Зикри хайр

Накӯном

№12 (4118) 23.01.2020

1 Худованд чун аксари некномон умри кӯтоҳ, вале пурбаракатро барояш насиб карда буд. Тавонист аз ин атои яздонӣ пурсамар истифода бурда, сарҳади зиндагиро рахна созаду по ниҳад ба сарзамине, ки ҷовидон унвон гирифтааст.

Хуб медонист, ки раҳ бурдан ба дили одамӣ ҳазорон маротиба душвортар аз рахна кардани кӯҳи Бесутун аст, мақом ёфтан дар лавҳи хотири мардум ва сазовор гаштан ба боварии халқ болотар аз ҳама унвону мукофотҳост.

Доимо пайи созандагӣ, кумак ба инсонҳо қадам мебардошт. Аз ноомади кори замон ғамгин мегашт, байни комёбии хешу бегона фарқ намегузошт. Ба аксари зердас­тон «бачам»-гӯён муроҷиат мекард.

Хислатҳои хоси зиёде дошт, ки имрӯз наздикону дӯстон ва онҳое, ки боре бо ӯ ҳамсуҳбат буданд, ёд мекунанд. Маҷлисоро, хоксору шикастанафс, инсондӯсту ғамшарики наздикон буд. Дар кор сахтгиру серталаб бошад ҳам, касе ёд надорад, ки аз назди ӯ шахсе бо хотири озурда рафта бошад.

Дар назари аввал ин дастовардҳо гӯё ба ӯ ба осонӣ ба даст меомаданд, вале наздиконаш хуб медонистанд, ки барои ба ҳадаф расидан чӣ қадар азоб кашид… Дуюми феврали соли 1939, ки тамоми талу теппаҳои ноҳияи Ғармро барф пӯшида буд ва мардум баъд аз ғундоштани ҳосили тирамоҳӣ дар хонаву чойхонаҳо атрофи сандаливу чаҳлакҳо гирд омада, қиссахониву шеъргӯйӣ мекарданд, дар хонаводаи акаи Шарифҷон тифле ба дунё омад. Хурсандии номбурда шодии тамоми мардуми деҳаи Қазноқ буд. Зеро ин деҳқони меҳнатқаринро ҳама дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд.

Тифлро Аминҷон ном ниҳоданд. Бо умеде ки боэътимоду дурустқавл ва бовафо бошад. Даврони тифлии қаҳрамони матлаб якҷоя бо гуруснагиҳои даврони ҷангӣ паси сар шуданд. Соли 1947 ба мактаб рафт. Чун замини ташналаб аз борони савод шодоб гашту нашъунамо ёфт. Вақте ки мактаби деҳаро хатм кард, дар наздаш  ду роҳ меистод: яке интихоби шуғли падар — деҳқонӣ, ки барояш хеле муқаддас ба ҳисоб мерафт ва дигар қадам задан дар ҷодае, ки интиҳояш барои ӯ номаълум буд, яъне, илмомӯзӣ. Ҳарчанд нисбат ба кишоварзӣ эҳтироми зиёд дошт, аммо ҳисси кунҷковию ҷӯяндагӣ ӯро ба роҳи дигар раҳнамун сохт.

Ҳамон солҳо дар мактабҳои ноҳия муаллим намерасид. Аз навоҳии дуру наздик ҷавонони меҳнатдӯст, ки касби пурифтихору мушкили омӯзгориро пеша карда буданд, бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Ғарм меомаданд. Меомаданду ду-се сол ё аз ин бештар кор мекарданд. Таҷриба меандӯхтанду ба ҳайси омӯзгори варзида ба зодгоҳ бармегаштанд. Мактаб­ҳои ин минтақа мемонданду омӯзгорони ҷавони бетаҷриба — онҳое, ки ба ин водӣ сафарбар мешуданд. Амаки Шарифҷон марди деҳқон бошад ҳам, моҳияти ин масъаларо хуб фаҳмид. Медонист,  танҳо омӯзгороне, ки баъди андӯхтани таҷриба муқимӣ мешаванд, метавонанд дар тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузоранд. Рӯзе сари ин масъала бо писараш суҳбат кард. Он рӯзи баҳорро Аминҷон хуб ёд дошт. Замин шудгор мекарданд. Ҳини дамгирии барзаговҳо падар гап сар кард.

- Писарам, ҳафт пушти мо аз касби деҳқонӣ нон хӯрд,- ба чеҳраи зебои писараш чашм дӯхта гуфт падар. — Мақсад аз зистан дар дунё танҳо ҳамин нест. Шарт нест, ки ҳама пайи касби бобоӣ ранҷ кашанд. Ба ҳар касе Худо ақлу дониш дода бошад, бояд илм омӯзад. Ту дониши хуб дорӣ. Муаллимон мудом таъриф мекарданд. Ду сол боз ҳамроҳи ман кор кардӣ. Нозукиҳои касби бобоиро омӯхтӣ. Агар гапи маро гирӣ, ба мактаби муаллимӣ дохил шав. Ин касби пуршараф аст. Бачаҳои аз дунё бехабарро тарбия мекунӣ. Шояд оянда аз байни шогирдонат ашхосе ба воя расанд, ки нобардорат шаванд.

Аминҷон сукут варзид. Намедонист ба падар чӣ посух гӯяд. Ӯ низ дар дил чунин орзуро мепарварид, аммо ҷуръат намекард. Дилаш аз фараҳ лабрез шуд, аммо ба падар посух нагуфт. Падар сукути ӯро аломати ризо донист. Баъди кишти ғалла тайёрӣ дид. Аз пирони деҳ дуо гирифта, соли 1956 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навобод ҳуҷҷат супурд.

Ҳамсабақон хуб дар ёд доранд ҷавони шармгину ситорагармеро, ки як рӯз пеш аз имтиҳоноти қабул ҳамроҳи пири нуроние ба қабулгоҳи директори омӯзишгоҳ даромад. Ӯро бе имтиҳон қабул карданд, зеро барои касоне, ки мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм менамоянд, чунин имтиёз  пешбинӣ шуда буд. Баъд ин ҷавони шармгину камҷуръат маслиҳатгару роҳнамои шарикдарсон гардид. Аз касе ёрию кумакашро дареғ намедошт. Дар тарбияи ин писараки кунҷкову зирак муаллимони варзида Идибек Толибов, Кифтон Майдонов, А. Шабкин, Ю. Мастов,  Тоҷиддин Нуъмонов  ва дигарон саҳм гузоштанд

Пас аз хатми омӯзишгоҳ бо тавсияи ин устодон ба факултети география ва биологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супурд.

Ҳангоме ки дар донишгоҳ таҳсил мекард, радиои ҷумҳурӣ барои интихоб кардани нотиқони ҷавон озмун эълон намуд. Аминҷон дар ин озмун ғолиб шуд  ва якчанд сол садои ҷозибу марғуладораш дар гӯши аҳолии кишвар садо дод. Баъдтар фаъолияти худро дар радиои маҳаллӣ низ идома бахшид.

Панҷ соли истиқомат дар шаҳр ҷавони содаи кӯҳистониро аз ҳама ҷиҳат инкишоф дод. Донишгоҳро бомуваффақият хатм намуд ва ба зодбуми хеш баргашт.

Симои ҷавонмарди баландболо, газгӯшт, чеҳракушода, ки лабонаш моили табассум буданду нигоҳаш тасхиркунанда, ҳоло ҳам аз лавҳи хотири шогирдон, ки имрӯз аксар устоданд, зудуда нагаштааст. Ҳоло ҳам онҳо аз дарсҳои шавқовару пурмазмуни географияву биология боҳавас ёд меоранд.

Муаллими кордону матинирода ба зудӣ байни ҳамкасбон шуҳрат пайдо кард. Пас аз як соли кор дар мактаб ба шуъбаи маориф даъват шуд ва масъулияти баланд – нозириро ба дӯшаш гузоштанд. Чанде кор кард ва боз ба мактаб баргашт. Чандин сол ба сифати муовини директор оид ба таълиму тарбия дифои вазифа намуд. Дар ташкилотчигию роҳбарӣ низ муваффақ буд. Соли 1975 директории мактаби №3-и деҳаи Қазноқро ба зимма гирифт. Тӯли се соли фаъолият исбот кард, ки фарзанди деҳотии деҳқонзода низ дар ҷодаи роҳбарӣ корҳои зиёдеро сомон дода метавонад.

Соли 1977, вақте роҳбарияти Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия масъалаи таъини ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия ба муҳокимаи аъзои бюро пешниҳод кард, ҳама бо як овоз ҷонибдорӣ намуданд.

Як пояш дар Ғарму пои дигар дар Душанбешаҳр. Гаҳ ба идораҳои вазорат сар мехалонду гаҳ ба утоқи кории роҳбарияти ноҳия. Атрофи худ беҳтаринҳоро гирд оварда, дар чорабиниҳои аксар мактабҳо иштирок мекарду маслиҳатҳои судманд медод. Камбудию норасоиҳоро пайдо намуда, дар муддати кӯтоҳ бартараф мекард.

Дар ҳамин давра бори аввал дар ноҳия 4 мактаби дуошёнаи типи нав ба истифода дода шуд. Нахустин бор хонандагон баъди хатми мактаби миёна дар баробари номаи камол ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтанд. Теъдоди зиёди хонандагон дар озмуну спартакиадаҳо ширкат варзида, ба дастовардҳои арзанда сазовор гаштанд. Барои боз ҳам шавқовар гузаштани дарсҳо дар назди шуъба филмотека ташкил шуд, ки макотиби ноҳияро бо наворҳои гуногуни кино таъмин менамуд.

Акнун ҳама бо эҳтиром бо ӯ муносибат мекарданд. Дар маъракаҳо бологузару дар ҷамъомадҳо маҷлисоро буд. Чандин дафъа вакили мардум интихоб гардид. Вале боз ҳам як деҳотии хоксору ҳалим ва хоксор боқӣ монд.

Шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки ҳоло дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ кор мекунанд.

Ду соли охири ҳаёташро ба ҳайси директори мактаби зодгоҳ сипарӣ кард. Ҳангоме ки дунёро падруд гуфт, ҳамагӣ 49 сол дошт.

Суҳбати дӯсту ҳамкори қадрдонаш Аъзамҷон Ҳасанов ба хотирам мерасад. Чун мо аз устоди зиндаёд сухан гуфтем, сукут варзид. Маълум буд, ки ёди он лаҳзаҳо боиси ранҷиши хотир ва хурӯҷи дард мегардад.

- Бори аввал дидам, ки барои видоъ намудан бо муаллим ин қадар одам ҷамъ ояд, — билохира сукунатро бо овози хастаи пурдард шикаст номбурда.

…Хуб ёд дорам. 25 июли соли 1989 буд. Шаб хоби парешон дидам. Субҳи содиқ аз хоб бархостам. Дилам сиёҳу хотирам парешон буд. Пешомади нохушеро ҳис мекардам. Байни деҳа баромадаму таги сояи чинори азими куҳансол қарор гирифтам. Ду тан аз ҳамдеҳаҳо ба ман наздик шуданд ва нафаре иттилоъ дод:

«Аминҷон дар Душанбе мурдааст». Бо чашмони пур аз ҳайрату даҳшат ба ӯ нигаристам. Забон ба комам часпида буд. Дар дил худро тасаллӣ додам, ки шояд ин хабар дурӯғ бошад. Охир ӯро худам гусел кардам, сиҳату саломат буд.

Шаб нисф мешуд. Майдони назди чойхонаи деҳа пур аз одам буд. Шаб мегузашту мардуми деҳ бо сари хаму дили пурғам интизори омаданаш буданд. Дар байни онҳо падари Аминҷон — амаки Шариф ҳам буд. Ӯ аз  фоҷиаи бар сарашомада хабар надошт. Касе ёрои ба мӯйсафед гуфтани ҳақиқатро надошт. Ҳангоме ки ҷасади беҷони Аминҷонро дар мошини сабукрави худаш оварданд…

Акаи Аъзамҷон дар ин ҷо суханашро қатъ ва сукут ихтиёр намуд.  Мо низ халал нарасондем ва ӯро бо ёдҳояш вогузош­тем…

Зиндаёд Аминҷон инсони муқаррарӣ буд, аммо аз он ки рисолати одамиро хуб дарк намуда буд, мардум ӯро дӯст медош­танду хоҳанд дошт.

Алишери МУҲАММАДӢномзади илми фалсафа,

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»