Ҷавонон ва либосҳои миллӣ

Навоварӣ дар дӯхтани либоси миллӣ онро маъмултар мегардонад

№73 (3710) 20.06.2017

уѓкеуСолҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаб­бусҳои созандаи ҷавонон зиёд гардида, барои амалӣ гардидани онҳо шароити мусоид фароҳам мегардад.

Ин гуна ҷавонони ташаббускор ва навовар дар шаҳри Истаравшан низ ҳастанд, ки амалишавии ибтикори онҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан» назаррас аст.

- Дар муассиса аз 560 нафар хонанда 108 нафарашро духтарон ташкил менамоянд. Онҳо асосан ба гурӯҳҳои «Дӯзандагӣ», «Гулдӯзӣ», «Системаи компютер ва интернет-технология», «Фермер-соҳибкор», «Ҳисобдор» фаро гирифта шуданд, — мегӯяд сарвари он Нуриддин Тӯйчиев.

Бино ба гуфти ӯ, чанд сол қабл ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон, ташвиқи либосҳои бегона дар мамлакат то ҷое ба ҳукми анъана даромад. Сарвари давлатамон аз ин ҳол изҳори нигаронӣ карда, дар суханронии хеш соли 2015 ба муносибати Рӯзи Модар зикр намуда буданд, ки «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».

Дар робита ба ин, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади аз  байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб касбу ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, дӯхтани либос аз чакану атласу адрас ба роҳ монда шуд.

Дар муассиса зери роҳбарии — Насиба Искандарова муҳассилин либосҳои хуштарҳу замонавии миллӣ медӯзанд. Либосҳои дӯхтаи онҳо на танҳо харидорону талабгорони зиёд доранд, балки дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои асосиро ишғол менамоянд.

15 апрели соли ҷорӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» дар Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назаров марҳилаи вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии тарроҳони ҷавон таҳти унвони «Нигоҳи нав ба мӯди ҷавонон» баргузор гардид. Дар озмун аз рӯйи 5 шарт, хонандаи бахши дуюми литсей Дилшода Калонова соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки иштирокчиёни озмун толибилмони варзидаи  донишгоҳу донишкада ва дӯзандагони шинохтаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят буданд, вале нигоҳи нав, дуруст аз худ кардани технологияи дӯзандагӣ имкон дод, ки дастпарвари муассиса соҳиби «Шоҳҷоиза» шавад.

Дар даври ниҳоии озмун, ки 28-уми апрели соли равон  дар шаҳри Душанбе доир гардид, Дилшода Калонова бо Сипос­нома ва дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.

- Минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши худро ба донишандӯзӣ ва бунёдкорӣ равона созанд, — мегӯяд сарвари таълимгоҳ Нуриддин Тӯйчиев.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум». 

Дар сурат: сарвари Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан  Нуриддин Тӯйчиев бо шогирдон — ғолибони озмун