Фасли Наврӯз омаду олам гулистон мешавад.
Дар чаман булбул ба васфи гул ғазалхон мешавад.
Қад кунад боло гули наврӯз дар дашту даман,
Накҳати ҷонбахши ӯ ҳар сӯ парешон мешавад.
Махмали сабзе кашад зебо табиат бар бадан,
К-аз тамошо шамъи дил ҳар дам фурӯзон мешавад.
Як тараф гардуни нилгун, як тараф абри сиёҳ,
Медиҳад пайғом тундар, хез борон мешавад.
Хониши булбул ба гӯшам мерасад тарфи чаман,
Дар бари ҳар хорасанг кабке хиромон мешавад.
Дил сурури тоза ёбад аз тамошои Ватан
То ба рақс орад варо, Мирзо ғазалхон мешавад.
Диловари МИРЗО