Намунаи ибрати ҳамсолон

№2 (4898) 03.01.2025

МарчонаХонандаи синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Файзигул Хайруллоева аз наврасоне мебошад, ки соли 2024 исмаш дар қатори ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буд. Ҳайати ҳакамони нуктасанҷи озмун ӯро дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ба ҷои сеюм сазовор донис­танд.

Озмуни мазкур, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаю шаш сол инҷониб дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад, то имрӯз даҳҳо чеҳраҳои навро ба ҷомеа муаррифӣ намуд.

Аз суҳбат бо Файзигул ва волидонаш маълум гардид, ки ӯ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад. Ба китобхонӣ аз хурдсолӣ рағбат доштааст, аммо эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари садҳо наврасону ҷавонон шавқу рағбати ӯро низ ба китобхонӣ дучанд намуд. Волидонаш ӯро пайваста руҳбаланд мекарданд, ада­биётеро, ки тибқи низомномаи озмун мутолиаи онҳо зарур аст, барои духтарашон муҳайё намуданд.

Қаҳрамони мо аз соли аввале, ки озмун роҳандозӣ шуд, дар он иштирок менамояд. Солҳои аввал то даври ноҳиявию ҷумҳуриявӣ рафта бошад ҳам, ҷойи ифтихорӣ насибаш нагашт. Вале дилсард нашуд, балки сол ба сол таҷрибааш бештар гардид.

Имсол барои иштирок дар озмун омодагии ҷиддӣ гирифт. 520 шеъру ғазал, 70 рубоӣ, 150 чистон, 120 тезгӯяк, 170 латифа ва 540 ҳикояву афсонаро мутолиа ва азёд кард. Устодаш Мавҷуда Бобоназарова ҳамеша ба ӯ кумак намуд. Заҳматҳояш самар оварданд ва ҷои сеюмро сазовору бо диплом ва 20 ҳазор сомонӣ қадр шуд. Муаллимаш бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Ба модараш нишони «Маърифатпарвар» супурданд.

Файзигул, ҳамчунин, иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Ӯ ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» низ ҳаст. Қаҳрамони матлаб соли 2023 дар озмуни мазкур, ки бо cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ҷои дуюмро сазовор ва соҳиби 35 ҳазор сомонӣ гардид.

Китобхонӣ дар оилаи Хайруллоевҳо ба анъана табдил ёфтааст ва ҳоло дар баробари Файзигул хоҳари хурдиаш Гурдофарид низ иштирокчии фаъоли озмунҳо мебошад. Ӯ бо ҳифз кардани 490 шеър, 70 рубоӣ, 140 чис­тон, 100 тезгӯяк, 150 латифа ва 527 ҳикояву афсона бо сипосномаҳо ва мукофоти пулӣ сарфароз гардидааст.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»