Ифтитоҳи намоиши асарҳои эҷодии Рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф бахшида ба гиромидошти хотираи нависандаи мумтоз, сенариянависи синамо, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ даъват ба ҳифзи арзишу дастовардҳои миллӣ ва қадршиносии бузургони миллат мебошад.
Намоишро ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо ёдоварӣ аз хизматҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар рушди соҳаи адабиёт, фарҳанг, синамо, телевизион ва радиои тоҷик ҳусни оғоз бахшид.
Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, омӯзгори калони кафедраи санъатшиносӣ Бика Ёғибекова, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Ҷӯраева, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, мудири бахши санъатшиносии АМИТ Аслиддин Низомов, профессор Манзура Улҷабоева, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷурахонзода зимни суханронӣ ба паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти пурсамари Сайф Раҳимзоди Афардӣ рӯшанӣ андохтанд.
Намоиши мазкур то охири моҳи декабри соли ҷорӣ идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд, барои шинос шудан аз олами пурғановати эҷодиёти Рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Сабзаалӣ Муродзода ва асарҳои мондагори устод дар бобати Сайф Раҳимзоди Афардӣ онро тамошо кунанд.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»