Луқма

Намегузоранд «Ошхонаҳо кушода шаванд»

№101 (4684) 14.08.2023

Мо кушода шудемТаваҷҷуҳамонро суҳбати ду шахс ба худ ҷалб кард. Яке аз онҳо, ки молики тарабхона будааст, лаб ба шикоят кушод: «Ин овезаи ошхонаи мо зеҳни як зумра ашхосро машғул кардааст. Эрод мегиранд, ҳазлу тамасхур ҳам мекунанд. Гӯё он ғалат буда, табъи бинандаро як навъ дилгир мекарда бошад…».

 - Ҳамин ифодаи «Мо кушода шудем» — ро дар назар доред?

- Бале, тасдиқ кард ӯ.

- Шумо ба дурустии ин ифода итминон доред?

- Ба ҳар ҳол шубҳа надорам. Тарҷумаи шакли русии ин матлаб аст.

- Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ «овезаи зишт ва бемаънӣ» гуфта, борҳо сару садо бароварданд ва ҳатто пешниҳодҳои худро низ рӯи сафҳа мео­ранд, вале ҳеҷ як пешниҳоди онҳо моҳияти матлабро ифода карда наметавонад, магар матлаби «Мо кушода шудем» ва гӯё дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳи ин ғалат ғайрат накарданд. Воқеан, Кумитаи забон ва истилоҳот чӣ коре кунад? Дар ҳоле ки ин овеза ягон айбу ғуборе надошта, ба табиати забони тоҷикӣ созгор буда, аз махсусиятҳои забони пурғановати адабии мост.

Дар тақвияти ин маънӣ бояд гуфт, ки калимаҳо на танҳо моли забон, балки моли адабиёт низ ба ҳисоб мераванд. Дар адабиёт як ҳолати истифодаи маънии ғайриаслӣ – гурӯҳи маҷозҳо аст, ки яке аз онҳо зикри зарф ном дорад. Яъне, зарфият (объект) зикр гардида, ифода дар дохили зарф баён мегардад. Чунин таркибҳо дорои як навъ алоқамандии маъноӣ мебошанд. Маънои маҷозӣ гирифтани таъбир ва таркибҳо дорои обуранги бадеӣ буда, навъҳои гуногун доранд ва боиси гуногунрангии баён ва пурқувваттар гаштани таъсири он мегарданд. Масалан, «Он рӯз қишлоқ ба по хеста буд» ё «Шаҳр дар хоб буд». Яъне, аҳли қишлоқ ба по хеста буд. Маҳз, ифодаи «Мо кушода шудем» аз гунаи ҳамин навъи таркибҳост. Калимаҳо дар қолаби аслӣ маҳдуд набуда, дар сурати дигар маънои маҷозӣ касб мекунанд. Дар матлаби зикршуда ҳам ғараз ошхона аст, яъне «Марҳамат, ошхона кушода шуд». Ман фикр мекунам, ин маҳсули заҳмати зеҳнии шахсест, ки соҳиби фикри саҳеҳ ва тадбири дуруст аст, чунки мо бояд дар овезаю шиорҳо хусусиятҳои хоси забонамонро нигоҳ дорем. Ин ҳолати забонӣ дар табиати забони русӣ дида мешавад. Агар касе иқдом кунад, ки барои тозагию шаффофият ва эътибори забони давлатӣ эрод гирад, шиору овезаҳо ва расонаҳои чопӣ «лабрез» — и саҳву хато ва ғалатҳои фарогиранд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»