Дар таърихи халқи тоҷик номи бисёр шахсиятҳо бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари давлатӣ ва ҷамъиятӣ соҳиби чунин қадршиносӣ гардидаанд. Назаршо Додхудоев аз зумраи чунин инсонҳост, ки тӯли ҳаёти пурбаракати хеш ба нафъи халқу Ватан хизматҳои арзандаю шоён кардааст. Дар бораи ин инсони накуном мақолаҳои зиёд ва китобҳо иншо шудаю нашр гардидаанд. Сабаби ин шабу рӯз бори дигар аз ин марди бузург ёдовар шудани мо ин аст, ки имрӯзҳо наздикону пайвандон ва шогирдон пайи таҷлили садсолагии зодрӯзи Назаршо Додхудоев мебошанд.
Сад сол пеш, 20 декабри соли 1915, дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон дар хонаводаи Додхудо тифле чашм ба олами ҳастӣ кушод ва аз овони кӯдакӣ миёни фарзандони дигари оила бо идроки баландаш фарқ мекард. Бинобар ин, падар ӯро дар синни ҳафтсолагӣ назди ягона нафари дар деҳа босавод охунд Назарбек супурд. Дар андак муддат Назаршо ҳуруфоти арабиасосро дар пояи мутолиаи «Ҳафтяк» ва «Нурнома» ба хубӣ ёд гирифт. Соли 1925 дар деҳаи Дерзуд мактаби ҳафтсола таъсис ёфт ва Назаршо аз зумраи аввалин шогирдони ин мактаби нав буд.
Пас аз хатми мактаб ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ рафта, дар техникуми омӯзгорӣ ду сол (солҳои 1932 — 1934) таҳсил намуд. Дар ин давра фаъолияти меҳнатиаш низ оғоз ёфт. Ҳамроҳи шарикдарс ва дӯсташ Акрам Тошмуҳаммадов (бародари нахустгенерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов) дар рӯзномаи «Бадахшони сурх» ба ҳайси ҳуруфчин кор кард. Яъне, фаъолияти меҳнатии ин марди дар оянда ходими намоёни давлатӣ дар доираи рӯзноманигорон оғоз ёфт ва якчанд сол вазифаи мудири шуъбаи рӯзномаро бар уҳда дошт.
Солҳои 1938 — 1939 муҳаррири масъули нашрияи «Пионери Тоҷикистон» буд. Ба зиммааш он давра ҳамчун ҷавони кордону фаъол вазифаи котиби Кумитаи комсомоли шаҳри Хоруғ ва дертар мудири шуъбаи Кумитаи комсомоли вилоят оид ба мактабу ҷавононро вогузор намудаанд. Соли 1937 Назаршо Додхудоевро котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Обигарм таъин мекунанд. Дар ёддоштҳои дӯстону наздикони Н. Додхудоев зикр ёфтааст, ки вай соли 1936, ҳангоми ширкат дар анҷумани комсомолони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шоҳиди суханронии Шириншоҳ Шоҳтемур шудааст. Пас аз анҷумани мазкур Н. Додхудоевро барои таҳсил ба шаҳри Москва мефиристонанд. Байни 90 нафар ӯ ягона намояндаи Осиёи Миёна аз Тоҷикистон буд. Ҳангоми ширкат дар маросими дафни нависандаи машҳури рус Максим Горкий бори нахуст аз наздик сарони мамлакати шӯравӣ И. Сталин, В. Молотов, К. Ворошиловро дида, дар суҳбати Н. Крупская иштирок дошт.
Баъд аз анҷоми таҳсил ва бозгашт ба шаҳри Душанбе ба адои вазифаҳои гуногун дар идораҳои умури дохила пардохт. Ду сол дар мактаби милитсия таҳсил намуда, дар вазифаҳои масъули шуъбаи корҳои дохилии (НКВД) ноҳияи Варзоб, сипас дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳайси сардори шуъбаи корҳои дохилии вилоят кор кард. Мушарраф гаштан ба унвони «Чекисти хизматнишондодаи СССР» аз хизматҳои арзандаи ӯ дар ин ҷода гувоҳӣ медиҳад. Соли 1942 ӯро муовини сардори Раёсати НКВД-и шаҳри Сталинобод таъин мекунанд. Аз соли 1945 то 1947 сардори Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.
Назаршо Додхудоев аз соли 1947 дар мақомоти идораи давлатӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Моҳи марти соли 1948 ӯро раиси Кумитаи иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин мекунанд. Он замон вазъи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ВМКБ он қадар хуб набуд ва дар ин ҷо корҳои зиёде бояд иҷро мегардиданд. бо истифода аз донишу таҷриба ва малакаи роҳбарии худ тавонист барои пешрафти хоҷагии халқи вилоят ва беҳбудии рӯзгори мардум саҳми арзанда гузорад. Масалан, он вақт шаҳри Хоруғ танҳо дар соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буд, соҳили чапи дарё биёбони хушкеро мемонд. Барои аз байн бурдани мушкилоти беобӣ ду роҳ вуҷуд дошт. Якум, тавассути истифодаи насосҳои обкаш, ки барои он қувваи зиёди барқ сарф мешуд ва дуюм бунёди канали нав. Назаршо Додхудоев варианти дувум — сохтмони канали ирригатсионии даҳкилометраро афзалиятнок шумурд. Сохтмони канали Шоҳдара тариқи ҳашари мардумӣ тӯли се моҳ идома ёфт. Имрӯз ҳам он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад ва гуфтан мумкин аст, ки ба шарофати ҳамин канал масоҳати шаҳри Хоруғ низ дучанд зиёд шуд. Мардум ин каналро канали Додхудоев ҳам мегӯянд.
Моҳи декабри соли 1949 КМ ҲК Тоҷикистон Назаршо Додхудоевро ба курси олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ ба Москва мефиристонад. Соли 1950 ӯ аз ҳавзаи интихоботии Мурғоб депутати Шӯрои Миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва худи ҳамон сол Раиси Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар як вақт ӯ вазифаи муовини Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС-ро низ иҷро мекард.
Зимни ифои вазифа дар мақоми баланди давлатӣ Назаршо Додхудоев бо сиёсатмадори барҷаста, Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ҳамкорӣ дошт. Бобоҷон Ғафуров қариб дар ҳамаи ҷаласаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон иштирок мекард ва дар он давра барои пешрафти илми тоҷик кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуд. Соли 1951 соли таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Барои таъсиси Академия байни Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон, Академияи илмҳои ИҶШС, Кумитаи давлатии илму техникаи ИҶШС ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баҳсу талошҳои зиёде анҷом меёфт. Бобоҷон Ғафуров ҳалли масъалаҳои доир ба таъсиси Академияи илмҳоро маҳз ба зиммаи Назаршо Додхудоев месупорад, зеро ӯ соҳиби истеъдоди нотакрори муошират дар сатҳи хеле баланди доираҳои илмиву фарҳангӣ буд.
Моҳи сентябри соли 1956 ба вазифаи Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев пешниҳод мешавад. Турсун Ӯлҷабоев номзадии Н. Додхудоевро ба вазифаи Раиси Совети Вазирон тавсия намуд. Дар давраи иҷрои ин вазифа бисёр нақшаҳои иншооти азим таҳия ва пешниҳод гардид. Барои тақвияти ин гуфтаҳо як мисол меорем. Масъалаи сохтмони заводи семент дар шаҳри Душанбе якчанд маротиба бо масъулини дастгоҳи муовини якуми Раиси Совети Вазирони ИҶШС Л. М. Каганович муҳокима шуд. Вале бо баҳонаи кифоя набудани маблағ вазири сохтмон Б. Новиков талаб дошт, ки ин лоиҳа ба солҳои минбаъда мавқуф гузошта шавад. Аммо Н. Додхудоев истодагарӣ карда, ба Л. Каганович мефаҳмонад, ки таъхири сохтмони ин корхона бунёди бисёр сохтмонҳои маъмурӣ, маишӣ ва манзилро дар шаҳри Душанбе барои чандин соли дигар ба таъхир меандозад. Ниҳоят, мувофиқа ҳосил шуд. Ҳамин тавр, саҳми Назаршо Додхудоев дар сохтмони силсилаи истгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш, бунёди корхонаҳои шоҳибофӣ, қолинбофӣ, нассоҷӣ ва ғайра калон аст.
Назаршо Додхудоев дар вақтҳои фориғ ба корҳои илмӣ машғул шуда, соли 1969 дар Институти хоҷагии халқи шаҳри Тошкант кори илмиашро дифоъ намуд, сазовори унвони илмӣ -номзади илмҳои иқтисодӣ шуд.
Баъдан, то ба нафақа баромадан (соли 1989) Назаршо Додхудоев дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат кард. Солҳои охири умри Н. Додхудоев ба давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омад ва ӯ хушҳол буд, ки дар ин кишвари биҳиштосо сулҳу оромӣ барқарор аст, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон машҳури ҷаҳон гаштааст ва Сарвари оқилу доно чун Эмомалӣ Раҳмон дорад.
Дар солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон Н. Додхудоев ҳамчун раиси Шӯрои куҳансолон барои амалӣ гардонидани сиёсати Сарвари давлати тозабунёд кӯшиш ба харҷ медод. Ӯ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо табақаҳои гуногуни мардум вохӯрию мулоқотҳо гузаронида, бо суханони пурмазмун ва самимиаш одамонро ба ваҳдат, меҳнати осоишта ва созанда даъват менамуд. Мавсуф аз ҷумла таъкид мекард:
- Бояд шукрона кард, ки бо ҷонбозию ҷоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, сулҳу салоҳ, оштию ҳамдигарфаҳмӣ бебозгашт пойдору устувор гардид.
Назаршо Додхудоев солҳои 1950- 1961 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Тӯли умраш ин марди наҷиб бо чаҳор ордени «Ленин», ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медалҳои давлатӣ сарфароз гардидааст. Зиндагиномаи Назаршо Додхудоев намунаи ҳаёти як нафар шахси матину қавиирода, софдилу беғараз ва меҳнатдӯст аст ва тамоми фаъолияташ барои пешрафти ҷомеаю давлат ва беҳбудии рӯзгори мардум равона шуда буд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»