Наврӯз аз субҳи мо оғоз мешавад

№40 (4936) 31.03.2025

2Нафаси гарми фасли гулрези сол — баҳори нозанин ба деҳаи мо низ аз омадани ҷашни сари сол — Наврӯзи фаррухпай бармаҳал мужда мерасонад. Дар боғи мо нахуст дарахтони бодому зардолу гул мекунанд. Маҷнунбедҳо ҳам ба кокулафшонӣ медароянд.

Деҳқонон ба киштукор оғоз мебахшанд, ба замин тухми ғалладона мекоранд. Садои марғуладори онҳо ба гӯш мерасад: «Қудумат файз­бор бошад, Баҳор!», «Ҳосили фаровон биёр!», «Эй баҳори фархундапай, ба хонадони мо баракат ато бинмо!».

Воқеан, фасли баҳор ба кӯҳистони мо хеле барвақт меояд. Дашту ҳомун хеле зуд сабзпӯш мегардад. Ману дӯс­тонам субҳи солеҳон аз хоб мехезем ва ба сӯи кӯҳсорон меравем. Он ҷо гулҳои бойчечак фаровон мерӯянд. Мо гулҳои бойчечаки чидаамонро ба деҳа оварда, ба хешу ақрабо, ҳамсоягон ва ҳамдеҳагони худ тақдим мекунем. Ин маросими гулгардонӣ аст, ки ба дили мардум нишот мебахшад. Яке аз мо бо овози баланд мехонад:

Бойчечаку бойчечак,

Гули хушрӯйи химчак.

Бойчечаку бойчечак,

Бӯйи баҳор бойчечак!

Мо пас аз ӯ такрор мекунем:

Баҳори нав муборак бод!

Баҳори нав муборак бод!

 

Зану марди деҳа гули бойчечакро чун пайғоми хушрӯзиҳо мепазиранд, онро мебӯсанду ба чашму рухсораҳояшон мемоланд. Ба ҷуз бойчечак гули сияҳгӯш низ пайки навбаҳорон аст. Мо ҳам онро мисли бойчечак ба деҳа мегардондему месурудем:

Гули сияҳгӯши қошгардон,

Табақ пур куну пас гардон.

Бидеҳ бар дасти гулгардон,

Баҳори нав муборак бод!

Барои ман айёми Наврӯзу баҳор хотироти талх низ дорад. Даргузашти падари ҳалиму ғамгусор, хоҳару бародари бузургам маҳз дар ҳамин фасли зебои сол ба вуқӯъ пайваст. Чеҳраҳои зебою азизи онҳо бо шукуфтани гулҳои баҳорӣ пеши назарам меоянд ва табиати афсункор ба дилам таскин мебахшад. Яъне, Наврӯз зудояндаи занги ҷудоию озурдагӣ, ғаму андуҳ низ будааст.

Бо дӯстонам ба талу теппаи деҳаамон меравем, ки он ҷо Наврӯз таҷлил мегардад. Дар наврӯзгоҳ як тараф, базми рақсу бозӣ, дар дигар тараф, мусобиқаи гӯштигирию бузкашӣ ва дар маркази базмгоҳ сабқати мухталифи наврӯзӣ сурат мегирад. Ин ҷашн ба дилҳо шодию сурур меорад.

Дар базмгоҳ аз ҳисоби хайрияву эҳсонкориҳо ва маб­лағи гирдовардаи мардум беҳтарин таомҳоро, аз қабили суманак,  қурутоб, шакароб, ширбиринҷ, паниру самбӯса, кабобу гӯштбирён, шӯрбою оши палав, гандумкӯчаю оши бурида, омода месозанд. Гулдухтарони деҳа низ либосҳои зебою шинами гулдӯзинамудаи худро ба бар карда, ба сӯйи базмгоҳи асосӣ мешитобиданд. Онҳо бо худ ҳар гуна анвои хӯрданӣ оварда, ба рӯи дастурхони наврӯзӣ мегузоранд. Дар ин муддат садои мусиқии фораму руҳнавоз баланд гашта, базми рақсу суруд оғоз меёбад. Дар ҳавои таронаҳои дилчасп, сурудҳои шӯхи овозхонони моҳир паричеҳраҳои деҳа, хурду калон, мӯйсафедону занҳои солдида ба рақс медароянд. Ромишгарону мутрибон, овозхону раққосон ва базлагӯю масхарабоз аз ҷое даъват нашудаанд, ҳунарпешагони деҳаи худамон ҳастанд.

Баъдан, сабқати бозиҳои наврӯзӣ — бандкашӣ, бузкашӣ, гӯштигирӣ, хурӯсҷангу кабкҷанг оғоз мегардад ва одамон онро бошавқ тамошо мекунанд. Ҳамин тавр, таҷлили ин ҷашни таърихию миллӣ дар деҳаи мо ҳамеша ҷолиб, руҳбахш ва дилчаспу хотирмон мегузарад.

Имрӯз халқи тоҷик ҷашни Наврӯзро ҳамчун мероси арзишманд, иди муқаддаси гузаштагон, ҷашни якдилию дӯстӣ, покию зебоӣ, эҳёи табиат ва оғози киштукори баҳорӣ дар фазои сулҳу осоиш мутантану бошукӯҳ истиқбол мегирад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!». Оре, мо дар ватани Наврӯз зиндагӣ мекунем ва ҳар субҳи мо бо Наврӯзи мо оғоз мешавад.

Шарифҷон ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»