Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ифтитоҳ шуд

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

Без имени-13-юми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе»  ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2003 инҷониб дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ки ҳадаф аз он таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсту бародар, тарғибу ташвиқи китоб ва китобхонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли ҷавон тавассути мутолиаи китоб мебошад.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшамбезода зимни ифтитоҳи ҳамоиш дар остонаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»-ро рамзӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, — забон ва китоб пайванди ногусастанӣ доранд. Забони модарии мо, ки таърихи тӯлонӣ дорад, тавассути китоб ҳифз гардид, то ба замони мо омада расидааст. Яъне, китоб на танҳо  ояндаи инсониятро мунаввар месозаду ба роҳи нек раҳнамун менамояд, балки  боиси ҳастию пойдории миллат, таърих, забон ва фарҳанг низ мебошад.

Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафарзода ҷойгоҳи китобро дар рӯзгори мардуми тоҷик хеле баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, — нашри китобҳои босифат, дастраси мардум намудани он, ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани мардум ва умуман, рушди соҳаи китобдорӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хосса доранд.

Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳ дар баробари ноширони ватанӣ — Муассисаи нашриявии «Маориф», «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик», «Нашриёти муосир», «Ирфон», «Адиб», «Эр-граф», КВД КТН «Шарқи озод», «Адабиёти бачагона» ва КВДТС «Китоб» ҳамчунин, ноширон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Туркия, Ҳиндус­тон, Ӯзбекистон, Туркманис­тон ва Беларус иштирок намуданд.

Дар доираи ин чорабинӣ як гурӯҳ адибони маъруф ва ноширони Федератсияи Россия дар намоишгоҳ бори нахуст ба ҳайси меҳмонони ифтихорӣ ширкат карданд. Тибқи барнома, рӯзи аввали намоишгоҳ маҳфили якҷояи адибони Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин, муаррифии китобҳои ноширони Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯнамоии антологияи адабиёти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши китоб дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ» доир шуд.

Тибқи барномаи намоишгоҳ рӯзҳои дуюм ва сеюм низ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштироки адибон  ва меҳмонони хориҷӣ баргузор гардид.

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» 5-уми октябр бо супоридани сипоснома ва дипломҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба иштирокчиён ҷамъбаст карда шуд.

Н. Низомӣ,

«Садои мардум»