Наврӯз – чил кунда бисӯз

№ 17.03.2023

Расму оини наврӯзии деҳоти кӯҳистон

Наврӯз ҳангоме оғоз мешавад, ки сардӣ ба поён расида, дар дашту даман гули сияҳгӯш, пудинаву райҳон мерӯянд. Мардуми ноҳияҳои Дарвозу Мӯъминобод, водии Терай, Давлатободу Саричашма Наврӯзро бо шаҳомат ҷашн мегирифтанд.

Ин мақоларо аз рӯи нақли Бобои Ятими 120-сола (деҳаи Навобод), момои Майнаи — 110 сола, Ганҷал Азими — 100 сола (деҳаи Лангурхо-Ғазғарак), Бӣ-Зиннати — 116-сола (деҳаи Ворӣ-Амбрути хам), кампири Марями 104-сола (шаҳри Кӯлоб) ва сарчашмаҳои таърихӣ таҳия намудем.

Рӯзҳои 10-15 моҳи далв (аз 5-ум то 10-уми феврал) баъд аз ҷашни Сада мардони деҳаҳои Чилдухтарон, Ғеш, Момондиён, Лангар, Вағлел, Яхшол, Дифайдон, Тобасанг, Иёол, Гюрвор, Къри Шор, Ғазғарак, Лангурхо, Заранг, Ворӣ, Амбрути хам, Косатарош, Зӯъ, Ҷангалак, Навобод, Урсихо, Туданӣ, Девдор, Себдара, Мишкорон, Ҷилга  Сурхалам маросими «Наврӯз — чил кунда бисӯз» — ро оғоз мекарданд. Онҳо дар Деволбарс, Бедихор, Қабоқ, Калои аспон аз дарахтони заранг,  фарк, сарв, санавбар, сафедор, сиёҳбед, арча ҳезум тайёр мекарданд. Дар лахчаи он растаниҳои шифобахш, аз қабили испанд, зира, зелол, ахма, чоли арча дуд меандохтанд, ки бӯи хуши онҳо ба атроф паҳн мешуд.

Аз болои ин гулхан ҷаҳида, орзуву муроди хешро дархост менамуданд. Ҳамчунин, дар лахчаи оташ кабк, мурғи ҳилолу марҷон ва нахчири сайдшударо кабоб карда,  то субҳ  «Муноҷот» хонда, фалаксароӣ мекарданд. Маросими «Наврӯз -чил кунда бисӯз» то охирин шабҳои моҳи ҳут  (10-20 –уми март) давом меёфт.

Аз рӯзҳои аввали моҳи ҳут (20-22-юми феврал) наврасон маросими «Гулгардонӣ»-ро шурӯъ мекарданд. Онҳо бо сарулибоси идона — тоқии чакан, ҷома ё хилъати зарбофти беқасаб, фута, рӯймоли гулдӯзӣ, шалвори ранга, мӯза (кафши чӯбӣ ё мӯкӣ) дар маросим ҳозир мешуданд.

Баъд аз фурӯ рафтани офтоб онҳо ба ду даста ҷудо шуда, дастаи аввал аз шимол ба ҷануб, дастаи дуюм аз шарқ ба ғарб деҳаро тай мекарданд. Дар дасти ҳар кадом асо, дар нӯги асо гулҳои сиёҳгӯш, зардак (гули наврӯзӣ) ва пудинаву райҳон бо садои най, дафу табл  гулгардонӣ менамуданд. Яке аз суннатҳои ин маросим он буд, ки ҳангоми гул чидан, бӯй кардан ва ба рӯю дида молидани он абёти зеринро замзама мекарданд:

Гул гуфт, ки ман мазҳаби динӣ дорам,

Ҳамроҳи расул ҳамнишинӣ дорам.

Бӯям зи Муҳаммад аст, рангам зи Алӣ,

Меҳри Ҳасану ҳусни Ҳусайнӣ дорам.

Ба деҳа, ки меомаданд, дар назди дарвозаи сокинони он чунин тарона мехонданд.

Дастаи аввал:

Гул гардонем, шохи гул гардонем,

Дар хонаи дӯсти худ мо меҳмонем.

Дастаи дуюм:

Гул ба даст меравад,

Дасти ба даст меравад.

Гул  ба нокас надиҳед,

Гул ба шикаст меравад.

Соҳибхона баъд аз бӯидану ба чашму абрӯ молидани гул ба гулгардонҳо як коса наск, нахӯд, мушунгу лубӣ ё гандуму мош медод. Ба бачагони хурдсол нону ҳалво, кулча ё нахудшӯрак ҳадя мекарданд.

То «Наврӯзи бузург» ё «Наврӯзи  калон» кишоварзон охири чилла  ва аввали моҳи исфанд маросими «Говбаророн»-ро баргузор мекарданд. Пеш аз оғози шудгори рамзӣ бо равғани зағир оши палав, қурутоб, кулчақалама, сӯзма (чалпак) пухта, дастархон меоростанд ва баъд аз он ба шохи барзаговҳо равған молида, заминро 1-2 хат ҷуфт мекарданд.

Духтаракони моҳпайкари деҳаи Ворӣ, Артихам нақши арӯси солро иҷро мекарданд, аз шохаҳои дарахти маҷнунбед ба сар гулчанбар месохтанд. Тибқи маълумоти бостоншиносон, гулчанбар сохтан аз навдаҳои тару маҳини бед таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар миёни мардуми ориёӣ — скифҳо, саккоиҳо маъмулу машҳур буд.

Шаби чоршанбе духтарони деҳаи Ворӣ, Қабоқ, Ауртихам, Кодара  маросими «бахткушоён» баргузор менамуданд. Духтарону занон ба лаби чашмаю хами мазор ба сайри чаман мерафтанд. Бо ҳавои дафу чанг мерақсиданд.

Ба фаро расидани Наврӯз дар мавзеи Терай –  Навобод, Заранг, Лангурҳо, Анҷиркон, Къри Шол, Ворӣ, Ауртихам, Ҷангалак, Урсихо занҳо гирди ҳам омада, ба пухтани суманак оғоз мекарданд. Онҳо суманакҳои танӯрӣ, дегӣ, атолагӣ ва чанголиро ба мардуми деҳа тақсим менамуданд. Дар зарфҳое, ки суманак равон карда мешуданд, ширинӣ, меваи хушк, тутпус (пирқанд), намак ва сафедӣ — пахта ё газвор гузошта бармегардониданд.

Дар айёми Наврӯз дар Дашти Ҷам, Парвор, Ворӣ ва Навобод ҷавони чусту чолокеро «Шаҳи наврӯзӣ» интихоб карда, ба тахти рамзӣ мешинонданд, ки 5 рӯз «ҳукму фармонаш» иҷро мешуд. Дар ин бора Ҳофизи Шерозӣ низ хеле хуб фармуда: «Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ»!

Умуман, ҷашни Наврӯз  дар деҳоти Дашти Ҷам, Терай, Давлатобод бо маросими «Дарвешона», «Наврӯз — чил кунда бисӯз», «Гулгардонӣ», «Бузкашӣ», «Пойгаҳ» ва «Гӯштин» то як моҳ идома меёфт. Наврӯзи бузург беш аз панҷ рӯз идома меёфт ва дар он бозиҳое чун «Ҷанги лагат», «Ало, ҷо ба ҷо маҳкам ҷо!», «Гӯштобонак», «Пайкар», «Хурӯсҷанг» ва «Таккаҷанг» баргузор мегардид.

Ҷашни хуҷастаи Наврӯз аз ҷониби дигар ҷашни дӯстдорону ошиқон аст. Ишқ ба зиндагӣ, ёру бародар, модару хоҳар, боғу бӯстон ва меҳан. Саъдӣ дар ин маврид мегӯяд:

Одаме нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,

Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад ҳатаб аст.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД, 

узви ИЖТ,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон