Наврӯз қудрати рафъ кардани буҳрони экологиро ҳам дорад

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

navruzСаргузашти Наврӯз шабеҳи саргузашти миллати мост. Он ҳамеша мавриди диққати ҷаҳониён будааст. Бо дили пур гуфта метавонем, ки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз кошонаи шоиста ёфт. Агар истиқолият шарофату шаҳомати Наврӯзро эҳё кард, Наврӯз ҳам шуҳрату эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардошт,

Асноду далоиле, ки дар даст дорем, таърихи зиёда аз шашҳазорсола доштани Наврӯзро тасдиқ мекунад.

Наврӯз комилан ҷашни мардумӣ аст. Ҳеҷ рабте на дар пайдоишаш, на дар масири камолоташ ба дине надорад. Мутаассифона, динҳо аз Наврӯз манфиат ҷуста, фоидаи фаровон ҳам гирифтаанд.

Дар даврони истиқлолият шинохти маърифати Наврӯз дақиқ шуд. Осори зиёди пажӯҳишӣ ба нашр расид, ки дар назари мо беҳтарини онҳо монографияҳои М. Ҳазрат­қулов «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол» ва Р. Шаъбонӣ «Одоб ва русуми Наврӯз» ҳастанд.

Гуфтем, ки Наврӯз робитае бо дине надорад. Аммо аз бузургони илму адаби мо ҳам, ки аз ному осори онҳо ифтихор дорем, дар такя ба дин ба ҷисми мубораки Наврӯз зарбаҳои сахте кӯфтаанд. Яке аз онҳо гуфтааст: «агар касе дар Наврӯз гулхан биафрӯзад, ҷомаи нав пӯшад ва касе ӯро бикушад, савоби онро мегирад, ки сад ҳазор кофарро кушта бошад». Ин гуна ситезакорӣ имрӯз ҳам дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мушоҳида мешавад, ки камтар аз амалҳои даҳшатафканиву ифроткорӣ нестанд. Соли гузашта дар фазои бекарони интернет гурӯҳҳое шӯру ғавғо бардоштанд, ки дар рӯзи Наврӯз даступо кӯфтан, шодмониву овозхонӣ комилан ҳаром, куфри маҳз аст ва монанди инҳо…

Аммо тибқи ҳақиқате, ки оби дарёро ҳеҷ ҷонваре гандида наметавонад, ҷилои Наврӯз низ ҳамчунон оламафрӯз мемонад.

Нуктае, ки бисёр ҷолиб аст, дар батни маросими наврӯзӣ эҷод шудани русумест, ки тӯли чаҳор ҳазор сол ҳамоно побарҷост. Яке аз онҳо маросими хонатаконӣ мебошад, ки зарфҳои тарқишу порагӣ пайдокарда аз истифода берун ва шикаста мешаванд. Нисбат ба ин амал гуфта мешавад, ки «дар тарқиши зарфҳо ҷинҳо хона мекунанд, ба рӯҳу ҷону ҷисми одам зарар мерасонанд». Эпидемиология ин ҳақиқатро тасдиқу таъкид мекунад, ки дар тарқиши зарфҳо микробу вирусҳое пайдо мешаванд ва ба сиҳатии инсон зарар мерасонанд. Табиист, ки ин вирусу микробҳо, ки ба чашм дида намешаванд, таъсири манфӣ доранд.

Дар шароити кунунӣ, рушду тараққии саноат ба муҳити зист зарари ҷаҳонӣ мерасонад. Аз ин рӯ, таълимоти экологии фарҳанги наврӯзӣ шоистаи пайравӣ аст. Аз он ҷумла, муносибати одам бо об дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор» ҳам муҳим мебошад.

Дар осори хаттии бостонии тоҷик, аз он ҷумла дар «Ҷовидонхирад» ва «Авасто» аз Наврӯз ёд намешавад. Наврӯзро дар «Бундаҳишн» дар чунин матн меёбем: «Хурдод сарвари солҳову моҳҳову рӯзҳост, (яъне) инро, ки ӯ сарвари ҳама аст. Ӯро (ба) гетӣ об хеш аст. Чунин гӯяд: «Ҳастӣ зоишу парвариши ҳамаи мавҷудоти моддии ҷаҳон аз об асту заминро низ ободонӣ аз ӯст». Агар дар сол нек шояд зистан, ба сабаби Хурдод аст. Чунин гӯяд, ки: «Ҳамаи некӣ чун аз абргарон ба гетӣ ояд, он (ба) Хурдодрӯз (ки) Наврӯз аст, ояд». Бошад, ки гӯяд, ки: «Ҳама рӯз ояд, аммо он рӯз беш ояд». Пайдост, ки агар он рӯз бар тан ҷомаи неку бидоранду бӯи хуш бӯянд… обҳоро баҳр кунанд ва ситоиши гоҳҳои рӯзро, ки Айаранаму Аснайа номанд, анҷом диҳанд. Он сол некуӣ бад-эшон беш расад ва бадиро аз эшон беш дур созад. Ӯ, ки обро ромиш бахшад ё биозорад, он гоҳ, Хурдод (аз) ӯ осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкор Тиру Боду Фарвардин аст. Тир ҳамон Тиштр аст, ки боронварӣ ва парвариши офаридагон кунад. Бод минуи бод аст, ки зеру забари ин заминро фаро гирифтааст ва оберо, ки Тиштр ситонад, (ба) ӯ супорад».

Аз ин пора ба осонӣ мушоҳида мекунем, ки покизагӣ ҳам дар ҷома, ҳам дар хонаву палос барои гузаштагони мо мартабаи бузурге доштааст. Ҷаҳоншиносии бостонии аҷдоди мо хусусияти воқеиву заминӣ дорад. Ҳатто мавзӯъҳои вобаста ба рӯҳоният ва маънавиёт дар пайвастагиву ҳамоҳангӣ бо рӯзгори моддиву маънавии заминӣ шарҳу тафсир меёбанд. Ҷолибтарин нукта ин аст, ки шинохтани табиати зерину баррин — замину осмон аз қиёс ба вуҷуди одам оғоз мешавад. Ин нуктаро муҳаққиқи голандӣ Гупер низ қайд мекунад. Ҷаҳоншиносии ориёиҳои бостон аз шинохти инсон оғоз мешавад. Ин ҷаҳоншиносиро шартан ҷаҳоншиносии «набзгуна» номидан мумкин аст. Шарҳи ин ҷаҳоншиносӣ дар гузориши Ризо Шаъбонӣ чунин меояд: «Табъан инсони асрҳои куҳан мекӯшид, то он ҷо ки мумкини ӯст, доираи замонҳои муқаддасро густариш диҳад ва аз доманаи замонҳои номуқаддас кам кунад. Аммо тақаддуси замонҳои марбут ба набзҳои кайҳонӣ ва табиӣ ба маънои ситоиши ҷанбаи физикии падидаҳои кайҳонӣ ва табиӣ набуд. Инсони асрҳои бостон, ки кайфиёти ҷаҳон ва низоми офаринишро ба қиёс аз худ баргирифта буд, падидаҳои ҷаҳонро дорои ҷону равон меангошт ва он чӣ ӯро ба ситоишу ниёиш вомедошт, таваҷҷуҳ ба рӯҳи ҷаҳон ва ҷони он буд. Ситоиши падидаҳои набзгуна ва пайдоиши ойинҳои сутурги вобаста ба онҳо сабаби эътиқод ба вуҷуди моварои таби онҳо бар асоси муътақидоти динӣ ва имонии инсон буд. Амри эҳсосӣ дар ҷаҳони гиёҳон, таваллуди гиёҳ, боззоии табиат ва нав шудани зиндагист ва на сирфан сабз шудан дона ва ҷавона задани гиёҳ. Ва низ амри эҳсоси дигар – марги гиёҳ аст, на пажмурдани он. Ҳар ҳилоли моҳе таваллуди тозае ва ҳар муҳоқе марге дигар маҳсуб мешуд. Гоҳ гумон мерафт, ки хуршед ҳар рӯз зода мешавад. Бад-ин гуна, табиат жарфо, густариш ва маъное бас васеътар аз он дошт, ки инсони замони мо ағлаб бовар дорад». Ҷаҳонбинии набзгуна ё ритмик, ки ҷаҳони зерину баринро аз қиёс бо вуҷуди одам мешиносад, аз набзи инсон оғоз мешавад, шарҳи ин метод ҳаргиз примитив, содалавҳона нест. Аз назари ҷаҳони органикӣ – набототу ҳайвоноту кайҳон ва ҳатто ҷаҳони ҷамодиёт дар доираи як зарабони муайян сипарӣ мешаванд. Як мисол аз таърихи фоҷиаҳои сироятӣ ин аст, ки дар асри чордаҳ аз вабо дар Аврупо зиёда аз шаст миллион одам аз ин беморӣ мурдаанд.

Дар низоми арзишҳои ориёӣ ростӣ ва покизагӣ дар мартабаи аввал меистанд. Дурӯғ Деви Друҷ номида мешавад. Шакли он бисёр мудҳиш аст: қомати каҷу килеб, дастҳои дарози хунолуд, гӯшҳое монанди бистар, чашмони ташнаи хун. Ростӣ бошад, чунин тасвир мешавад: болобаланд, чашмони равшану меҳрбор, дастони гарму ободкор…

Эҳтирому диққати пайваста ба покизагии муҳити зист ва ҷаҳони ботинии инсон шояд сабаби он шудааст, ки чунин бадбахтиҳои муд­ҳишу бениҳоят, ки аз Аврупо ёдовар шудем, дар ҳавзаи Наврӯз тӯли таърих мушоҳида намешавад.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки Наврӯзи ориёӣ, ки камолаш бениҳоят аст, дар баробари барои инсоният фараҳу нишот, баракату фаровонӣ эҳдо кардан қудрати рафъ кардани буҳрони экологиро ҳам дорад.

Назри ЯЗДОНӢ,

Шоири халқии Тоҷикистон