Чанде пеш, тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар ноҳияи Вахш гурӯҳи ташаббускор бо роҳбарии Бобоҷон Қурбонов — мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, дар ҳайати Абдулҳамид Давлатзода (ноҳияи Фархор), Мирзораҳмат Давлатов (ноҳияи Панҷ) ва фаъолони ноҳияи Вахш ҷамъомад доир гардид.
Баъд аз он ки раиси ноҳияи Вахш Азизуллои Шарбатулло ташкилотчиёнро ба ҳузур пазируфт, онҳо ба МТМУ №56 рафта, бо намунаи ҳунарҳои мардумии сокинони ноҳия, ки ба маъраз гузошта буданд, шинос шуданд.Сипас, дар толори мактаб чорабинии фарҳангӣ-телевизионӣ доир гардид, ки дар он санъаткорон Саъдӣ Қаландар, Карим Назаров, Сайдалӣ Шарифхон Маҳмадсафар Муродов, Хайриддин Қурбон, Давлатзода Абдулҳамид, шоирон Мирзораҳмат Давлатов, Қурбоналӣ Абдураҳмонов, Холаҳмад Ғафурӣ ва ҳунармандони Хонаи фарҳанги ноҳияи Вахш табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Дар охир иштирокчиёни фаъол бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
А. МАҶИДЗОДА, А. ДАВЛАТЗОДА, аъзои ИЖТ