Наврӯз. Чиро дар бораи он бояд донем?

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

0254f26ee97d6805df124b830bfef28cbdfc23adНаврӯз аз қадимтарин идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин ҷашнро Ҷамшед асос гузошта, он рӯзи аввали Фарвардин баргузор мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор — саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз саршавии киштукор мебошад. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол» низ меноманд.

Наврӯз вожаи рӯҳнавозест, ки аз ҷузъҳои–«нав» ва «рӯз» ташкил шудааст ва мафҳуми «рӯзи нав»- ро дорад, нахустин рӯз ва нахустин моҳи соли хуршедӣ мебошад.  Асли паҳлавии ин вожа «нукруҷ» ё «нугрӯз» будааст.

Дар бораи бузург шумурдани Наврӯз ва муддати дароз боқӣ мондани он дар хотираҳои ориёиҳо ривоятҳои зиёд мавҷуд аст. Дар «Фарҳанги наврӯзӣ» чаҳоршанбеи охири сол, ки ба чаҳоршанбеи сурӣ маъруф аст, ҷойгоҳи махсус дорад. Гӯё ин шаб охирин муҳлат барои омодагӣ ба ҷашнҳои наврӯзӣ аст ва инсонҳо дар ҳар куҷо ки ҳастанд, бояд кӯшиш кунанд дар ин шаб сару либоси худро нав кунанд. Ҳар чиро ки куҳна ва вайрон шудааст, аз хона дур партоянд. Ақидае мавҷуд аст, ки дар Эрони бостон ҷашни сурӣ роиҷ будааст, аммо чаҳоршанберо дар аҳди ислом ба он афзудаанд.

Чаро маҳз чоршанбе маълум нест. Ақидае вуҷуд дорад, ки ин ишорат ба чор фасли сол аст. Сурӣ ба маънои оташ аст. Афрӯхтани оташ дар ин рӯз низ навъе гарм кардани ҷаҳон ва зудудани сармо ва пажмурдагӣ аз тан будааст. Вале дар бисёре аз фарҳангҳои ҷаҳон аз Бобули бостон гирифта, то кишварҳои аврупоӣ маросими афрӯхтани оташ дар поёни фасли бардошти ҳосил мебошад.

Анъанаҳои зиёди наврӯзӣ мавҷуд буданд, ки то имрӯз бисёре аз онҳо нигоҳ дошта шудаанд. Ривоят аст, ки дар замони подшоҳии Ҷамшед найшакар пайдо шудааст. Дар рӯзи Наврӯз Ҷамшед дидааст, ки аз пояи найшакар моеъ мечакад. Ӯ он моеъро чашида, дарҳол фармон додааст, ки аз он қанд тайёр кунанд. Дар рӯзи панҷуми Наврӯз қанд тайёр мешавад ва одамон ба якдигар онро туҳфа мекунанд. Аз ҳамон рӯз расм шудааст, ки одамон дар Наврӯз ба якдигар ширинӣ туҳфа намоянд.

Миёни тоҷикони Мовароуннаҳр аз қадим суннатҳои хоси наврӯзӣ ривоҷ доштанд. Яке аз онҳо ҷамъоварии хайрия барои ниёзмандон буд. Байни мардум мақоле машҳур будааст, ки «Ид зиндониёнро кунад озод!». Дар Наврӯз шоҳон шумораи зиёди зиндониёнро афв мекарданд.

Суннати дигари наврӯзӣ «Ҷуфтбаророн» аст. Мӯйсафеди аз ҳама боэҳтироми маҳалла ба киштукор оғоз мекард ва фотиҳаи хайр медод.

Баъд аз Истиқлолияти давлатии мамлакат Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 24 март рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд. Ин ҷашн аз деҳаи дурдасти кӯҳистон шурӯъ шуда, то маркази мамлакат бо шукӯҳи хос ҷашн гирифта мешавад.

Шарифхон Тиллоев,

шаҳри Кӯлоб