Наврӯзи дигар

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Ишқ омад, ишқи Наврӯзи дигар,

Оташи меҳри дилафрӯзи дигар.

 

Гар ту мехоҳӣ биёбӣ хешро,

Пар бикаш аз сина бо сӯзи дигар.

 

Аз Хуросони дили худ сар бидеҳ,

Шуълаи рӯзи худафрӯзи дигар.

 

Лона дорад мурғ дар шохи баланд,

То бубинад чеҳраи рӯзи дигар.

 

Дар бағал хуршед Помир мерасад,

Рустами дастону пирӯзи дигар.

 

Мешавад ғарқи табассум осмон,

Аз шарори нури ғамсӯзи дигар.

 

Бо баҳору бо нигору бо хумор,

Ишқ ояд, ишқи Наврӯзи дигар.

ВОРИС, «Садои мардум»