Наврӯз, эй баҳори муҳаббат висоли ту,
Рангин бувад чу суфраи гулҳо хаёли ту.
Дар субҳи ту сапедии бахти шукуфаҳост,
Дар ҷоми ғунчаҳост шароби зулоли ту.
Наврӯз, эй таровати дунёи хушгувор,
Дар лаҳни туст замзамаи поки чашмасор.
Номи туро навишт Худованд аз азал,
Дар саҳфаҳои тозаву пурнакҳати баҳор.
Наврӯз, эй ҳадиси хуши ровии ҳаёт,
Дар ҳарфи туст пайки сафоофари нишот.
Бо рӯи сурх оварӣ бар мо умеди бахт,
Бо дасти сабз медиҳӣ аз чоҳи ғам наҷот.
Наврӯз, эй аниси қарини баҳори сабз,
Лабрези файз бод туро кӯлбори сабз.
Дар шохаҳои меҳри ту гул мекунад умед,
Сарсабз бахти мо бикунӣ дар диёри сабз.
Наврӯзи меҳртоҷ, фурӯғи ҷаҳон туӣ,
Чун ман ҳазор пир шавӣ ҳам, ҷавон туӣ.
Ин умри мо чу шабнами рухсораи гул аст,
Бо офтоби ханда ба лаб ҷовидон туӣ.
Наврӯз, ҳиммати ту ҷаҳонро такон диҳад,
Дай ҷони худ барои рухат армуғон диҳад,
Хуршеди зарфишон ба сари туст ҷоннисор,
То бо ҳазор рангу нумӯят амон диҳад.
Наврӯз, ин шукӯҳу фарат ифтихори мост,
Пайванд бо сулолаи нурат табори мост.
Мо бо ту ҳамтанем, туӣ ҳамватан ба мо,
К-ин сарзамини хайру саховат диёри мост.
Рудобаи Мукаррам