Наврӯз аз холисии ният ва ормони олӣ падид омадааст

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

navruz-rt-2017Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи гиромитарин ҷашнҳои мардумист, ки решаи он ба даврони бостон мерасад. Наврӯз рамзҳои зиёде дар худ нуҳуфтааст, ки аз қаъри асрҳо гузашта, барои мафкураҳои мухталиф, динҳои гуногун созгор омада, умри беш аз чаҳорҳазорсола дорад.

Садаи XXI-замони табаддулоти ҷадид миёни неру, мафкура, ҷаҳонбинӣ ва тамаддунҳо мебошад. Инсоният аз дастовардҳои азими илму фани имрӯза бархӯрдор гардида, дар пайи ҷустуҷӯйи ҳувияти миллӣ мебошад ва ниёз ба арзишҳои маънавие дорад, ки дархӯри ҷаҳони ботинии ӯ бошанд. Дар радифи таҳаввулоти маънавии инсоният мақоми арзанда пайдо намудани ҷашни бостонии Наврӯз аз бузургӣ ва шаҳомати он шаҳодат медиҳад.

Бинобар таъйиди мадракаҳои таърихӣ Наврӯз дар даврони Ҳахоманишиҳо, дар давлати Мод таҷлил мегардид. Дар замони Ашкониён низ оини наврӯзӣ дар байни мардум ҷашн гирифта мешуданд. Ба мӯҷиби ривоятҳои таърихӣ, ҷашни Наврӯз 6 рӯз идома пайдо мекард ва ҳар рӯз вижагии худро дошт. Дар даврони исломӣ низ ҷашну оини наврӯзӣ моҳият аз даст надодаанд.

Вожаи тоҷикии «наврӯз», ки байни халқҳои арабу турк чун номи ҷашни бостонии мардумӣ кайҳо боз маълум аст, имрӯз чун истилоҳи фарҳангӣ арзишу моҳияти ҷаҳонӣ пайдо намудааст.

Дар қомусномаҳо муҳимтарин нуктае, ки аз Наврӯз ёдоварӣ кардаанд, ин аст: «Рӯзи аввали моҳи фарвардин аст, ки ба таъбири қудамо «расидани офтоб ба нуқтаи аввали ҳамал ва ибтидои баҳор аст».

Тавре маълум аст, 23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди як қатор давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки меросдори ин ҷашн аст, 21 март ҳамчун «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон гардид. Дар суханронии собиқ Дабири кули СММ Пан Ги Мун қайд шудааст: «Аз ҷониби СММ чун рӯзи байналхалқӣ эътироф гардидани Наврӯз дар бораи дарки бештари аҳамияти ин ҷашн на танҳо дар минтақаҳое, ки онро таҷлил менамоянд, балки дар сартосари ҷаҳон шаҳодат медиҳад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аҳамияти ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзро чунин арзёбӣ намуданд: «Аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоиву нафосат ва бедорию заҳмат будааст».

Таърихи чандинҳазорсолаи таҷлили Наврӯз гувоҳӣ аз он медиҳад, ки маросими он аз замонҳои қадим ба инкишофи маънавии шахс мусоидат менамуданд. Тарбияи маънавию ахлоқӣ дар замони имрӯза ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, Наврӯзи оламафрӯз, ки моҳияти беши маънавӣ дорад, имрӯз дар тарбия ва камолоти маънавии инсон нақши назаррасеро гузошта метавонад.

Умри ҷовидонӣ пайдо намудани Наврӯз ба он вобаста аст, ки ҳамоҳангиҳои табииро дар миёни мардум ба вуҷуд меоварад ва дар ҷустуҷӯйи ақида ва арзишҳои муштарак ба фаҳму дарки умум наздик аст ва дар такя бар онҳо ба умум мусоидат мекунад. Дар рӯзгор барои наздиктар кардани дилҳо ва андешаҳои қавму миллатҳо ба якдигар зарурати ҳифзи ин ҷашни куҳан ва ҷаҳонӣ шудани он ба миён омад.

Наврӯз ба назари хос ё таҳмили афкор аз тарафи як гурӯҳ ё миллат бар дигарон вобастагӣ надорад ва ҳеҷ ғояи сиёсӣ ва иқтисодиро тарғиб намекунад. Барои табақаҳо ва қишрҳои гуногун, назди мардуми гуногуннажод новобаста ба рангу пӯст пазируфтанӣ аст. Наврӯз аз рӯзу замон ва ҳол башорат медиҳад, гузаштаро ба оянда мепайвандад, то башарият тасвири аслии худро дар он бубинад ва ба ҳувияти худ ошно шавад.

Наврӯз дар давраи бостон мавриди эҳтиром буда, назди қавмҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ ҷойгоҳи баланд дошт.

Мардуми нимкураи шимолӣ аз Чину Япония то кишварҳои Ғарб бо каме тафовут дар рӯзу ҳафта маросими монанд ба Наврӯз доштаанд, ки бо оғози фасли гармо иртибот доштааст. Ин ба ҷанбаи табиӣ ва ҷашни табиат будани он ишорат мекунад.

Нуктаи муҳими Наврӯз, ки мутааллиқ ба башарият аст, фалсафаи офариниши он аст. Саъю талоши башарият дар асри пешрафтҳои илмию фаннӣ ӯро ба шинохти офариниши ҳама хубию дурустӣ андешаманд месозад ва дар ин раванд Наврӯз рисолати вижаеро бар уҳда дорад.

Нуктаи муҳими ваҳдатофарии Наврӯз робитаи он бо табиат мебошад. Фалсафаи табиати Наврӯз бо фалсафаи офариниши он иртибот мегирад. Аз ин рӯ, баъзе маросиме, ки ба муҳити зист вобастаанд, дар миёни ҷомеаи гуногуни башарӣ муштараканд. Дар асри пешрафтҳои фаннӣ масоили табиат ва муҳити зист низ аҳамияти умумибашарӣ пайдо намуд. Наврӯз дар самти ҳифзи табиат ва мушкилоти муҳити зист оин ва суннатҳоеро дар тӯли таърих падид овардааст, ки дар манотиқи гуногун бо тарзҳои мухталиф ба ҷо оварда мешаванд.

Рамзҳои наврӯзӣ, ки покӣ ва тандурустӣ, шодкомӣ, баракат ва фаровонӣ, эҳёи табиат ва сарсабзию хуррамиро тарғиб мекунанд, ҷовидонианд. Моро зарур аст, ки суннат ва ғояҳои наврӯзиро аз гарди асотирӣ ва осорхонагӣ пок намуда, арзишҳои ҳаётбахши онро баҳри тафаккури нави муттаҳидсоз ва ташаккули ахлоқи пок мавриди истифода қарор диҳем. Зеро ғояҳои башардӯстонаи Наврӯз дар шароити имрӯза ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва зеҳнии инсон мусоидат мекунанд.

Назрӣ ОФАРИДАЕВ,

доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев