Уро ҳамчун муваффақтарин журналисту мураббии рӯзноманигорони ҷавон, барҷастатарин публитсист, беҳтарин ношир, нависандаи боистеъдоду хушбаён, адиби драманависи номдор, тарҷумони хушсалиқа мешиносанд. Ҳар касе, ки ӯро хуб медонад, на танҳо адиби номдор будан, балки фазилати инсониашро низ ситоиш мекунад. Ин марди бузург Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам аст.
Ӯ ба шоҳроҳи ҳаёт аз пайроҳаи зодгоҳаш — рустои Сангчашма қадам бардошта, барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданию маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) меояд. Замони таҳсил дар бахши китобдории омӯзишгоҳ омӯзгорони ҳалиму меҳрубони таълимгоҳ Партов Байдаков, Амиршо Саидов, Карим Раҳимов ва шоир Усмон Шарифзода сеҳри суханро дар дилаш чунон ҷой карданд, ки Атои наврас ҳар чӣ бештар ба олами китоб дода шуда, аз қаъри ин баҳр ба худ дурдонаҳо меғундорад. Хушбахт буд, ки шогирди устодони арзанда шуд ва саъй кард, ки сазовори боварӣ бошад. Маҳз муносибати хайрхоҳонаи онҳо боис гардид, ки майли истеъдоди эҷодкориаш зуҳур намояд. Дар баробари таҳсили аъло ҳамкориро бо рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқат» шурӯъ намуда, аз ҳаёти донишҷӯӣ хабару лавҳа ва гузоришу мақолаҳо навишт ва миёни ҳамсабақон шинохта шуд.
Соли 1966 омӯзишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи маданияти шаҳри Москва роҳхат гирифт, аммо нарафт. Ба ҳайси ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқат» кор карданро авлотар донист. Мекӯшид навиштаҳояш пухта барояд. «Хабарҳояшро, ки аз радиои ҷумҳурӣ мешунавониданд, мардум бо завқи беандоза гӯш мекарданд», — гуфта буд ҳампешааш Исо Раҳимов.
Пас аз ду сол ӯ барои идомаи таҳсил ба шуъбаи шабонаи факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, узви маҳфили «Адибони ҷавон» –и ин даргоҳи маърифат гардид. Солҳои минбаъда мавсуф, ба таъбири дӯсти шоираш Ширин Бунёд «…қад кард. Бе кумаки вазире, бе даводави тағои беназире, бо меҳнати хоксорона ва дар айни замон бурдборона, қад кард». Муддате маҳораташро сайқал дода, журналисти ҳирфаӣ шуд. Ҳар мавзӯъ, воқеаву ҳодисае, ки ӯ менигошт, ҳатман мавриди таваҷҷуҳи хонандагони зиёд қарор мегирифт. Акнун маҳсули қалами ӯ на фақат маводи иттилоотӣ дар шакли хабарҳои хурду васеъ, балки гузоришу мусоҳибаҳо, лавҳа ва бештар очеркҳои портретӣ буданд, ки баъдан асоси эҷодиёти ӯро дар рӯзнома ташкил медоданд. Дурахши истеъдоди ӯ таваҷҷуҳи сардабири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» — ро ба худ кашиду ӯро ба кор даъват кард.
Ато Ҳамдам ба шаҳру ноҳияҳои гуногун рафта, аз рӯзгори қаҳрамонони замони худ асар эҷод мекард. Он рӯзҳо «Заркор», «Меҳр» (бо ҳамроҳии И.Насриддин (1973) ва «Хандаи бахт» (1974) барин нахустин очеркҳои портретии вай аввал дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ва дертар дар шакли китобҳои алоҳида ба нашр расиданд.
Солҳои 1970 — 1980-и асри гузашта, давраи тавсеаи иқтисод ва густариши фарҳангии Тоҷикистон шӯравӣ буд. Он солҳо бунёди роҳи оҳани Тирмиз – Қӯрғонтеппа — Ёвон низ оғоз ёфта, тибқи барнома бояд маркази пунбаи гаронқимати Тоҷикистонро бо кулли кишвар мепайваст. Инъикоси ҷараёни сохтмони ин масир ва офаридани чеҳраҳои роҳсоз рисолати касбиву ифтихории аҳли қалам ба шумор мерафт. Публитсисти ҷавон А. Ҳамдам дар ин кор аз ҳамтоёни худ пешқадам буд.
Соли 1975 ӯро барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристоданд. Ин айём ӯ 25 — сола буд. Соли 1977 баъд аз хатми мактаби мазкур сармуҳаррири «Комсомоли Тоҷикистон» таъин гардид.
11 сол дар ин вазифа кор кард. Дар ҳамин айём очеркҳои публитсистии вай аввал дар рӯзнома ва сипас дар шакли маҷмӯаҳои алоҳидаи «Маънии умр», «Давоми роҳ», «Ду ҳафта дар БАМ» ба нашр расиданд.
«Ато Ҳамдам дар очеркҳо ба сифати ходими фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ намоён мегардад. Дар ҳақиқат ҳам ӯ ҳамин хел аст, вале маҳорати нигорандагӣ ӯро чун нависандаи дақиқбаён низ муаррифӣ месозад. Ин тарзи эҷоди нависанда, бо роҳи рости наҷиб такомул меёбад ва ӯ бо ин роҳ ба пеш, ба сӯи иқбол, ба сӯи муваффақиятҳои тоза ҳаракат дорад», — нигоштааст адабиётшинос Аҳмад Абдуллоев.
Соли 1982 Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мавсими 55-уми худро бо нахустнамоиши пиесаи «Ибтидо»-и вай оғоз кард. Мухлисон онро бошавқ тамошо карданд. Баъд аз анҷом вокунишҳо зиёд буданд, вале арбоби санъати тоҷик Меҳрубон Назаров ин муваффақияти Ато Ҳамдамро махсус қайд намуд: «Муҳобот намешавад, агар гӯям, ки ин асари саҳнавии Ато Ҳамдам беҳтарин пиесаест, ки ба мавзӯи синфи коргар, инсони меҳнаткаш бахшида шудааст».
Ато Ҳамдам муаллифи беш аз 40 намоиши якпардагӣ, 100 миниатюра ва интермедия аст. Аз ҷумла «Самар» ва «Қурбонии охирин» дар озмунҳои умумииттифоқӣ ҷоиза ба даст оварда, ба бисёр забонҳо тарҷума шудаанд.
Қаҳрамони матлаб фаъолияти хуби тарҷумонӣ низ дорад. Асарҳои адибони машҳури дунё Азиз Несин, Тавқиф-ал-Ҳаким, Георгий Марков, Василий Сапаев, Сотимҷон Санбаев, Бобониёз Қаюмов, Самиул Алёшин, Ги Де Мопассан, Темур Пӯлодов, Мақсуд Қориев ва амсоли инҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Дар тарҷумаи асарҳои саҳнавӣ низ комёб шудааст. Қаҳрамонони асарҳои Борис Равенских ва Михаил Анчаров «Суруди зиндагӣ», Ҷон Голсуорси «Виҷдон», Феликс Тошмухаммедов «Найи сеҳрнок», Геннадий Соловский «Афғонписар», Рамзи Озчелик «Бодоми дандоншикан» (бо ҳамроҳии Саидалӣ Сидиқ) дар саҳнаҳои театри тоҷик тавассути қалами Ато Ҳамдам ба забони тоҷикӣ ҳарф задаанд. Масалан, «Латифаҳои деҳот»-и Александр Вампиловро тамошобинон дар театрҳои тоҷик бештар аз ҳазор маротиба дидаанд.
- Вакили мардумӣ ҳам буд. Соли 1990 дар нахустин интихоботи умумихалқӣ ва демократӣ, дар мушкилтарин рӯзҳои ҷомеа ӯ вакили мардумӣ ва муовини раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ интихоб гардида, фаъолияти назаррас зоҳир намуд. Дар ҳамкорӣ медидам, ки Ато Ҳамдам бо одоби ҳамида, фарқ мекунад ва дар баррасии масъалаҳои иҷлосия ҷӯяндагиву маҳорат нишон медиҳад», — навиштааст ҳамкори ӯ дар парлумони кишвар нависанда Холмурод Шарифов.
Он рӯзҳоро Ато Ҳамдам ба ёд оварда навиштааст: «Кор дар Шӯрои Олӣ барои ман як мактаби бузург буд. Ба зиндагӣ ва ҳаёт диди ман дигар шуд. Он кореро анҷом медодам, ки бароям шинос буд. Фарҳанг, воситаҳои ахбор, клубу китобхона, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ. Шояд ҳамин омилҳо буданд, ки баъд аз ду соли кор дар Шӯрои Олӣ маро вазири фарҳанги кишвар таъин карданд». Ӯ аввалин вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ буд.
А.Ҳамдам дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари адои вазифаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ эҷоди асарҳои саҳнавию публитсистиро низ идома дод. Чопи маҷмӯаҳои «Пеш аз борон», «Фиғон», «Нақше ба ёдгор», «Дар қалби мо, дар ёди мо», «Панди рӯзгор», «Мегӯянд, ки Файзалӣ…», «Дидор», «Саҳнаҳои зиндагӣ», «Крик», «Второй муж», «Ариза нонавишта монд», «Фикр кардан лозим…», «Ҳабиби дилу дида», «Насими хазар», «Беҳтарин истироҳат бароям кор аст», «Жизнь продолжается», «Оби зери ях», «Хатои Темурланг», «Корномаи Э. Раҳмон», «Дӯстии халқҳо — дӯстии адабиёт», «И такое случается», «Раҳовард», «Ҷон дар кафи даст» маҳз дар ҳамин давра сурат гирифтааст.
Асарҳои калонҳаҷми ӯ «Пеш аз борон», «Бори каҷ», «Хезед, суд меояд!», «Барзуи шуғнонӣ», «Сафармахсум», «Сафармахсум дар Қаратоғ», «Барзу ва Рустам», «Саргузаштҳои нави Сафармахсум», «Як танга тилло», «Спитамен-1» (бо ҳамроҳии Л. Чигрин), «Парвози Шоҳин» (бо ҳамроҳии Р.Ҳодизода) тавассути театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд. Дар маҷмӯъ, китобҳои дар жанрҳои гуногуни публитсистиву адабӣ нашргардидаи Ато Ҳамдам, ба 80 мерасад.
Аз соли 2019 мудири шуъбаи драмаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 2022 бо унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» қадр гардид.
Мирзо АБДУЛЛО,
рӯзноманигор