Ин иди бостонӣ,
Чун муждаи ҷавонӣ.
Бахшида шодмонӣ,
Эй дӯст, муждагонӣ.
Наврӯз, Наврӯз,
Наврӯз шуд ҷаҳонӣ.
Ин гуларӯси зебо,
Имрӯз маҳфилоро.
Тасхир карда дунё,
Эй дӯст, муждагонӣ.
Наврӯз, Наврӯз,
Наврӯз шуд ҷаҳонӣ.
Наврӯзи нозпарвар,
Рӯзу шаби баробар.
Шуд ифтихори кишвар,
Эй дӯст, муждагонӣ.
Наврӯз, Наврӯз,
Наврӯз шуд ҷаҳонӣ.
Назокат ОЛИМЗОДА
(Ин сурудро Николай Головчанский оҳанг бастааст)