Гулчеҳра Муҳаммадиева бо навиштаҳои ҷолиб, мушоҳидакориҳои ба худ хос, содабаёнӣ, ошкорогӯйӣ ва самимию воқеӣ будани нигоштаҳояш миёни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст.
Нависанда тавассути ҳикояҳояш, амсоли «Хиёнат», «Баҳори дил», «Нома», рӯзгори ҳамзамонони худро ҷолибу воқеъбинона ба қалам дод ва баъдан, дар тасвири сарнавишти инсонҳо малака пайдо карда, ин равишро тақвият бахшид. Ин пешравиҳоро мо дар китобҳои ӯ «Бӯи модар», «Бонувони Фархор», «Чордодарон», «Мунтахаби осор» хуб мушоҳида менамоем.
Лозим ба ёдоварист, ки нависанда баъди эҷоди чанд асари бадеӣ барои калонсолон, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки барои хонандагони хурдсол низ асар эҷод намояд. Китоби «Навҳаи асп», ки аз тариқи нашриёти «Адиб» рӯи чоп омад, натиҷаи ҳамин талошҳои ӯст.
Дар китоб бист масал ва чор ҳикоя ба табъ расидааст. Бояд гуфт, ки дар ин китоб низ ҷӯяндагию мушоҳидакориҳои нависанда ба чашм мерасад.
Чунончӣ, дар ҳикояи «Мошон» ӯ муносибати самимонаи Лола ва Умарро, ки аз якбора нопадид шудани гурбаашон Мошон дар ташвиш мондаанд, нишон медиҳад.
Дар масалҳои дигар нависанда манзур ва хостаҳояшро хеле нозук ва пардапӯшона баён кардааст. Масалан, дар масали «Ору ва Шоҳпарак» ӯ тавонистааст, ки дар образи ору рафтори инсонҳои қобилу нафъовари ҷомеаро нишон диҳад.
Дар образи шоҳпарак бошад, нависанда рафтори касони беманфиатро нишон додааст, ки корашон тақлид ва худнамоист. Ин қабил касон мисли ҳамон шоҳпараканд, ки аз як гул ба гули дигар нишаста, таровату накҳат мерабоянду дар иваз чизе намедиҳанд.
Дар масали «Булбул» бошад, нависанда рӯзгори булбулро ба қалам кашида, аз ҳунари булбул ёд мекунад, ки бо хониши зебо боғро ба биҳишт табдил додааст ва боғбон аз ин амали булбул меболаду ифтихор мекунад. Вале парандагони дигар, амсоли зоғу чуғзу бум ба ҳунари булбул рашк намуда, дар назди боғбон аз ӯ бадгӯйӣ мекунанд ва оқибат ӯро аз боғ меронанд. Боғ дар як муддати кӯтоҳ ба харобазор табдил меёбаду аз он шуҳрату шукӯҳи пешина ҳеҷ осоре намемонад… Нависанда бо навиштани ин масал ба он ишора мекунад, ки дар ҷомеа низ мешавад лаҳзаҳое, ки мо гоҳе ба қадри ҳунармандон намерасем ва беҳунаронро боло мебардорем.
Бояд гуфт, ки дар қисмате аз ин масалҳо нависанда тавассути рафтори як ҷонвараки хурд, амалҳои пандомезеро ба инсонҳо гӯшзад мекунад. Масалан, дар масали «Мусича» нависанда рафтори ғайриодии ин ҷонвараки барои ҳамаи мо ошноро нишон медиҳад. Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки мусичае ба фарзанди навболи худ раҳм накарда, онро аз лона ба поён тела медиҳад. Мусичаи навбол аз ин рафтори бераҳмонаи модар ба даҳшат афтода, имдодталабона садою фиғон мебарорад. Аммо модар ба доду фиғони ӯ эътибор надода, амалашро идома медиҳад ва ӯро бо нӯлу панҷаҳояш ба берун меафканад. Мусичаи хурдакак, ки ҳанӯз парвоз карданро намедонист, маҷбур мешавад қанотҳои хурдакакашро кушояд, то дар замин зада, озор наёбад. Тарс ӯро маҷбур мекунад, ки болу пар кушояд ва парвоз карданро омӯзад.
Аз мутолиаи ин масал аввал кас дар тааҷҷуб мемонад, ки ин паранда чаро нисбат ба фарзанди худаш ин қадар бераҳм аст ва онро бебокона ба зер меафканад, вале баъдан дарк мекунем, ки рафтори ӯ комилан дуруст аст.
Мо — инсонҳо аз раҳмдилию муҳаббати зиёд фарзандонамонро эрка мекунем ва ба онҳо мушкилоти зиндагиро намеомӯзонем. Баръакс, ҳар гоҳ ки мушкиле пайдо шавад, худамон онро бартараф месозем ва намегузорем, ки барояшон сабақ гардад. Маҳз ҳамин амал бар зарари кор мешавад ва мо фарзандонамонро беҳунару беҳавсала ба камол мерасонему умре дар вобастагии худ нигоҳ медорем.
Чунонки қаблан ёдовар шудем, дар эҷодиёти нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева пешравӣ ва дастовардҳои эҷодӣ хеле зиёд ба чашм мерасанд. Маълум, ки нависанда мунтазам дар такопӯ аст.
Сафар АМИРХОН,
барандаи Ҷоизаи ба номи
Мирзо Турсунзода, шоир