Намоиши ҳунарии мардуми афғон дар Душанбе

№8 (4270) 21.01.2021

Дар Афғонистон таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои дастӣ зиёд буда, новобаста ба вазъи нобасомон, ҳунармандону косибон шуғлашонро такмил медиҳанд. Зимни ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва кишоварзии Афғонис­тон, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 27 ширкати истеҳсолии кишвари дӯсту ҳамзабон ва муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон намунаи маҳсулоти ҳунармандиро ба намоиш гузоштанд.

0-02-0a-b7176863758b0fbdb9997089141b3d0445baa33aa37368426b5dadf1f7d6e332_ca34eb20Меҳмонони намоишгоҳ бо маснуоти заргарии аз нуқра сохташуда, ороишот, қолинҳои дастбоф, шол ва пироҳанҳои миллӣ, зардӯзӣ, маснуоти сафолию мисӣ ва чӯбӣ, хушкмева, асали кӯҳӣ, равғани растанӣ, заъфарони Ҳирот, шарбату нӯшобаҳои мевагин, ки дар 40 ғурфа ба маъраз гузошат шуд, ошно шуданд. Ҳозирин лаззати хушкмеваю шарбати табиии анор ва анбаҳ (манго)-ро чашида, ба сифати онҳо баҳои баланд доданд.

Масъули бахши тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Файёзиддин Ғиёсӣ иброз дошт, ки намоишгоҳ дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии ҳар ду ҳамсоякишвар — Тоҷикистон ва Афғонистон бо маҳсулоти ҳунармандон ва кишоварзии Афғонистон созмон дода шудааст. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Ҳукумату мардуми Тоҷикистон ба хотири самимона пазироӣ ва муҳайё кардани ҷой изҳори сипос намуда, гуфт, ки аксари муҳоҷирини афғон рӯ ба ҳунарҳои дастӣ оварда, баъзе аз тоҷирони афғонистонӣ 15-20 сол боз дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғуланд.

- Мо ба баргузории намоишгоҳ чанд паём дорем. Аввал, ин ки мехоҳем равобити тиҷоратию иқтисодиро бо Тоҷикистон густариш диҳем. Дуюм, ба мухолифини давлати Афғонистон, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар барои музокираи сулҳ омадаанд, гуфтанием, ки ба ҷойи бомбагузорию инфиҷор биёед, муттаҳид гардида, ба санъати дастии Афғонистон ва кишти зироат машғул шавем, то як ҷомеаи пешрафтаю олиро барои мардуми кишвар фароҳам созем, — гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.

Дар намоишгоҳ намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»