Ҷашни Наврӯз умри беш аз панҷҳазорсола дорад. Пайдоиши онро ба давраи шоҳ Ҷамшед мансуб медонанд.
Миллати тоҷик чун вориси арзанда дар тӯли таърих, бо вуҷуди фишорҳои зиёди душманон, тавонист онро ҳифз намояд. Маҳз, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз эҳё гардид ва мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.
Мутаассифона, имрӯз низ кӯшишҳо барои аз байн бурдани Наврӯз идома доранд. Гурӯҳе бо истифода, аз дини мубини ислом бо дасти хоинони миллат, ки бо гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ин ҷашни бузурги миллии мо — тоҷиконро зери суол бурданианд.
Мутаассибоне, ки худ солҳо аз иштирокчиёни бевоситаи тантанаҳои наврӯзӣ буданд, имрӯз бо маъвизаҳои бофтаю сохта ин ҷашни беолоишро маҷусию бегона нишон дода, мардумро аз таърихи гузашта, фарҳангу тамаддуни худ дур сохтан мехоҳанд.
Пеш аз таълифи ин сатрҳо, аз тариқи интернет ҷоҳиле дар либоси тақво бо чунин мазмун ҳарзагӯӣ мекард, ки Наврӯз гӯё барои аҳли мусалмон ҷашни бегона аст.
Миллат ҳам ба мисли дарахт аст, ки бақодории он аз решааш вобастагии зиёд дорад. Ин тоифа хуб огоҳанд, ки барои як миллатро аз миён бурдан нахуст фарҳангу таърихи ӯро маҳв бояд кард. Аз ин хотир, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро инъикосгари фарҳанги неки ниёконамон мебошад, нодаркор мехонанд.
Наврӯз барҳақ ҷашни дӯстдоштании инсоният аст. Ҷашнест, ки ба бедоршавии табиат, суботу меҳнат ва анҷоми корҳои неку судманд вобаста мебошад ва ба сиёсату дину мазҳаб олудагӣ надорад. Ҳамзамон, ба расму оинҳои дигар халқияту миллатҳои дунё мухолифат надошта, тамоми аҳли башарро ба ҳамзистӣ, осоишу ваҳдат, дӯстию ҳамкорӣ ва созандагӣ даъват менамояд. Ҷашни хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон, тантанаи некӣ бар бадӣ, маърифат бар ҷаҳолат, рӯшноӣ бар торикӣ мебошад.
Наврӯз ҳазорсолаҳост, ки чун кӯҳи побарҷо таҷассумгари хайру некӣ дар муқобили бадию ҷаҳолат боқӣ мондааст. Ҳифзу нигаҳдории он ҳамчун арзиши бузурги маънавии миллӣ қарз ва вазифаи аввалиндараҷаи мо- миллати соҳибтамаддун ба ҳисоб меравад.
Дар парешонист зи бод абри сияҳе зи азал,
Натавон пеши раҳи партави хуршед гирифт.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»