Наворҳо таърихро бозгӯӣ мекунанд

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

10Аз 16-уми ноябр то 2 — юми декаб­ри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар Қасри Арбоби  шаҳри Хуҷанд корро шурӯъ кард.

Яке аз иштирокчиён Сафаралӣ Бозорзода (Сафаралӣ Эргашов), ки раисии «Телевизиони Кӯлоб»-ро ба зимма дошт, андешаҳояшро чунин баён кард:

- Ҳамчун наворбардор дар иҷлосия иштирок доштам. Он лаҳзаҳо дар маърази хатар — дами теғу туфанг қарор доштем, вале навор мебардоштем, то наворҳо фардо таърихро бозгӯӣ кунанд. Ман чор маротиба ба шаҳри Хуҷанд  сафари хизматӣ  доштам.  Дар он ҷо  гурӯҳи «Телевизиони вилояти Ленинобод» (ҳоло Суғд) фаъолият мекарданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ  доштам. Наворҳои аз амалкарди  гурӯҳҳои мухолиф бардоштаро аз сабаби дар пойтахт шароити мусоид набудан аз тариқи телевизиони онҳо пахш мекардем.

Якуми ноябри соли 1992, вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Кӯлоб таъин гардиданд, дар фикри он буданд, ки иҷлосияи навбатӣ ба ҳар навъе набошад, баргузор шавад.   Тараддуд ва саъю кӯшиш барои даъвати   иҷлосия ба андешаи ман, аз вилояти Кӯлоб сарчашма мегирад.

Хушбахтона, баъд аз Раиси вилоят  интихоб гардидани  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин суханрониҳояшон дар бораи сулҳу субот гап мезаданд. Ман бо супориши номбурда якчанд  кассета (фитта) – ро  гирифта, ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) бурдам. Воқеаҳое, ки дар вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайваста буданд, ба намоиш гузоштам, то мардум бо чашми худ бинанд. Бамаврид аст аз саҳми бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавам, ки аз рӯзи аввали Раиси вилоят интихоб шудан якҷо бо Абдулмаҷид Достиев,  Адолат Раҳмонова, Ҳайдар Шарифзода, Ҳикмат Шарифов ва боз чанд нафари дигар шабонарӯзӣ дар фикри он буданд, ки иҷлосия баргузор гардад. Билохир,  замони баргузории иҷлосияро 16 – уми ноябр ва макони баргузориро шаҳри Хуҷанд муайян карданд. Вакилон аз вилояти Кӯлобу Қӯрғонтеппа 13 — 14 — уми ноябр ба шаҳри Хуҷанд рафтанд. Рӯзҳои аввали иҷлосия ҳамдигарфаҳмӣ набуд, ҳеҷ гоҳ бовар надоштам, ки он баргузор гардад. Дар байни вакилон як фазои ноором буд.  Касе ба сухани касе гӯш намедод. Вақте ки комиссияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъфо дод, ҳайати нави комиссияи муросо таъсис дода шуд.  Раисии комиссия ба зиммаи Қурбон Тӯраев вогузор буд. Ин комиссия салоҳияте дошт, ки ҳамаи масъалаҳои дар байни гурӯҳҳо бавуқӯъомадаро  ба  ҳайати комиссия пешкаш мекард. Комиссия онро  муҳокима  карда, сипас ба иҷлосия пешниҳод мекард.

   Хушбахтона,  дар рафти кори иҷлосия 19 — уми ноябр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Аз 220 вакил 197 вакил дар иҷлосия иштирок доштанд, ки 186 нафарашон ба тарафдории он кас овоз доданд. Шукр мекунем, ки Худованд ба халқи тоҷик чунин фарзанди фарзонаи миллатро лоиқ дид.

Вақте  ки Ҳабибулло Табаров суханро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод, мардум қарсакҳои тӯлонӣ заданд ва аз суханрониашон вакилонро эҳсоси дигаре фаро гирифт, дар тани онҳо ҷони тоза дамид. Воқеан, ин муҳаббати мардум бозгӯи шуҷоату ҷавонмардии ӯст. Вакилон бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ояндаи Тоҷикистонро дурахшон хоҳад кард.

Аз рӯзҳои нахустине, ки Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд, пушти ҷоҳу ҷалол нагашта, ба сангарҳо, ба ҷойҳои ноамн мерафтанд, на хонаву дар гуфтанду на зану фарзанд.  Дурусттараш дар ҷустуҷӯи сулҳ буданд. Ҷавонмардона ба ҷойҳои доғ — Бадахшон ва Афғонистон рафтанд. Ҳамеша такрор мекарданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Дар урфият мегӯянд: «Ҳусни ваъда вафост» ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаашон вафо карданд.

Бояд гӯям, ки дар ҳамон шабу рӯзҳои даҳшати ҷанг барои мо мардуми Кӯлоб ва вилояти Қӯрғонтеппа баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ чун обу ҳаво лозим буд, чунки шаш моҳ буд, ки мо дар муҳосираи иқтисодӣ будем. Танҳо роҳи ҳавоӣ ба вилояти Суғд кушода буду халос. Чор тараф маҳкам. Иҷлосияи таърихӣ тавонист, ки роҳҳоро кушояд ва дили мардумро ба оянда боз кунад.

Имрӯз кишвар ваҳдати комили саросарӣ дорад. Мо бояд ба қадри ҳама эҳдои яздонӣ -  сулҳу салоҳ ва тинҷиву амонӣ расем,  шукр гӯем ва  ҳамеша дар атрофи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»