Наврӯзӣ

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

Хонад намози субҳро як қатра дар домони гул,

Шабнам ба ман чашмак занад аз гӯшаи чашмони гул,

Дарёбад обу  донаро  ҳури  шафақ аз  хони гул.

Дар ғояти сурхӣ тапад чашмони бехоби шафақ,

Шарёни субҳ оганда аст аз хуни  шодоби шафақ,

Нӯшад замини  порсо  аз бодаи ноби шафақ.

Чашмони гулҳо боз шуд, эй дӯстон, Наврӯз  шуд,

Рӯҳои гандумгунае сабзу баҳорафрӯз  шуд,

Парҳезфармо маст шуд, масти ҷунуномӯз шуд.

Аз ман насиме мерамад бо хандаҳои гулнисор,

Ман орувона мечашам аз лаълии гул ширавор,

Ман оҳувона  мечарам  дар хилвати сабзи баҳор.

Эй дидаат ноошно бо хоби нӯшини саҳар,

Донам, ки омад офтоб аз хонаи чашмат бадар,

Бахшо маро нури дигар, нури дигар, нури дигар.

Фарзона