осорхонавии КВ — 12823/2 дар толори даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯшаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба таври парафшон гузошта шуда, нигораи марказии гӯша маҳсуб меёбад. Дар атрофи Парчам аксҳо аз ҷараёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҷой дода шудаанд.

Дар ҳама давру замон Парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатӣ дар муттаҳидсозии мардум хизмат намудааст. Алҳол низ Парчам нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз ташкили гӯшаи махсусу доимоамалкунанда дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нигораи нодири таърихӣ, яке аз муқаддасоти муҳимтарини миллату давлат – «Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ҳамин аст.

Фирдавси АБДУЛҲАМИД,

сардори Шуъбаи таърихи нав ва навтарини Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»,

номзади илми таърих