Накҳати деҳаро ба шаҳр овард

№34 (4296) 16.03.2021

156565373_428089951816090_8997178461754772121_nШеъри асил барои миллати тоҷик муқаддас мисли нон аст. Шояд бархе гӯянд, ки шоири бисёр ба кӣ ҳам даркор? Кайҳост, ки фурсати таваҷҷуҳ зоҳир намудану омӯзиши фанҳои дақиқ, фанновариҳо фаро расидааст. Бояд касбу корҳои саноату мошинсозиро пеша намуд. Бале! Вале ба ин гунаҳкор кардани шоирон ҳеҷ аз рӯи адолат нест. Барои мисол наметавон бо шоирони муваффақе чун Муҳаммад Ғоиб ва Давлат Сафар, ки яке аз рӯи ихтисос физик ва дигаре кимиёву биологанд, барои кор накардан аз рӯи ихтисос ва рӯ овардан ба олами рӯъёии шеър ихтилофи назар дошт. Ҳама касбу ҳунар ба маҷоз эҷоданд ва маҳсули онҳо ба ҳар сурате шеър. Миллат аз ихтироъкорон орӣ нест, ки ба ин гузаштаи дерину рангорангамон дар мисоли бузургони кимиёю ситорашиносу дигару дигар гувоҳ аст. Ин ҳамаро эҳё карда тавонистан лозим аст. Ногуфта намонад, ки гузаштагони шарафмандамон ҳам, бо вуҷуди олиму муҳандис будан, дар фурсати фароғат шеър эҷод мекарданду бо шоирӣ машҳури дунё гаштаанд. Он гунае, ки Хайёми бузург бо рубоиҳои беназир дили аҳли ҷаҳонро ба шавқу шӯр овард.

Дар ҳама ҳолат бо зуҳури барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Давлат Сафар адабиёт бурд кардааст. Муаллифи чанд китоби шеърӣ ва достон буда, дар ҳама жанри шеърӣ муваффақ аст. Бахусус, дар эҷоди рубоиҳо, ки ниҳоят пурмазмун ҳастанд, комёб мебошад. Шоирест, ки вожаҳои ноби аслии тоҷиконаро, ки муддате аз боди самуми рӯзгор дар ҳолати маҳвшавӣ қарор доштанд, умри дубора бахшида, якҷо бо накҳати деҳа ба шаҳр овард.

Ӯ баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногун муваффақона кор карда, ҳамеша ҳамнафас бо шеъру шоирӣ буд. Метавон гуфт, ки бо омадани ӯ ба нашриёти «Адиб» ба сифати роҳбар рӯйдодҳои фараҳбахши фарҳангию адабӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Вай, баробари таъин гардидан ба ин вазифа, ташаббусеро роҳандозӣ намуд, ки дар таърихи нашриёт бесобиқа мебошад. Захираи солиёни зиёд дар анборҳо хобидаи китобҳоро аз тариқи корвони «Китоб» ба мардум расонду ба нашри осори адибони классику муосири тоҷик ва ҷаҳон камар баст. Китобро бо мардум, мардумро бо китоб аз нав ба ҳам овард. Барҳақ, ба ҳайси «Сафири кабири китобу маърифат» аз шаҳри Душанбе то шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ намоиш ва корвони «Китоб» — ро ташкилу сафарбар намуд. Баъди пеш омадани мушкилиҳо, аз ҷумла, хурӯҷи бемории COVID – 19, ҷоннок намудани чорабиниҳои адабию фарҳангӣ корест муҳиму саривақтӣ. Дар ин самт низ шоир Давлат Сафар дар сафи пеш мавқеъ гирифта, зуд – зуд дар баргузор намудани маҳфилҳои базми шеъру суруд ва амсоли он корҳои мондагореро ба сомон мерасонад. Маҳфили навбатии ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузорнамудаи ӯ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон идомаи мантиқии ин раванд аст. Чорабиниро Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло ҳусни оғоз бахшид. Ҳаводорон аз забони муаллиф ашъори ӯро шунидаю лаззат бурданд. Ҳунармандони шинохта  Афзалшоҳи Шодӣ, Қурбоналӣ Раҳмон, Чилахон Холов, Ҷовидон Нозимов, Ҷумъахон Сафаров, Ортиқи Қодир, Лутфулло Давлатзода, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов ва сарояндаи ҷавон Фаридуни Абдулло аз ашъори шоири маънию ватансаро Давлат Сафар шеърҳои дилнишинро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»