Донишмандони зеҳнпарвари башар

Насируддини Тусӣ

№85 (4825) 01.07.2024

10012679_425059097630095_570377320_o — копияРӯи санги марқади ӯ чунин суханҳо ҳаккокӣ шудаанд: «Подшоҳи олами илм, султони олимон, ҳимоятгари дин, адолатхоҳи мардум. То ба имрӯз модари даҳр чунин мард ба дунё наовардааст». Ин нуктаро муҳаққиқ Ҳабибулло Мақсадов дар пажӯҳиши ба ин мавзуъ бахшидаи хеш зикр намудааст, ки далели на танҳо мумтози илму адаби тоҷику форс, балки башар будани Насируддини Тусӣ мебошад. Суоли матраҳ ин аст: То замони ӯ нобиғагони дигари тоҷику форс, чун Ал-Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Абуалӣ Сино ва чанде дигарон, зиндагию фаъолият карда, муҳимтарин самтҳои илмро дар ҷаҳон асос гузоштаанд, вале чаро донишмандони давр (албатта, эшон аз ин огоҳии комил доштанд) маҳз Насируддини Тусиро «подшоҳи олами илм, султони олимон» унвон додаанд?

Номи пуррааш Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳасани Тусӣ буда, дар асри XIII (солҳои 1201-1274) зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Википедиа ӯро шоир, файласуф, риёзидон, механик, мунаҷҷим, фақеҳ, пизишк ва меъмори тоҷику форс муаррифӣ мекунад. Аз ин бармеояд, ки ӯ ҷамъи улуми асри хешро фаро гирифтааст. Осори донишмандро муҳаққиқон беш аз 150 номгӯй шумурдаанд, ки «Зиҷи Элохонӣ», «Ахлоқи Носирӣ», «Рисола дар илми ҳайат», «Тансуқномаи Элхонӣ», «Бист боб дар маърифати устурлоб» аз он ҷумлаанд.

Омӯзиш ва талошҳои мо дар шинохти боз­ёфтҳои илмии Тусӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ ба кадом илме, ки рӯ овардааст, кашфиёташ ҷолибанд. Чунончи, донишмандони тоҷику эронӣ баъди таҳқиқ ва омӯзиши афкори фалсафиаш ӯро олими соҳаи мантиқ муаррифӣ кардаанд. Дар илми забоншиносӣ аз аввалинҳое маҳсуб мешавад, ки бо тадқиқи калима ҳамчун аломати ифодаи моҳияти ашё, ҳодисаҳои лексикӣ, сермаъноии калимоти муродиф, роҳҳои сермаъношавии калимаҳо, фарқи калимоти ҳаммаъно ва гуногунмаъно андешаҳои ҷолиб баён намудааст. Яъне, Насируддини Тусӣ дар инкишофи забони адабии илмии тоҷику форс саҳми бориз дорад. Аммо муҷиби машҳур шудани ӯ дар Шарқ ва Ғарб дастовардҳои илмии нуҷумию риёзиаш мебошанд.

Ҳабибулло Мақсадов баъд аз таҳқиқи ҳаёт ва фаъолияти Насируддини Тусӣ ба хулоса омадааст, ки: «Бори аввал маҳз ӯ дар таърихи илми риёзӣ ададҳои мусбату манфиро дар асари худ ­«Шакл-ул-Қитта» пешниҳод кардааст, ки аврупоиён онро баъди 400 сол кашф карданд. Ӯ аввалин касест, ки назарияи куравии ҳамвории чортарафа ва секунҷаи куравии қутбиро пешниҳод кардааст. Хизмати Тусӣ оид ба хатҳои мусовӣ тригономет­рияро ба илми мустақил табдил дод ва барои геометрияи ғайриэвклидӣ замина фароҳам овард. Саҳми ӯ дар илми нуҷум хеле боарзиш ва доманадор аст. Махсусан, назарияи гирифти Офтобу Моҳтобро бо далелҳои илмӣ собит кардааст, ки ин ҳодисаи табиист».

Дар ин маврид иттилои пешниҳоднамудаи олими ҷавон Номвар Қурбон низ (сомонаи «ravshanfikr.tj», «Илми мо ба тамаддун чӣ дод?) ҷолиб аст: «Яке аз дастоварди бузурги олим дар соҳаи нуҷум қабл аз Каплер пешниҳод намудани амсилаи ҳаракати сайёраҳо мебошад. Дар биология бошад, Тусӣ яке аз аввалинҳоест, ки ғояи таҳаввулотро иброз дошт ва тибқи таълимоти ӯ, ибтидо танҳо унсурҳои аввалия ва тадриҷан аз онҳо маъданҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одамон пайдо шудаанд».

Андешаҳое низ мавҷуданд, ки дастоварди илмии Тусиро дар мавриди Замин Христофор Колумб барои кашфи қораи Амрико истифода кардааст. Олими озарӣ Г. Д. Мамедбейли дар китоби худ «Основатель марагинской обсерватории Насериддин Мухаммед Туси» далел овардааст, ки то кашфи қитъаи Амрико аз тарафи Христофор Колумб (1492) уламое мисли Тусӣ оид ба ҷазираҳо ва қитъаи Амрико маълумоти кофӣ доштаанд.

Маълумоти ҷолиби дигар он аст, ки Насируддини Тусӣ дар ҷаҳон аввалин бор таърифи илмии ададро нисбати ҳар гуна бузургиҳои якҷинса (ҳамченак ва беҳамченак) баён кардааст. Баъд аз 320 сол риёзидони нидерландӣ С. Стевин ва пас аз 500 сол олими англис Исаак Нютон чунин таърифи ададро такрор кардаанд.

Дар механика (яке аз фаслҳои физика) даст­овардҳои Тусиро ба кинематика (кинематика — қисми механика, ки ҳаракатро меомӯзад) марбут медонанд. Муҳаққиқони таърихи илм далел меоранд, ки Тусӣ дар асоси таҳқиқ ва мушоҳидаҳои илмӣ муайян намудааст, ки Замин дар атрофи меҳвари худ давр мезанад. Ӯ бо роҳи таҷриба — кашидани доираи калон мадори Заминро шарҳ медиҳад. Ин дастоварди беназир дар таърихи илм бо номи «Лемаи Тусӣ» машҳур мебошад, ки аз он донишмандони баъдӣ истифода карда, дар илм бозёфти нав анҷом додаанд. Собит шуда, ки Насируддини Тусӣ дар осори худ механикаи қайҳониро асос гузошт, ки олимони Аврупо баъди 400 сол ба фаҳми он расиданд. Астрономи даниягӣ Тихо Браге (1546-1601) ҳисобҳои Тусиро такрор намуда, феҳристи зиёда аз 700 ситораро тартиб додааст.

Дастоварди дигаре, ки ба номи Насируддини Тусӣ тавъам аст, расадхонаи Мароға мебошад. Ин расадхона, ки бо саҳми Тусӣ бунёд гашта буд, бузургтарин дар он замон арзёбӣ мешавад. Бо далели он ки Тусӣ беш аз 120 донишмандро сарфи назар аз миллат ва дину мазҳаб ба ҳам оварда буд, онро аввалин академияи байналмилалии олимон низ мешуморанд. Донишмандони ин даргоҳ зери роҳбарии Тусӣ корҳои муҳими илмӣ анҷом доданд. Осори олимони мактаби илмии Мароға пояи рушди ахтаршиносии минбаъда мегардад. Ба қавли муаррихон, дар он беш аз 400 ҳазор нусха китоб нигоҳдорӣ мешудааст, ки дар таърих назир надорад. Он аввалин расадхонаи боҳашамату муҷаҳҳаз дар Эрон ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт.

Тавре Ҳабибулло Мақсадов менависад, расадхонаи Мароға зиёда аз 100 сол фаъолият дошт. Ин расадхона олоти нуҷумии муҷаҳҳази ба даврони муосир наздик доштааст. Хоҷа Насируддини Тусӣ ин маркази илмиро зиёда аз 15 сол сарварӣ ва шогирдони зиёд тарбия намуд. Баъд аз кор мондани расадхона шогирдони Тусӣ ва дастпарварони мактаби илмии Мароға дар дигар нуқоти олам, аз ҷумла Табрез, Самарқанд, Пекин, Димишқ, расадхонаҳо бино ва онҳоро роҳбарӣ намуданд.

Аз ин бармеояд, ки Насируддини Тусӣ бо дониш ва андешаҳои илмии фарохаш на танҳо ба кашфиёти нодир муваффақ шуда, балки бузургтарин мактаби илмии замони хешро асос гузоштааст. Шояд ба ҳамин далел донишмандони давр маҳз Насируддини Тусиро «подшоҳи олами илм, султони олимон» унвон додаанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»