Чанде қабл дар доираи чорабиниҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маркази шаҳри Роғун бинои Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар он даҳ нафар бонуи ҳунарманд бо сарварии Мавҷуда Камолова ба кор ҷалб гардида, дӯхтану тайёр намудани либосҳои занонаву мардона, кӯрпаву болишт ва намунаи ҳунарҳои мардумиро аз қабили кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ғайра ба роҳ мондаанд. Аллакай дар намоишгоҳ зиёда аз 70 номгӯй маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ гирд оварда шудааст.
Ҳокими Сафар, шаҳри Роғун