«Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз устураҳои ориёӣ сарчашма мегиранд».
(Аз суханронӣ зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 19 марти соли 2015, шаҳри Душанбе).
«Наврӯз — эҳёи табиат, омадани баҳор ва оғози соли нави суннатии ниёгони мо ба эҳёи неруҳои эҷодию маънавӣ омадани сарчашмаи илҳом ва оғози нақшаҳои наву ҳадафҳои тозаи зиёиёну равшанфикрон қаробату ҳамоҳангие дорад. Яъне, эҳёи табиат рамзан таконе ба неруҳои эҷодию маънавӣ бахшида, бо қудрати ҳаётбахши хеш дилҳоро ба ҷӯш меорад, торҳои илҳомро нохун мезанад ва сеҳри сухану оҳанги тасвири эҷодкоронаро меафзояд».
(Аз суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 26 марти соли 2002, шаҳри Душанбе).
«Мардуми мо чун анъана ба истиқболи Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро тозаву обод мекунад, зеро файзу баракат дар ҷое мерезаду мемонад, ки покизагӣ ва ободӣ бошад. Аз қадим расм шудааст, ки адибон, ровиён, паҳлавонон ва ҳунармандону пазандаҳо ҳунари худро дар сайргоҳҳо ва озмунҳои наврӯзӣ намоиш медиҳанд, зеро пирӯзӣ дар ин айём ифтихори бузург маҳсуб меёбад.
Ва муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврӯз кинаҳоро аз дилҳо берун месозад, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигиранд, ба дармондагону падарон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то дар ғаму андӯҳ набошанд ва Наврӯзро ба хурсандӣ истиқбол намоянд».
(Аз Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз, 20 марти соли 2003, шаҳри Душанбе).
«Ҷовидонии Наврӯз ба ҳайси қадимтарин ҷашни зиндаву пойдори ҷаҳон дар пайванди ногусаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон – зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ ва бахусус камоли маънавии инсон аст. Мо қодирем ба илҳом аз суннати Наврӯз ва корбурди ниҳодҳо ва шеваву василаҳои навини ҳамкорӣ рушди ҳамагонии кишварҳои худ ва сатҳи сифатан нави ҳамкориву ҳамгироиро дар минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ ва тамоми ҳавзаи Наврӯз таъмин намоем».
(Аз суханронӣ дар маросими расмии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, 27 марти соли 2014, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон).
«Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо — ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро, водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан, инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.
(Аз суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд, 22 марти соли 2015).
«Наврӯз ҷашни халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик буда, дар аслу ҷавҳари худ падидаи фаромиллиест, ки аз ягонагии инсон ва табиату кайҳон, инчунин ваҳдати инсоният дарак медиҳад.
Бо дарки ин асл гузаштагони мову шумо заминаҳои ҷаҳонишавии ин ҷашни бузургро ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз мелод гузошта буданд.
(Аз суханронӣ дар таҷлили чорумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, Ҷумҳурии Туркманистон, 21 марти соли 2013).
«Ҳарчанд имрӯз мардуми бештар аз бист кишвари ҷаҳон Наврӯзро ҳамчун иди расмӣ ҷашн мегиранд, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ормону арзишҳои волову ғановатманди он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд. Наврӯз чун «Шоҳнома» достонҳо дорад, ки шарҳу баёни онҳо дар доираи як суханронӣ аз имкон берун аст».
(Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар, 20 марти соли 2012, шаҳри Душанбе).
Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст.
(Аз Паёми табрикӣ дар маросими таҷлили иди Наврӯз, ноҳияи Данғара, 19 марти соли 2010).
Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише падид меояд.
Ҷашни Наврӯз дар тӯли асрҳо дар баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накукориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.
(Аз Паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз, 21 марти соли 2011).
Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад.
(Аз суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, 25 марти соли 2012).