Наполеони сонӣ соли 2062 ба сари ҳокимият меояд?

№3 (3640) 12.01.2017

(Мувофиқати ҳайратовар дар таърих)

Зодрӯз ва санаҳои таърихии зумрае аз шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ ва давлатӣ ниҳоят ғайримуқаррарӣ, ба ҳам монанд ва хеле ҷолибанд. Ин гуна монандиҳо дар ҳаёт баъзан тасодуфан ба амал намеоянд. Масалан, императори Франсия — Наполеон Бонапарт соли 1760 ба дунё омадаасту Рейхканслери Германия Адолф Гитлер соли 1889. Фарқ — 129 сол.

Наполеон соли 1804 ба сари ҳокимият омаду Адолф Гитлер соли 1933. Фарқ — 129 сол.

Наполеон  бо лашкараш соли 1812 ба Вена даромаду Гитлер соли 1941. Фарқ — 129 сол.

Наполеон дар ҷанг соли 1816 мағлуб шуду Гитлер соли 1945. Фарқ — 129 сол.

Вақте ки ба сари қудрат омаданд, ҳар ду 44 — сола буданд. Айёме, ки ба Россия ҳуҷум карданд, ҳар ду 52 сол доштанд. Ниҳоят, ҳар ду дар ҷанг замоне шикаст хӯрданд, ки ба 56 — солагӣ қадам гузошта буданд.

Чунин монандӣ дар ҳаёти президентҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка Линколн ва Кеннеди низ мушоҳида мешавад:

Авраам Линколн соли 1818 ва Ҷорҷ Кеннеди соли 1918 таваллуд шудаанд. Фарқ — 100 сол.

Авраам Линколн соли 1860 Президенти ИМА интихоб шуду Ҷорҷ Кеннеди соли 1960. Фарқ — 100 сол.

Ҳар дуро дар ҳузури ҳамсаронашон, бо милтиқи нишонзан (снайпер), аз сар  ва дар рӯзи ҷумъа парронданд.

Линколнро дар театри «Кеннеди»  ва Кеннедиро дар мошини болокушодаи «Линколн» парронданд. Пеш аз марг Линколн дар шаҳраки Монро – Мэрилэнд буд. Кеннеди бошад,  то ба ҳалокат расидан бо ситораи кинои Голливуд Мэрилин Монро ишқварзӣ мекард.

Ҳам Линколн ва ҳам Кеннеди аз Шимоли Амрико ва аъзои ҳизби демократҳо буданд.

То ба курсии президентӣ нишастан ҳар ду аъзои Сенати ИМА интихоб шуданд.

Ҷон Уилкис Бут – қотиле, ки Линколнро парронд, соли 1839 ба дунё омадааст.

Ли Харви Освалд – шахсе, ки Кеннедиро парронд, соли 1939 ба дунё омада буд.

Ҳангоми навиштани номи ҳар ду қотил бо алифбои англисӣ номашон аз 14 ҳарф иборат мешаванд. (John Wilkes Booth ва Lee Harvey Oswald).

Қотили Линколн – Бут аз театр гурехта, дар болохона (чердак) дастгир шуд.

Қотили Кеннеди бошад, аз болохона  (чердак) гурехта, дар театр дастгир шуд.

Баъди куштани Линколн мансаби президентии Амрикоро Ҷонсон, баъди ҳалокати Кеннеди низ Ҷонсон соҳиб шуд. Аввалӣ — Эндрю Ҷонсон соли 1808 таваллуд ёфтаасту дувумӣ Линдон Ҷонсон соли 1908. Фарқ — 100 сол.

Баъди мувофиқати солҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки солҳои наздик дар таърихи ҷаҳон бо ду номи хеле машҳур Гитлер ва Кеннеди ё ки Линколн ва Наполеон дучор хоҳем шуд.

Фарқи байни зодрӯзҳои Наполеон ва Гитлер, ки 129 сол, Линколн ва Кеннеди, ки 100 – солро дар бар мегирад, ба назар гирифта, метавон пешгӯйӣ кард, ки солҳои наздик шахсиятҳои ба монанди онҳо машҳур ба дунё меоянд.

Гитлер, ки соли 1889 таваллуд шудааст, ба санаи зодрӯзаш 129 солро илова кунем, соли 2018 мешавад. Яъне, дар ин сол Наполеон ва Гитлери  сонӣ таваллуд хоҳанд шуд. Ба изофа, дар ин сол Линколн ва Кеннедии сонӣ ба дунё меоянд, зеро Кеннеди соли 1918 таваллуд шудааст ва агар мо ба болои ин рақам адади 100 — ро зам кунем, 2018 мешавад. Мо метавонем санаҳои дигари таърихиро муқаррар намоем: соли  2060 дар Америка Кеннедии  сонӣ  ва соли 2062 дар Фаронса Наполеон ба сари қудрат хоҳанд омад.

 Таҳияи Тиллои Некқадам,  «Садои мардум»