Чанде пеш дар Хонаи марказии рассомии шаҳри Москва Намоиши байналмилалии ҳунари тасвирӣ таҳти унвони «Ҳунари миллат» баргузор шуд. Дар он миёни рассомони машҳури ҷаҳон, ба асарҳои мусаввири тоҷик Абдуқодир Раҳимов таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин бора ба хабарнигорамон доктори илмҳои таърих, профессор Саидалӣ Муҳиддинов иттилоъ дод.
-Ман бевосита шоҳиди баргузории ин намоишгоҳи бузург будам ва мушоҳида кардам, ки тамошобинон ба асарҳои рассоми тоҷик чӣ қадар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Мавзуи мусаввараҳои А.Раҳимов, қабл аз ҳама тараннуми табиати манзараҳои зебои Тоҷикистон ва фалсафаи ҳаёт буд. Аз ин пештар намоиши фардии асарҳои рассоми бурунмарзии тоҷик Абдуқодир Раҳимов дар нигористони Артмонди Фаронса баргузор гардида буд ва тамошобинони аврупоӣ ба ҳунари эҷодкори тоҷик баҳои баланд доданд,- гуфт С.Муҳиддинов.
Абдулқодир Раҳимов алҳол дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия зиндагӣ мекунад. Баъди шиносойӣ ва суҳбат бо ин рассоми машҳури тоҷик доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ профессор С.Муҳиддинов мақолае омода кардааст, ки вақтҳои наздик дар яке аз шумораҳои рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ хоҳад расид.
Б.КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»